02:26:40 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Эътилофи Нур ва Дӯстум алайҳи Толибон дар шимоли Афғонистон

Дар ҳоле, ки волии Балх Атомуҳаммади Нур ва муовини раиси ҷумҳури Афғонистон Абдурашид Дӯстум бар зидди Толибон эътилоф кардаанд, сафири он кишвар дар СММ гуфтааст, ки 7 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар Афғонистон таҷаммӯъ намудаанд.

dustum_nur-ato_5541212112.jpgПас аз нашри гузоришҳо дар бораи эҷоди эътилоф миёни Атомуҳаммади Нур, волиии қудратманди Балх ва Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон дар мубориза алайҳи Толибон дар вилоятҳои шимолии он кишвар, раёсати иҷроии ҳукумати Афғонистон аз он истиқбол кардааст.

Ҷовид Файсал, муовини сухангӯи ин раёсат рӯзи сешанбе ба мо гуфт, ҳукумат ҳамеша хоҳони ҳимояти мардум аз нерӯҳои амниятӣ буда ва ин иттиҳод метавонад сабаби беҳбуди вазъият дар вилоятҳои шимол гардад ва нерӯҳои амниятиро бештар ҳимоят кунад. Ҷовид Файсал гуфтааст, ки "ҷаноби Устод Ато ва муовини аввали раёсати ҷумҳури ҳар ду мақомоти ҳукуматанд ва мушаххасан волии Балх вазифа дорад, ки барои амният кор кунад ва аз нуфузи худ, ки дорад, истифода намояд."

Дар пайи ноамниҳои пайдарпай дар вилоятҳои шимол-шарқи Афғонистон, чанд рӯз қабл гузоришҳое аз эътилоф миёни Атомуҳаммади Нур ва Абдурашид Дӯстум дар мубориза бо Толибон ва дигар гурӯҳҳои ҷангӣ, ки дар шимоли Афғонистон таҷаммӯъ кардаанд, сурат гирифт.

Забеҳуллоҳ Фитрат, муовини суханги ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон ин гузоришҳоро таъйид кард ва ба мо гуфт, ки "то ҳол дар ин мавриди нишастҳое миёни афроди баландпояи ин ду ҳизби сиёсӣ дар Форёб, Балх ва Кобул анҷом шудааст."

Ӯ гуфтааст, ки "инҷо иттиҳоди давлатӣ нест, иттиҳоди сиёсии ду ҳизб аст барои ҳимоят аз нерӯҳои амниятӣ. Барои ҳимоят аз мардум ва барои пешгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ, ки вуҷуд дорад. Бинобар ҳамин, онҳо ин иттиҳоди сиёсиро ташкил доданд ва ҳар ду ҳизб аз нерӯҳо, зарфиятҳо ва тавоноиҳои мавҷуди мардумиашон мехоҳанд истифода кунанд."

Ин иқдом дар ҳоле рӯи даст гирифта мешавад, ки ахиран даргириҳои шадид миёни нерӯҳои амниятӣ ва мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон дар вилоятҳои шимолии он кишвар афзоиш ёфтааст ва он нигарониҳоро чӣ дар дохил ва чӣ дар ҳамсоякишварҳои Афғонистон, дар пай доштааст.

Эътилофи миёни ин ду шахсияти қудратманд дар шимоли Афғонистон алайҳи Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи душанбе сафири Афғонистон дар СММ Зоҳири Танин дар нишасти Шӯрои Амният гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳафт ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ, дар он кишвар ҳузур доранд.

Сафири Афғонистон дар СММ гуфтааст, ки ҷангиён ҳоло ба ҳамлаҳои муштарак ва ҳамоҳанг оғоз кардаанд. Ба гуфтаи Зоҳири Танин, дар миёни ин ҷангиён шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Покистон ва Чеченистони Русия низ ҳастанд.

Ин дипломати афғон гуфтааст, ки гурӯҳҳои ҷангии хориҷӣ талош доранд, вилоятҳоро дар ин кишвар ба тасарруфи худ дароранд, то фаъолиятҳояшонро дар Ҷануби Осиё ва ҳамчунон Осиёи Миёна, густариш диҳанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi