11:10:05 09-уми Майи 2025 сол

АРЗИШИ БЕНЗИН ВА ГАЗ БАЪД АЗ ИНТИҚОДИ УБАЙДУЛЛОЕВ КОҲИШ ЁФТ

 

Тибқи супориши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе нархи бензин ва газ дар нуқтаҳои фурӯши сузишвории пойтахт арзон шуд. Феълан арзиши 1 литр бензини навъи 92 да шаҳри Душанбе 6 сомонӣ ва гази моеъ бошад 2 сомону 30 дирамро ташкил медиҳад.

/images/stories/2012/08/08_etil_benzin-080812.jpgИн дар ҳолест, ки ду рӯз қабл дар Душанбе муштариён як литр бензни навъи 92-ро бо арзиши 6 сомону 40 дирам ва газро 2 сомону 50 дирам дастрас менамуданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқоти навбатиаш бо соҳибкорону тоҷирон масъулини ширкатҳои сӯзишвориро аз қабили «Газпром» ва «Умед 88»-ро таъкид кард, ки як литр бензини навъи 92-ро бо арзиши на бештар аз 6 сомонӣ ва гази моеъро бошад бо нархи 2 сомону 20 дирам ба фурӯш гузоранд.

Раиси шаҳри Душанбе масъулини ширкатҳои воридкунандаи сӯзишвориро барои баланд бардоштани арзиши сӯзишворӣ интиқод намуда, роҳбарияти онҳоро бемасъулият унвон кард.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ