03:19:46 04-уми Июни 2025 сол

ИЛҲОМ АЛИЕВ АРМАНИСТОНРО ТАҲДИД КАРД

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ҳушдор дода, ки кишвараш барои пас гирифтани мантақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ аз Арманистон ҳозир ба истифода аз зӯр аст.

 

Ин бори аввал нест, ки раиси ҷумҳурии Озарбойҷон барои бозпас гирифтани Қарабоғ таҳдид ба истифода аз нерӯи низомӣ мекунад. Агарчи хабарнигори Би-би-сӣ дар Қафқоз мегӯяд оқои Алиев ин бор лаҳни тундтаре дар пеш гирифтааст. Оқои Алиев, ки дар телевизиюни давлатии Озарбойҷон сухан мегуфт, афзуд дар сурате ки музокироташ бо раиси ҷуимҳури Арманистон натиҷа ба бор наоварад, ҷумҳурии Озарбойҷон омодааст то бо истифода аз зӯр ин манотиқро пас бигирад.

 

Раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфт дар сурати шикасти музокирот гузинаи дигаре ғайр аз "озод кардани сарзаминҳоямон аз роҳи низомӣ" вуҷуд нахоҳад дошт. Қарор аст оқои Алиев имрӯз дар Мунихи Олмон бо Серж Саркисян, раиси ҷумҳури Арманистон дидор кунад. Раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфтааст, ки дидор ва музокироти имрӯз охирин фурсат барои ҳаллу фасли сулҳомези ин муноқиша аст.

 

Диплумотҳои ғарбӣ ибрози умедворӣ кардаанд, ки авзоъ дар мантақа ба самту суи даргирии низомӣ пеш наравад. Мантақаи мавриди муноқишаи Нагорний Қарабоғ аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҷузъе аз хоки ҷумҳурии Озарбойҷон шинохта мешавад, аммо таҳти тасаллути ароманаи сокини ин мантақа аст.

 

Аксарияти ҷамъияти Нагорний Қарабоғ арманӣ ҳастанд. Ин мантақа ба далели даргириҳои хунин миёни нерӯҳои арманӣ ва озарӣ дар авоили даҳаи навад таҳти кунтрули ароманаи Нагорний Қаробоғ даромад.

 

Дар ин даргириҳо беш аз сӣ ҳазор нафар кушта шуда ва беш аз як миллиюн нафар бехонумон шудаанд ва аз ҳангоми барқарории оташбаси нопойдор мувофиқатномаи сулҳ имзо нашудааст. Қарабоғи таҳти тасаллути аромана эъломи истиқлол карда, аммо ҳеҷ кишваре дар дунё истиқлоли онро ба расмият нашинохтааст.

 

Ин аввалин даври музокироти Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон пас аз имзои тавофуқномаи оддисозии равобит миёни Арманистон ва Туркия, муттаҳиди аслии ҷумҳурии Озарбойҷон ба шумор меравад. Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд имзои ин тавофуқнома мунҷар ба он шуд, ки мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон эҳсоси инзиво кунанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854