03:00:01 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Миллиардери боздоштшуда куҷост? Вакилон дар ҷустуҷӯи Бобак Занҷонӣ

Як намояндаи Маҷлиси Эрон гуфтааст, онҳо низ мисли мардуми одӣ то ҳоло намедонанд, ки Бобак Занҷонӣ - миллиардери боздоштшуда дар куҷо ва дар чӣ шароит нигаҳдорӣ мешавад.

bobak-zanchoni-201545544.jpgЯк узви комиссияи энержии Маҷлиси Эрон гуфт, ки намояндагони халқ низ мисли мардуми одӣ то ҳоло намедонанд, Бобак Занҷонӣ - миллиардери боздоштшудаи ин кишвар дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад?Ҳусейни Деҳдаштӣ рӯзи 5 июл дар ин бора дар мусоҳибааш бо рӯзномаи "Қонун"-и чопи Теҳрон таъкид карда ва гуфтааст, пешниҳоди мулоқоти намояндагони Маҷлис бо Бобак Занҷонӣ дар зиндони Эвин низ фақат ба ин далел буд, то бовар ҳосил шавад, ки ӯ дар онҷост.

Мулоқоти намояндагони халқ бо Бобак Занҷонӣ дар зиндон ҳафтаи гузашта аз забони Амираббос Султонӣ садо дод. Ӯ ба расонаҳои эронӣ гуфт, теъдоде аз намояндагон баъд аз моҳи Рамазон бо миллиардери боздоштшуда дидор карда, ба чанд пурсиши фаннӣ ва марбут ба пули нафт ҷавоб хоҳанд гирифт.

Ҳусейни Деҳдаштӣ пеш аз ин гуфта буд, баъзе аз овозаҳо дар бораи ин ки Занҷонӣ дар зиндон нест, ба гӯш мерасад. Ӯ дар мусоҳибаи рӯзи якшанбеаш аз "барҳам хӯрдан"-и Кумитаи пайгирии парвандаи Бобак Занҷонӣ дар Маҷлиси Эрон хабар дода ва гуфтааст, акнун танҳо аъзои комиссияи энержии Маҷлис ин парвандаро пайгирӣ мекунанду бас.

Деҳдаштӣ далели аз байн рафтани ин кумитаро ба он рабт додааст, ки "Вазорати иттилоот ва қувваи қазоия алоқае ба ҳузур дар комиссияҳои Маҷлис ва ироаи тавзеҳот дар бораи ин парвандаро надоранд". Вай идома додааст, то имрӯз қувваи қазоия аз онҳо нахоста, ки кумаке ба парванда бикунанд ва ё ҳатто иттилооти маҷлисро баррасӣ намоянд.

Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои дур задани таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад.

Бархе мақомоти эронӣ иддао доранд, Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад.

Аммо Ҳусайн Деҳдаштӣ дар нимаи дувуми моҳи июни соли ҷорӣ ба рӯзномаи "Шарқ", чопи Теҳрон гуфт, ки аз понздаҳ як ҳиссаи дороиҳои ин миллиардери боздоштшуда дар Тоҷикистон аст. Ин вакили парлумони Эрон, ки аввалин бор аз шиносоии амволи Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон хабар дода буд, гуфт, "баровардаҳои мо ин аст, ки ба камияш як понздаҳум сармояи Занҷонӣ дар Тоҷикистон буда ва бояд тадобири лозим барои бозгашти манобеи молӣба кишвар рӯи даст гирифта шавад. Зеро сабти амволи Занҷонӣ дар замони таҳримҳо анҷом шудааст ва ҳоло имкони баррасӣ барои шиносоии дақиқ ва бозгардонидани амвол, фароҳам аст."

Оқои Деҳдаштӣҳамчунин ба "Шарқ" гуфтааст, ки маълумоти бадастомада дар бораи дороиҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистонро ба қувваи қазоияи он кишвар ҳавола кардаанд, то пайгириҳои бештар ва ҳамоҳанг анҷом диҳад. Вай қаблан гуфта буд, афроде, ки ба таври ғайрирасмӣ парвандаи Бобак Занҷониро пайгирӣ кардаанд, пас аз сафар ба Тоҷикистон фаҳмиданд, ки як идда манобеи мутааллиқ ба ӯ дар ин кишвар вуҷуд дорад, ки "мо ин мадорик ва аснодро ба қуваи қазоия ироа кардаем."

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi