23:23:41 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

"НОНОВАРОН" БЕШТАР АЗ БУҶАИ ТОҶИКИСТОН ПУЛ ФИРИСТОДААНД

Бонки марказии Русия гуфта, ки дар соли 2011 аз ин кишвар ба Тоҷикистон 3 миллиард $ интиқол шудааст. Тоҷикистон, бино ба омори нашрнамудаи мақомоти Русия, баъд аз Узбакистон дувумин кишвари пасошӯравист, ки бештарин мизони интиқоли пул ба он сурат гирифтааст.

/images/stories/2012/04/10_flag-russia-1012.jpgДар ҳамин ҳол, масъулони Бонки миллии Тоҷикистон низ мегӯянд, бино ба нишондодҳо, интиқоли пул дар соли 2011 афзудааст. Аммо маълумоти оморӣ дар ҳоли таҳия шудан аст ва шумора ё дарсади дақиқе оварда намешавад. Вале бино ба омори Бонки марказии Русия, дар соли 2011 мизони интиқоли воситаҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 36 дарсад (фоиз) афзоиш доштааст.

Дар соли 2011 буҷаи Тоҷикистон 1 миллиарду 720 млн долларро ташкил дод ва буҷаи имсолаи кишвар ба 2 миллиарду 177 млн доллар баробар аст. Дар соли 2008 мизони интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 2 милларду 600 миллион долларро ташкил медод. Аммо ин нишондод дар соли 2009 бино ба далели бӯҳрони молии ҷаҳонӣ коҳиш ёфт ва ҳудуди 1 миллиарду 800 миллион долларро ташкил кард. Аммо дар соли 2010 дубора интиқоли пул афзоиш ёфт ва ҳудуди 2 милларду 300 миллионро ташкил дод.

Бино ба омори расмӣ, ҳудуди як миллион ва бино ба омори манобеи мустақил бештар аз он шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳайси муҳоҷири корӣ Русия ба сар мебаранд ва манбаи аслии таъмини хонаводаҳо дар Тоҷикистон мебошанд. Бино ба маълумоти созмонҳои молии байналмилалӣ, ҳудуди 80 дарсади сокинони Тоҷикистон аз Русия пул дарёфт мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi