14:14:53 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Юмгони Бадахшонро аз дасти Толибон озод карданд

Генерал Бобоҷон, сардори пулиси Бадахшони Афғонистон гуфт, ноҳияи Юмгони ин вилоятро аз зери тасарруфи Толибон озод кардаанд. Ҷангиён ин минтақаро дар аввали июн ишғол карда буданд.

general-bobojon 215565632Мақомоти давлатии Афғонистон назорати Юмгони вилояти Бадахшонро, ки дар аввали моҳи июн ба ихтиёри Толибон гузашта буд, дубора ба даст гирифтаанд. Генерал Бобоҷон, сардори Идораи пулиси вилояти Бадахшон рӯзи 21 июн гуфт, дар пайи озодсозии Юмгон чор маъмури амниятӣ кушта ва чаҳор нафари дигар маҷруҳ гардидаанд. Ба қавли ӯ, дар ҷараёни ин даргириҳо сад ҷангҷӯ кушта ва захмӣ шудаанд.

Толибон, ки дар аввали моҳи июн Юмгони вилояти Бадахшонро зери тасарруфи худ дароварда буданд, ҳоло тасдиқ карданд, ки назорати ин ноҳияро аз даст додаанд.

Озодшавии Юмгони Бадахшон аз зери тасарруфи Толибон дар ҳолест, ки дар пайи суқути ноҳияи Чаҳордара дар вилояти Кундуз, Сенат ё палатаи болоии парлумони Афғонистон рӯзи якшанбе вазъи амниятии ин кишварро “бисёр хароб” номида ва гуфт, агар таваҷҷуҳи лозим сурат нагирад, баъзе аз ноҳияҳои дигар низ ба ихтиёри ҷангиён хоҳанд гузашт.

Лутфуллоҳ Бобо, як узви Сенат гуфтааст, “тақрибан дар чаҳордаҳ ноҳияи вилояти Нангарҳор ДОИШ ҳузур дорад. Онҳо бо хонаводаҳояшон меоянд ва тақрибан се рӯз қабл аз вулусволии Квета 2 ҳазор нафар омадаанд, аммо ҳукумати ваҳдати миллӣ дар хоб аст.”

Мақомоти Кундузи Афғонистон гуфтанд, ки шоми 20 июн вулусволӣ ё ноҳияи Чаҳордараи ин вилояти наздик ба марзҳои Тоҷикистон суқут карда ва ҳоло таҳти итоати ҷангиёни Толибон қарор дорад. Муҳаммадумар Софӣ, волии Кундуз, дар сӯҳбат ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, мухолифони мусаллаҳ субҳи шанбе болои пости нерӯҳои давлатӣҳамла карда, саранҷом ин вулусволиро тасарруф намудаанд.

"Дар ҳоли ҳозир вулусволии Чаҳордара суқут карда ва тамоми соҳаҳо дар ихтиёри ҷангиён қарор дорад," -- гуфт ӯ. Волии Кундуз афзуд, нерӯҳои давлатии афғон дар 4-километрии Чаҳордара бо ҷангиёни Толибон вориди даргирӣ шуда, қасд доранд, ин вулусволии аз дастрафтаро дубора бозпас гиранд.

Ин дар ҳолест, ки шуморе аз сокинони Чаҳордара дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин вулусволӣ парчами сафеди гурӯҳи Толибон боло карда шудааст.

Аз сӯи дигар, нерӯҳои низомие, ки аз вулусволии Чаҳордара ақибнишинӣ кардаанд, гуфтанд, ин минтақа бар асари бетаваҷҷуҳии масъулони маҳалии вилояти Кундуз ба ин ҳол гирифтор шудааст. Яке аз ин сарбозон гуфт, "мо аз ду рӯз ба ин сӯ дар ҳолати муҳосира будем. Вале дар вақташ барои мо кумак нарасид ва билохира вулусволӣ аз даст рафт. Масъулон дар фикри бачаҳои мардум нестанд ва дар пушти деворҳои бузург нишастаанд. Бародар, як теъдод аз сарбозони мо дар вулусволӣҳанӯз мондаанд."

Вай дар идома афзуд, "барои мақомоти Кундуз чандин бор занг задем ва хабар додем, аммо касе ба ҳарфҳои мо гӯш накард ва барои мо ҷавоби мусбат надоданд. Аз вулусволӣ берун шудем, чун қариб буд Толибон моро асир бигиранд."

Амриддин Валӣ, муовини Шӯрои вилоятии Кундуз, гуфт, агар вазъият ҳамин гуна идома кунад, эҳтимол шаҳри Кундуз низ аз "контрол" ё назорати нерӯҳои давлатӣ хориҷ бишавад. Ӯ дар сӯҳбати худ бо хабаргузории "Пажвок" низ гуфтааст, "ҳукумати марказӣ ба дархости такрории мо, ки хостем, нерӯҳои иловагӣ фиристода шавад, аҳамият надод ва бетаваҷҷуҳӣ кард."

Даргириҳо дар вилояти Кундуз аз 24 апрели соли ҷорӣ боз идома дорад. Ба иттилои мақомоти афғон, ин даргириҳо то кунун ҳазорҳо танро барои тарки ҷои зисташон маҷбур кардаанд. Қаблан Муҳаммадумар Софӣ, волии Кундузи Афғонистон гуфта буд, ҷасади 18 ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин вилоятро пайдо кардаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркияву Чеченистон ҳастанд. Ба қавли Софӣ, ин ҷангҷӯёни хориҷӣ аз Толибон ҳимояти молӣ ва фаннӣ ё техникӣ мекарданд. Волии Кундуз ба ин бовар аст, ки ин афрод фориғуттаҳсили мадрасаҳои Покистону Афғонистон буда, таҷрубаи ками ҷангро доштанд.

18 июни соли ҷорӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар нишасти марзбонҳои кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Душанбе гуфт, ки дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав ҷамъ омадаанд. Ба қавли ӯ, ин гурӯҳҳо бештар дар шимоли Афғонистон, ба хусус дар минтақаҳои Кундуз, Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиб ҷойгиранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi