ҲУШДОРИ ҲИЛЛОРИ КЛИНТОН БА КАРЗАЙ
Ҳилорӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико мегӯяд, Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон метавонад беҳтар аз ин амал кунад. Хонуми Клинтон, ки дар як барномаи гуфтугӯи телевизиюнии Амрико суҳбат мекард ҳушдор дод, то ҳангоме ки Ҳомиди Карзай ва вазиронаш посухгӯ набошанд, Амрико аз кумакҳои ғайринизомии бештар ба Афғонистон худдорӣ хоҳад кард.
Ҳиллори Клинтон гуфт, мехоҳад дар мавриди ин ки давлати Афғонистон дар тамоми сутуҳ ба эҳтиёҷоти мардум вокуниш нишон дода ва хадамоти мавриди ниёзи ононро фароҳам мекунад, шавоҳиди малмусеро мушоҳида кунад. Вай ҳамчунин гуфт ба эътиқоди ӯ давлати Амрико метавонад Амрикоиҳоро мутақоъид кунад, ки метавон аз ҷанг дар Афғонистон пирӯз берун омад. Ҳилори Клинтон ахиран гуфта буд, ки оқои Карзай дар даври дувуми раёсати ҷумҳурии худ бояд ба фасоди давлатӣ расидагӣ кунад ва наҳваи идораи умури кишварро беҳбуд бахшад.
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Амрико ҳам таъкид кардааст, ки оқои Карзай бояд ҷиддияти худ дар муқобала бо фасодро дар амал нишон диҳад. Ин изҳорот дар ҳолест, ки додситони кулли Афғонистон гуфтааст, ки таҳқиқот дар бораи иттиҳоми иртиботи шуморе аз аъзои кунунии кобинаи Афғонистон бо фасод такмил шудааст.
Хабари такмили парвандаи фасод алайҳи мақомҳои баландпояи Афғонистон дар ҳоле гузориш шуда, ки кишварҳои кумаккунанда ба Афғонистон давлати ин кишварро таҳти фишори шадид қарор додаанд то мубориза бо фасодро шиддат бахшад. Гурдун Броун, нахуствазири Бритониё кумакҳои байналмиллалӣ ба Афғонистонро бо мизони пешрафти давлати ин кишвар дар муқобала бо фасод муртабит дониста аст.
Би-Би-Си