03:25:26 04-уми Июни 2025 сол

ИБОДӢ: “ЭРОН МЕДОЛИ НОБЕЛРО АЗ МАН ГИРИФТ”

Ширин Ибодӣ, вакил ва фаъоли саршиноси ҳуқуқи башар ба Би-би-сӣ гуфт, давлати Эрон медоли Нобел ва ҳисобҳои бонкии ӯро тавқиф кардааст.

 

Хонум Ибодӣ ба бахши форсии Би-би-сӣ гуфт: “Мутаасифона додсарои инқилоб бидуни ин ки парвандае мавҷуд бошад ва иттҳоме мутаваҷеҳи ман бошад дастур дода ки куллия ҳисобҳои шахсии ман ва ҳисоби марбут ба Қонуни мудофеъони ҳуқуқи башарро масдуд кардаанд ва ҳамчунин сандуқи амонати бонкиро тавқиф кардаанд, ки дар он ҷоизаи Нобел ва ҳамин тур ҷавоизи дигаре, ки ман гирифта будам дар он буд, ки ҳамаро ба ин тартиб аз даст додам.”

 

Ба гуфтаи хонум Ибодӣ, ҳисобҳои бонкӣ ва ҳуқуқи бознишастагии ҳамсарашро низ ба дастури додгоҳи инқилоб тавқиф ва ҳардуро мамнӯъ-ул-муъомила кардаанд. Ширин Ибодӣ афзуд: “лова бар ин тибқи тасмими вазоарти дороӣ, бобати ҷоизаи Нобел 410 милиюн тумон аз ман молиёт талаб мекунанд. Албата ба ин молиёт эътироз кардем. Тибқи Қонуни молиёти Эрон ҷавоиз аз молиёти муъоф аст, вале бар хилофи қонун инро аз ман талаб мекунанд.”

 

Хонум Ибодӣ мегӯяд, ин иқдомот давлати Эронро “тамоман ба хотири фаъолиятҳои ҳуқуқи башарии ӯст.” Вазорати хориҷаи Норвеж бо ихтори кордори Эрон дар Осло “ба шиддат” нисбат ба хабари мусодираи ҷоизаи Сулҳи Нобели Ширин Ибодӣ эътироз кардааст.

 

Бар асоси баёнияи давлати Норвеж Юнос Гоҳар Стоер, вазири хориҷаи ин кишвар гуфтааст, медол ва диплуми Ҷоизаи Сулҳи Нобел ва соири дороиҳои шахсии хонум Ибодӣ аз сандуқи амонати бонкии ӯ бардошта шудааст.

 

Вай афзуд: “Ин барои нахустин бор аст, ки масъулони як кишвар Ҷоизаи Сулҳи Нобели фардеро мусодира мекунанд.” Хонум Ибодӣ низ дар ин замина ба Би-би-сӣ гуфт: “Ин барои аввалин бор аст, ки давлате бо барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел чунин мекунад ва ҳатто бо хонум Онг Сон Сучи (барандаи ҷоизаи Нобел аз Бирма) чунин накарданд."

 

Мақомҳои Эрон ҳанӯз ба иттиҳоми мусодираи ҷоизаи хонум Ибодӣ вокуниш нишон надодаанд. Хонум Ибодӣ, вакил ва фаъоли ҳуқуқи башар дар Эрон, дар соли 2003 барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел шуд. Ширин Ибодӣ ваколати бисёре аз фаъолони сиёсӣ ва ҳуқуқи башар дар Эронро бар ӯҳда доштааст.

 

Вай ки ҳамакнун дар хориҷ аз Эрон ба сар мебарад гуфт: “Ҳар вақт корам дар хориҷ аз Эрон ба поён бирасад ва эҳсос кунам, дар Эрон муфидтарам, фавран ба Эрон бар хоҳам гашт, ки ин таърих хеле ҳам дур нест.”

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854