ОБАМА ВА МЕДВЕДЕВ БА ЭРОН ҲУШДОР ДОДАНД
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба Эрон ҳушдор додаанд, ки замон барои ҳалли муноқишаи ҳастаии Эрон дар ҳоли аз даст рафтан аст. Руасои ҷумҳури Русия ва Амрико дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиё - Уқёнусия дар Сангопур дидор карданд.
Оқои Обама гуфт ин мояи таассуф аст, ки Эрон ҳанӯз қодир нест ба он чӣ ӯ тарҳи халлоқонаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои костани нигарониҳо дар бораи моҳияти барномаи ҳастаии Эрон хонд, посухи мусбат бидиҳад. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия низ гуфт, ки Эрон мутақоъид шавад урониюми ғанишудаи худро барои табдил ба сӯхти ҳастаӣ ба Русия бифиристад. Раиси ҷумҳури Русия ҳушдор дод, дар сурате ки пешрафте дар ин замина ба даст наояд, роҳҳои дигаре мадди назар қарор хоҳад гирифт.
Оқои Медведев мушаххас накарда, ки чӣ абзоре мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, аммо таҳлилгарон мегӯянд эҳтимол дорад таҳримҳои сифту сахттаре алайҳи Эрон вазъ шавад. Раиси ҷумҳури Русия дар суханони худ гуфтааст: "Ҳадафи мо рӯшан аст, як барномаи ҳастаии ошкор ва шаффоф ба ҷои барномае, ки мояи ҳассосият ва нигаронии сойирин шавад."
Русия ва Фаронса пешниҳод додаанд, ки урониюми ғанишудаи Эронро дарёфт карда ва сӯхти ҳастаӣ таҳвили Эрон диҳанд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ аст, иттиҳоме ки Эрон онро рад мекунад. Ин кишвар мегӯяд барномаи ҳастаияш мақосиди сулҳомез дорад.
Тибқи тарҳе, ки Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ ироа карда ва Русия, Амрико ва Фаронса аз он ҳимоят кардаанд, Эрон 1200 килугром урониюми бо ғилзати пойини (ҳафтуду панҷ дарсад урониюми тавлидӣ) худро то поёни соли ҷорӣ ба Русия бифиристад, то бештар ғанисозӣ шавад. Урониюми ғанишуда то хулуси мавриди назар сипас ба Фаронса ирсол ва маҳсули ниҳоии он ба шакли лулаҳои сӯхт, ки танҳо қобили корбурд дар реоктури Теҳрон хоҳад буд, дар ихтиёри Эрон қарор хоҳад гирифт.
Эрон расман посухе ба ин тарҳ надода, аммо бархе намояндагони маҷлис (порлумон) ва мақомҳои давлатӣ ишколоте фаннӣ ва иқтисодӣ нисбат ба ин тарҳ матраҳ кардаанд.
Амрико ва Фаронса аз вазъи таҳримҳои шадидтар алайҳи Эрон ҳимоят мекунанд, аммо Русия ва Чин то кунун бо ин масъала чандон ҳамроҳӣ нишон надодаанд. Бархе таҳлилгарон мегӯянд агар Шурои Амният натавонад дар мавриди таҳримҳои ҷадид пас аз итмоми муҳлати Эрон ба тавофуқ бирасад, эҳтимол дорад Иттиҳодияи Урупо раъсан таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Эрон ба иҷро бигзорад.
Би-Би-Си