17:48:08 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Обама: "Суханронии Нетаняҳу чизи наве надошт"

Барак Обама дар вокуниш ба суханронии нахуствазири Исроил дар Конгресси ИМА алайҳи созиши эҳтимолии атомӣ бо Эрон гуфт, ки Бенямин Нетаняҳу дар суханрониаш ҳеҷ гапи тоза нагуфт ва ҳеҷ роҳи амалиро барои ҳалли ин мушкил пешниҳод накард.

barak-obama-5478455454.jpgБарак Обама, президенти Амрико рӯзи сешанбе дар нахустин вокуниш ба изҳороти Бенямин Нетаняҳу дар Конгресси ИМА гуфтааст, ки нахуствазири Исроил дар суханрониаш ҳеҷ пешниҳод ва роҳи ҳалли амалии алтернативӣ барои музокира бо Эрон ироа накард.

Ба гузориши шабакаи хабарии CNN, Барак Обама дар Кохи Сафед ҳини мулоқот бо вазири дифои Амрико гуфтааст, ки суханронии Нетаняҳуро надида, аммо матни ин суханрониро хондааст. Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки "нуктаи тозае дар ин суханронии Бенямин Нетаняҳу набуд."

Барак Обама гуфтааст, ки нахуствазири Исроил дар мавриди созиши муваққатӣ дар Женева, ҳамин суханонро гуфта буд. Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як, дар соли 2013 дар Женева ба тавофуқи муваққатӣ даст ёфтанд, ки тибқи он Эрон бархе аз фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаии худро қатъ намуд ва дар муқобил ҷомеаи байналмилалӣ як қисм аз таҳримҳо алайҳи Эронро коҳиш дод. Бар асоси ҳамин тавофуқ, ҳоло гуфтугӯҳо барои расидан ба созиши комил ва ниҳоӣ дар хусуси ҳалли муноқишаи ҳастаии Эрон, дар Женева ҷараён дорад.

Бо ин ҳол, Барак Обама гуфтааст, ки дар хусуси амалкарди Эрон дар минтақа ва ҳимоят аз терроризм ва ҳамчунин таҳдид ба мавҷудияти Исроил, бо Бенямин Нетаняҳу мувофиқ аст. Барак Обама дар идома гуфтааст, ки бар сари масъалаи аслӣ, яъне чигунагии пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ, ки ин кишварро хатарноктар мекунад, бо нахуствазири Исроил ихтилофи назар дорад.

Барак Обама гуфтааст, пас аз таҳримҳои Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ, Эрон ба музокирот розӣ шудааст ва ҳоло сари мизи гуфтугӯҳо қарор дорад. Тайи як соли гузашта бар асоси созиши муваққатӣ дар Женева, Эрон қисме аз барномаи атомии худро мутаваққиф кард ва бархе аз пешниҳодҳои ҷомеаи ҷаҳониро пазируфт. Раиси ҷумҳури Амрико дар идома гуфтааст, масъалаи тавофуқе, ки ҳоло бо Эрон гуфтугӯҳо дар мавриди он идома дорад, метавонад ҳаракати барномаи ҳастаии Эронро ба таъхир биандозад.

Нахуствазири Исроил дар суханронии худ дар Конгресс гуфт, ки тавофуқи эҳтимолие, ки ҳамакнун кишварҳои панҷ ба иловаи як бо Эрон дар ҳоли музокира бар сари он ҳастанд, тавофуқи "баде" аст ва на танҳо монеи дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ нахоҳад шуд, балки роҳ барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро боз хоҳад кард. Бенямин Нетаняҳу ҳамчунин гуфта буд, ки ин тавофуқ амнияти Исроил ва ҷомеаи байналмилалиро ба хатар меандозад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi