18:42:46 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГАЗИ МОЕЪ ҶОИ БЕНЗИНРО МЕГИРАД

Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар мегӯянд, афзоши воридоти гази моеъ талаботи Тоҷикистонро ба дигар намуди сӯзишворӣ кам кардааст.

/images/stories/2012/08/03_zapravka-gaz-030812.jpgТавре аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, ҳоло талабот ба бензин мисли пештара набуда, ҷой онро гази моеъ гирифтааст. Бино ба иттилои манбаъ, имсол ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа дар ҳаҷми 68,4 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 баробар зиёд мебошад: «Дар нимсолаи аввали соли гузашта ба кишвар ҳамаги 14 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуда буд. Яъне  имсол ҳудуди 54 ҳазор тонна зиёд ворид шудааст».

Гази моеъ, ки истифодааш дар Тоҷикистон давоми ду соли ахир босуръат зиёд шудааст, аз рӯи маълумоти Вазорати энергетика ва саноат, айни ҳол дар бозорҳои кишвар нархаш арзон шудааст. Манбаъ мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон як литр гази моеъ 2 сомону 50 дирам, 2 сомону 60 дирамро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2011-ум 50% арзон шудааст.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi