22:26:15 05-уми Июни 2025 сол

САНҶАР УМАРОВ АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД

Санҷар Умаров, раҳбари гурӯҳи мавсум ба "Узбакистони офтобӣ", аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Ӯзбакистон, ки додгоҳ ӯро ба иртикоби пулшӯӣ ва напардохтани молиёт ба даҳ соли зиндон маҳкум карда буд, аз зиндон озод шудааст.

Гуфта мешавад оқои Умаров баъд аз зуҳри рӯзи шанбе, 7 ноябр аз зиндон озод шудааст. Нодира Ҳидоятова, аз афроди наздик ба оқои Умаров ба бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ гуфтааст, ӯ ҳоло дар миёни ҷамъи дӯстони худ аст ва вазъи саломати ӯ хуб аст. Хонуми Ҳидоятова ба савол дар бораи ин ки оё заминаи озодии оқои Умаров, чӣ буда, гуфтааст эҳтимолан вай мавриди авф қарор гирифтааст аммо ҷузъиёти дигаре ироа накардааст.

Гузоришҳо ҳокӣ аз он буд, ки вазъи саломати ин мухолифи давлати Ӯзбакистон дар зиндон нигаронкунанда аст ва тарафдорони ӯ борҳо аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ хоста буданд, ки барои озодии ӯ аз зиндон кумак кунанд.

Дар пайи инқилобҳои рангин дар Гурҷистон, Укройн ва Қирғизистон Санҷар Умаров, аз тоҷирони муваффақ дар Узбакистон эътилофи "Ӯзбакистони офтобӣ" ро таъсис дод ва аз давлат хост то ислоҳоти бештареро дар роҳи демукротиза кардани кишвар анҷом диҳад.

Баъд аз саркӯбии муътаризин дар тазоҳуроти шаҳри Андиҷон тавассути нерӯҳои давлат дар моҳи майи соли 2005, ки ба гуфтаи манобеъи мустақил беш аз 700 нафар кушта бар ҷой гузошт, алайҳи Санҷар Умаров ба иттиҳоми напардохтани молиёт ва пулшӯи парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва дар соли 2006 ӯ ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд.

Санҷар Умаров аз давлати Ӯзабкистон нисбати шеваи бархурд бо муътаризин дар шаҳри Андиҷон интиқод карда буд. Оқои Умаров ин иттиҳомотро пайваста рад карда ва гуфтааст ин иттиҳомот ба далели фаъолиятҳои сиёсӣ ба ӯ ворид шудааст.

Баъд аз саркӯбии тазоҳуроти Андиҷон ва интиқоди шадиди кишварҳои ғарбӣ аз амалкарди давлат нисбати муътаризин равобити Ӯзбакистон бо ин кишварҳо тира шуд ва давраи сардии равобити ду ҷонибро оқои Умаров дар зиндон сипарӣ кард.

Ахиран давлати Ӯзбакистон бо соири кишварҳои Осиёи Марказӣ барои интиқоли тадорукоти кишварҳои ғарбӣ ба Афғонистон аз тариқи қаламрави худ изҳори омодагӣ кард ва ба дунболи ин омодагӣ дар равобити Узбакистон бо Омрико ва мутаффиқини урупоиаш навъе гармӣ оғоз шуд. Дар моҳи гузашта Иттиҳодияи Урупо таҳримҳо алайҳи Узбакистонро, ки ба далели саркашии мақомоти он аз таҳқиқи мустақили ҳаводиси Андиҷон вазъ шуда буд, лағв кард.

Узбакистон, кишвари дорои манобеъи саршори нафту гоз ва маъодин аз замони Иттиҳоди Шуравӣ, ки Узбакистон ҷузъе аз он буд, тавассути Ислом Каримов, раиси ҷумҳурӣ феълӣ идора мешавад.

Сиёсатҳои оқои Каримов ҳамвора ба делели он чӣ худкомагӣ дар умур хонда шуда мавриди интиқоди созмонҳои байналмилаллии дифоъи ҳуқуқи башар будааст ва наздикии кишварҳои ғарбӣ бо давлати ӯ аз суи мудофеъини ҳуқуқи башар мавриди накуҳиш қарор гирифтааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854