00:32:37 04-уми Июни 2025 сол

4 соли зиндон барои фурӯши "бангдона" ба низомиёни рус

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб як ҷавони 26-соларо барои фурӯши маводи мухаддир ба низомиёни рус, барои 4 сол равонаи зиндон кардааст. Масъулони додгоҳи шаҳри Кӯлоб рӯзи душанбе 6-уми май зимни таъйиди ин хабар ба мо гуфтанд, ки «Ҷумъахон Сайдамирхонов, сокини шаҳри Кулоб,  соли таваллуд 1987, бо моддаи 200 қисми 2, барои фурӯши маводи мухаддир ба миқдори кам ба 4 соли зиндон маҳкум гардид.»

army-russia-06052013Ба гуфтаи ин масъулон, таҳқиқи додгоҳ собит кардааст, ки Ҷумъахон муддати се соли ахир бо бархе аз низомиёни пойгоҳи 201 дар маркази шаҳри Кӯлоб муомила дошта ва ба онҳо дар қуттиҳои гӯгирд маводи мухаддири навъи «бангдона» мефурӯхтааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки кормандони пулис ин ҷавонро дар яку ним моҳи пеш дар пушти дарвозаи пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб боздошт ва аз ӯ қуттиҳои гӯгирдро, ки бангдона доштааст, кашфу мусодира кардаанд, ки болои қуттиҳо «Это Вам» навишта шуда будааст.

Муфаттишони Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, дар ҷараёни пурсиш ин ҷавон иқрор шудааст, ки ӯ ҳамчун устои таъмири пойафзол вориди қисми низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб шуда ва ба сарбозони рус маводи мухаддир мефурӯхтааст.

Бо он, ки додгоҳ нисбати ин ҷавон ҳукми зиндонро эълон кард ва ӯро дар муомила бо бархе аз низомиёни пойгоҳи 201 дар шаҳри Кӯлоб муҷрим шинохтааст, аммо масъулони ин пойгоҳ то ҳол назари худро баён накардаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854