АБДУЛЛОҲ ИНТИХОБОТРО ТАҲРИМ МЕКУНАД
Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби Ҳомид Карзай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, қасд дорад саҳнаи даври дувуми интихоботро тарк кунад. Аҳмад Валӣ Масъуд, як мушовири аршади оқои Абдуллоҳ, ба Би-би-сӣ гуфтааст нигаронӣ аз ин ки бори дигар ба андозаи даври аввал дар раъйгирӣ тақаллуб рух диҳад, ӯро маҷбур ба канорагирӣ мекунад. Ҳанӯз ин масъала ба таври қатъӣ аз сӯйи оқои Абдуллоҳ эълом нашудааст.
Оқои Абдуллоҳ хостори барканории раиси Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон шудааст, аммо оқои Карзай ин хостаро рад кардааст. Иқдоми Кумисиюни шикоятҳои интихоботӣ, ки таҳти ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, боъис шуд орои оқои Карзай дар даври аввали интихобот ба камтар аз марзи пирӯзӣ (50 дарсад ба иловаи як) коҳиш ёбад ва интихоботи раиси ҷумҳури ҷадиди Афғонистон ба даври дувум кашида шавад.
Андру Нурс, гузоришгари Би-би-сӣ дар Кобул, мегӯяд дар Кобул шоеъа дар бораи канорагирии рақиби Ҳомид Карзай дар интихоботи 07 ноябр пахш шудааст. Ҳарчанд ин шоеъа таъйид нашуда, аммо оқои Абдуллоҳ рӯзи шанбеи 31 октябр (9 обонмоҳ)-ро ба унвони зарбулаҷал барои пазириши "шартҳои ҳадди ақаллӣ"-и худ ҷиҳати баргузории интихоботе одилона ва озод эълом карда буд.
Ӯ аз ҷумла хостори таътилии бархе аз шӯъбаҳои раъйгирӣ ва барканории Азизуллоҳи Лудин, раиси Кумисиюни мустақилли интихобот, шуда буд. Оқои Абдуллоҳ, ки дар гузашта симати вазири хориҷаи Афғонистонро низ ба уҳда доштааст, оқои Лудинро "беэътибор" хонд, аммо оқои Лудин иттиҳомҳоро дар бораи ин ки ӯ аз Ҳомид Карзай ҳимоят мекунад, рад кардааст.
Аҳмад Валӣ Масъуд гуфт оқои Абдуллоҳ аз ин ки ҳеч иқдоме барои бартараф шудани мушкилоти низоми интихоботӣ сурат нагирифта, нохушнуд аст. Ӯ ба Би-би-сӣ гуфт: "Ҳақиқат ин аст, ки зерсохт ва заминаи тақаллуб ҳануз вуҷуд дорад. Тақрибан 1,5 милюн раъй дасткорӣ шуд. Аммо чизе тағйир накардааст."
Ӯ афзуд: "Дар натиҷа, агар даври дувуми интихобот ҳам баргузор шавад, дубора ҳамон иттифоқот рух хоҳад дод. Аз ин рӯ, фикр намекунам мо мойил ба ширкат дар интихобот бошем." Бархе аз шахсиятҳои наздик ба оқои Абдуллоҳ ба хабаргузории Оссушиэйтид Пресс гуфтаанд эҳтимолан баёнияе дар ин замина дар рӯзи шанбе ё ба эҳтимоли бештар дар рӯзи якшанбе содир хоҳад шуд.
Пештар Кумисиюни мустақилли интихобот эълом карда буд, ки қасд дорад дар даври дувуми интихобот аз 6322 шӯъбаи раъйгирӣ истифода кунад, ки ин теъдод, аз шумори шӯъбаҳои мавриди истифода дар даври аввал фаротар меравад.
Ин дар ҳолест, ки Кумисиюни шикоятҳои интихоботӣ тавсия карда буд шумори шӯъбаҳои раъйгирӣ аз 6000 ба 5800 шӯъба коҳиш ёбад, то итминон ҳосил шавад, ки нозирони кофӣ барои маҳдуд сохтани тақаллуб ва сарбозони кофӣ барои тазмини амнияти интихобот вуҷуд дошта бошад.
Би-Би-Си