00:05:32 03-уми Июни 2025 сол

Раиси ҲНИТ дар Кӯлобро 2 000 сомонӣ ҷарима бастанд

Додгоҳи Кӯлоб раиси бахши шаҳрии ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) дар ин шаҳрро 2 ҳазор сомонӣҷарима кард.

logo-nahzat 28052013Додгоҳ Абдусамад Ғайратовро дар вайрон кардани моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҷалби ноболиғон ба маросимҳои динӣ ва моддаи 13-и қонуни танзими расму оин гунаҳкор донистааст. Маҳмадшариф Набиев, раиси ин ҳизб дар минтақаи Кӯлоб ба мо гуфт, онҳо ҳукми додгоҳро ноодилона дониста, аз он ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд. Абдусамад Ғайратов мегӯяд, ӯро ба он гунаҳкор мекунанд, ки гӯё бидуни мувофиқа ва хилофи қонун мавлуди Паёмбари исломро бо иштироки бонувону ноболиғон баргузор кардааст.

“Мо аслан мавлуд нагузаронидем, балки ин як семинар буд, ки нақшааш як сол пеш бо раёсати ҳизб мувофиқа шуда буд. Семинар дар мавзӯъи «Муҳаммад (с) раҳмати оламиён аст» ном дошт ва дар рӯзи истироҳат бояд гузаронида мешуд. Ин рафтори мо хилофи қонун набуд, аммо мо инро нобоварӣ ба фаъолияти шаффофу қонунӣ ва фишори ҳамаҷониба ба худ медонем,”- гуфт оқои Ғайратов.

Ин чорабинии бахши шаҳрии ҲНИТ дар Кӯлоб 10-уми феврали соли равон бояд доир мешуд, аммо кормандони умури дохила монеъи баргузориаш шуданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854