16:05:15 01-уми Июни 2025 сол

Омина Афзалӣ: «Занони Афғонистон намегузоранд мутаассибон боз ба сари қудрат биёянд»

21-уми май, бо ибтикори Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси ниёгони АИ Тоҷикистон мулоқоти аъзои раёсати ин Анҷуман бо Омина Афзалӣ, вазири кор, умури иҷтимоӣ, шуҳадо ва маълулини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.

2.omina afzaliИн дидорбиниро раиси Анҷуман Қосимшо Искандаров, доктори илмҳои таърих, бо сухани муқаддимавӣ ҳусни матлаъ бахшид. Хонум Омина Афзалӣ дар бораи мавқеъ ва нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии имрӯзи Афғонистон ба ҳозирин иттилои муфиде дод. Ӯ азҷумла иброз дошт, ки занони Афғонистон баъди аз сари қудрат рафтани толибон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ин кишвар нақши муҳимеро иҷро мекунанд.

Барои мисол ӯ гуфт, ки аз се яки аъзои Парлумони кунунии Афғонистон-Луи Ҷиргаро имрӯз занони Афғонистон ташкил медиҳанд. Дар ҳукумати Ҳомид Карзай чандин нафар занон ба ҳайси вазири ин ва ё он вазоратхона ифои вазифа намудаанд ва ҳоло ҳам дар ин вазифаҳо кор мекунанд. Дар соҳаҳои маориф ва сиҳҳати омма аксари мутахассисинро занон ташкил медиҳанд.

АКСҲО АЗ АНҶУМАНИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

Дар посух ба суолҳои ҳозирин Омина Афзалӣ афзуд, ки ӯ мӯътақид аст вазъи Афғонистон баъди хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз ин кишвар чандон тағйир нахоҳад кард. Мардум дигар роҳ нахоҳанд дод, ки  бесарусомониҳову беназмиҳо боз ба кишварашон баргарданд. Махсусан занон азми қотеъ доранд, ки нагузоранд нирӯҳои мутаассиб боз ба сари қудрат биёянд.

Дар ин мулоқот афғонистоншиносони маъруфи тоҷик Сайфуллоҳ Саидов, Савлатшоҳ Мерганов хотираҳои худро аз солҳои дар Афғонистон кору фаъолият карданашон ба меҳмон ва ҳозирин қисса карданд.

Бежани Салҷуқӣ, атташеи фарҳангии сафорати ҶИА дар Тоҷикистон ва Довуди Иброҳимхел, мусташори Сафорати ҶИА дар Тоҷикистон дар ин вохӯрӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854