00:08:35 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАСЛИМИ ШУДАНИ БАРОДАР ВА РОНАНДАИ ТОЛИБ АЙЁМБЕКОВ

Ба иттилои як манбаъ дар РКД Бадахшон, ду тан аз гумонбарон дар қатли генерал Абдулло Назаров ба мақомот таслим шудаанд.

/images/stories/2012/08/10_tolib-ayombekov-100812.jpgИн манбаи баландмақом рӯзи ҷумъаи 10-уми август ба мо гуфт, ки таслими Оқил Айёмбеков, бародари Толиб Айёмбеков ва Ҳамза Гулназар, ронандаи Толиб Айёмбеков дар пайи музокироти намояндагони давлат ва раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ бо миёнҷигарии гурӯҳи 20-нафарӣ ба даст омадааст.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки музокирот барои таслим кардани ду тани дигар аз афроди гумонбар дар қатли генерал Абдулло Назаров ҷараён дорад ва имкони таслими онҳо низ вуҷуд дорад.

Аммо бо ин ҳам, манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон гуфт, ки музокирот миёни намояндагони давлат ва раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ ба таври мустақим анҷом намешавад, балки аъзои гурӯҳи 20-нафарӣ дар баргузории ин гуна музокирот саҳм доранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ин манбаъ мегӯяд, маҳалли будубоши Толиб Айёмбеков мушаххас нест, аммо ду фармондеҳи дигар - Имумназар Имумназаров ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар шаҳри Хоруғ ба сар мебаранд.

Таслими ду тан аз гумонбарон дар қатли генерал Абдулло Назаров дар ҳолест, ки то кунун сӯҳбат аз даст доштани чор тан, ба хусус бародари Толиб Айёмбеков дар ҳодисаи куштори ин мақоми Кумитаи амнияти миллӣ дар таърихи 21-уми июл аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi