15:30:16 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мулло Мансур cулҳи Толибонро бо ҳукумат "таблиғоти душман" номид

Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, раҳбари нави Толибон, баъд аз рӯзи дувуми эълон дар бораи интихобаш ба ин мақом, бо нашри баёнияе аз аъзои ин гурӯҳ хост, муттаҳид бошанд.

muhammad-mansur_98654521.jpgМулло Ахтар Муҳаммад Мансур , раҳбари нави Толибон, рӯзи 1 август дар баёнияе гуфт, ҷанг бар зидди ҳукумати Афғонистонро идома медиҳад. Навори савтии 30-дақиқаӣ, ки мегӯянд, садои Мулло Мансур аст, ба хабаргузории "Ассошиейтед Пресс" ҳам фиристода шудааст.

Рафтори Мулло Мансур баръакси рафтори Мулло Умар, раҳбари пешини Толибон аст, ки баъди суқути ин гурӯҳ дар Афғонистон садои ӯро касе нашунидааст.

Пас аз тасдиқи хабари марги Мулло Умар дар ҳафтаи гузашта ва эълон дар бораи интихоби ҷойгузини ӯ, теъдоде аз фармондеҳони Толибон мухолифаташонро ба интихоби Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур эълон карданд. Мулло Мансур дар баёнияааш ба "ваҳдат дар миёни Толибон" таъкид карда ва ба афроде, ки "озурдаанд" ваъдаи "қаноат" додааст. Айни замон ӯ музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистонро "таблиғоти душман" хондааст.

Бо вуҷуди онки чунин баёнияи Мулло Мансур теъдодеро дар мавриди ояндаи музокироти сулҳ дар Афғонистон ноумед кард, вале бархе аз коршиносони афғон мегӯянд, пешрафтҳое, ки то ҳол дар музокироти сулҳ бо ҳукумат ҳосил шудааст, зери назари худи Мулло Мансур сурат гирифтаанд.

Самӣ Юсуфзай, хабарнигори маҳаллии маҷаллаи “Нюсвик” дар Афғонистон мегӯяд, айни замон фикру зеҳни Толибоне, ки дар дохили Афғонистон меҷанганд, барои сулҳ омода нест ва ин вақт мегирад, то раҳбари нави Толибон роҳи сулҳро пеша кунад: “Дар гузашта ингуна маълум мешуд, ки Мулло Мансур ҳам ба музокирот майл дошт ва ҳамин Мулло Мансур буд, ки барои музокирот намояндагии сиёсии Толибонро дар Қатар боз кард.”

Айни замон Вакил Аҳмад Мутаваккил, вазири собиқи умури хориҷӣ дар аҳди режими Толибон дар Афғонистон мегӯяд, барои пешрафти музокироти сулҳ бисёр муҳим аст, ки Толибон ба як раҳбар итоат кунанд. Вакил Аҳмад Мутаваккил дар ин бора гуфт, “назар ба ин ки ӯ тақрибан се сол тавонист, ба ҳарфи Толибон гӯш диҳад, ин умедворӣҳаст, дар сурати итоати рафиқонаш ӯ метавонад, аз ӯҳдаи музокироти сулҳ муваффақона барояд.”

Вале Аҳмад Саидӣ, яке аз дипломатҳои собиқи дигари Толибон дар Покистон ба мо гуфт, Мулло Мансур дар байни Толибон аз ҳимояти васеъ бархӯрдор нест ва мумкин аст, дар оянда парокандагӣ дар миёни аъзои гурӯҳ ба вуҷуд биёяд: “Байни Толибон чанддастагӣ эҷод мешавад. Толибони қандаҳорӣҷудо мешаванд, чун Ахтар Муҳаммад аз Пактиё аст. Байни Толибони Пактиё, Ҳилманд ва Қандаҳор мухолифатҳо зиёд мешавад, теъдоде ҳам тарафи давлати Афғонистон мегузаранд, дигарон ба ДОИШ мепайванданд ва ҷангро бо гурӯҳҳои дигар давом медиҳанд.”

Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, вазири пешини авиатсияи Толибонро рӯзи 30 июл раҳбари нави ҷунбиш эълон карданд. Аммо Мулло Муҳаммад Ҳасан Раҳмонӣ, волии пешини Қандаҳор дар аҳди “Толибон” гуфт, ки Мулло Мансур аз сӯи гурӯҳи хурде раҳбар интихоб шудааст ва ба номзадии ӯ чанд фармондеҳи Толибон аз ҷумла, Мулло Абдурозиқ ва Мулло Абдуллоқаюм Зокир мухолифанд. Ба гуфтаи Раҳмонӣ, ин фармондеҳон мехоҳанд, Мавлавӣ Яъқуб, писари 23-солаи Мулло Умар раҳбари нави Толибон шавад.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 29 июл гуфт, Мулло Умар ду сол пеш дар бемористоне дар шаҳри Карочии Покистон фавтидааст. Рӯзе баъд аз ин Толибон гуфтанд, ки ӯ бар асари бемории номаълуме вафот кардааст.

Мулло Умар баъди сарнагун кардани режими Толибон дар Афғонистон дар соли 2001 дар мазҳари ом ҳеҷ гоҳ дида нашудааст. Ҳукумати Амрико ҳам марги Мулло Умар, раҳбари Толибонро таъйид кард ва гуфт, “фавти ӯ шанси дигаре барои пешрафт дар роҳ ба сӯи як Афғонистони боамну субот аст.” Кохи Сафед рӯзи 31 июл бо нашри баёнияи расмӣҳамчунин аз Толибон хост, муроҷиатҳои Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон барои мусолиҳаро бипазиранд ва бо ҳукумати Афғонистон сулҳ банданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi