АБДУЛЛОҲ АЗ ШИРКАТ ДАР ИНТИХОБОТ ДАСТ КАШИД
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби президент Карзай дар интихобот гуфт, азбаски талабҳои ӯ барои як интихоботи одилона иҷро нашуданд, дар сабқат ширкат намекунад. Вай дар назди тӯдаи ҷонибдоронаш дар шаҳри Кобул гуфт, «дар эътироз ба амалкарди нодурусти ҳукумат ва кумиссиюни интихобот, дар интихоботи 7-уми ноябр ширкат намекунам».
Абдуллоҳи Абдуллоҳ гуфт, чунин тасмимгирӣ барояш душвор буд, аммо намехоҳад, дар даври дувуми интихоботе ширкат кунад, ки низ саршори хилофкориҳо хоҳад буд. Вай аз мардуми Афғонистон даъват кард, ки натиҷаҳои интихоботи президентӣ бо раҳбарии кумиссиюни феълии интихоботиро қабул накунанд. Қаблан оқои Абдуллоҳ дар як нишасти хабарӣ феҳрасти шароити ҳадди аққали лозим барои баргузории як интихоботи мунсифонаро номбар карда, хостори истеъфои раиси куммиссиюни интихоботи кишвар шуда буд.
Сухангӯи Ҳомиди Карзай, номзади дуввум ва аслӣ дар интихоботи президентии Афғонистон, изҳороти Абдуллоҳи Абдуллоҳро «бисёр таассуфовар» номидааст ва гуфтааст, новобаста аз ин тасмим интихобот бояд тибқи нақша баргузор шавад. Даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар таърихи 20 август ҳамроҳ бо тақаллуби фаровон гузашт.
Комиссиюни шикоятҳои СММ пас аз таҳқиқи раванди интихобот гузорише интишор кард, ки тибқи он, дар 210 ҳавзаи интихоботӣ тақаллуби зиёд ба назар расидааст. Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон ҳамаи баргаҳои раъйи ин ҳавзаҳоро бекор донист ва даври дуввуми интихобот дар таърихи 7 ноябрро таъин кард.
«Озодӣ»