09:41:30 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Чаро «Ҷиҳодӣ Ҷон» аз ДИИШ фирор кард?

Террористи бритониёӣ Ҷиҳодӣ Ҷон шаш моҳ баъд аз он ки шахсияташ муайян гардид аз тарси ҷони худ тарки Давлати Исломӣ намуд. Тибқи манбаи рӯзномаи бритонӣ «Дейли Экспресс», Ҷиҳодӣ Ҷон мегӯяд: ДИИШ-ро барои он тарк намудам, ки шояд рӯзе маро мисли як санг берун андозад, ё шояд бадтар аз он. Эҳсос кардам, ки мисли қабл ба манфиати ДИИШ истифода шуда наметавонам.

jon-jihodi_54124545.jpgҶон, ки номи аслияш Муҳаммад Имвозӣ аст, ин шуҳрати бадро дар сатҳи Ҷаҳонӣ баъд аз он ба даст овард, ки гурӯҳи террористии ДИИШ порчафилмеро моҳи августи 2014 дар сомонаҳои иҷтимоӣ дар ҳоле, ки ӯ сари хабарнигори амрикоӣҶеймс Фулиро мебурид, ба намоиш гузошт. Дён Фулӣ, модари Ҷеймс дар сафҳаи Фейсбуки худ дар хусуси писараш, ки баъди ду моҳи дар асорати ДИИШ буданаш кушта шуд, навишта аст: «Мо ҳеҷ вақт бо писарамон Ҷеймс чунин фахр накарда будем». Вай илова намуд: «ӯ худро дар роҳи расонидани ҳақиқати шиканҷаи мардуми Сурия ба ҷаҳониён қурбон кард».

Ҳоло Ҷон аз ҷониби Амрико ва Бритониё бинобар сабаби ҷиноятҳое мисли қатли хабарнигорон  ва кормандони созмонҳои наҷотдиҳӣ: Ҷеймс Фулӣ, Стефан Сувтлуф, Девид Ҳойнз, Олон Ҳененҷ, Бетер Косиҷ ва ғайраҳо анҷом дода аст, дар пайгарди ҷиноятӣқарор дорад. Охирин порчанаворе, ки дар онҷо ҶиҳодӣҶони Кувайтизода, ки 26 сол умр дорад зоҳир шуд, ӯ сари як хабарнигори Япониро бо номи Кин Ҷӣ Гуту мебурид. Рӯзномаи бритонӣ «Дейли Экспресс», тахмин мезанад, ки Имвозӣ шояд барои ҷиҳод бо ҷиҳодиҳои нисбатан камшӯҳраттар ба дигар минтақаҳои Сурия рафта бошад то таваҷҷӯҳи оммаро аз худ дур созад.

Рӯзномаи «Вашингтон Пост» бошад, парда аз рӯй ин террористи ниқобпӯш моҳи феврал бардошт. Ба гузориши ин рӯзнома, Имвозӣ дар ғарби Лондон дар оилаи миёнаҳол бузург шуда аст. Дипломи соҳаи компютериро дар Донишгоҳи «Вестминстер» дарёфт кардааст. Дар хусуси Имвозӣ ривоятҳо гуногунанд. Мегӯянд ӯ дар Мактаб ва Донишгоҳ ба қоидаҳои ислом пойбанд буд. Ривояти дигар чунин мегӯяд, ки ӯ аслан ба ислом он қадар аҳамият намедод ба машруботу нӯшиданиҳо ва мухаддирот даст мезад.

Ҷон баъд аз гирифтани дипломи Донишгоҳи «Вестминстер» мехоҳад ба Танзания сафар кунад. Вале ӯ дар роҳ аз Ҷониби қувваҳои амният бо шубҳаи пайваст шудан ба қувваҳои террористии Сомалӣ боздошт ва маҳкам мешавад. Баъд аз солҳо Имвозӣ ба Кувайт кӯч мебандад ва баъд аз он ки ба Лондон бар мегардад, бо чанд далел маҳкум ба зиндон мегардад. Дар ниҳоят барои дигарбора ба Қувайт баргаштан аз ҷониби қувваҳои амниятии бритониёӣ мамнуъ мешавад. Имвозӣ дар номаи электрониаш ба дӯсташ менависад: Ман ҳис мекунам, ки маҳбусам, на дар қафас балки дар Лондон ва аз ҷониби масъулини амниятӣ, ки намемонанд дар зодгоҳам Қувайт зиндагӣ кунам. Пас дигар чигуна тарки Лондон кардану ба Кувайт омадани ӯ он қадар возеҳ нест.

Гузоришҳо мегӯянд Имвозӣ аз он метарсад, ки нархи ӯ баъди ифшо гаштани арзишаш дар бозори ДИИШ ҳамчун узви фаъол аллакай пойин омада аст. Ва бо назардошти он ки ДИИШ аз ҷониби ВАО зиёд пардапӯшӣ шудааст, вале то кунун ин гурӯҳ аксари амалҳои террористиашро дар зери парда анҷом медиҳад. Ва ҳатто Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ин гурӯҳ як шахси мармуз ва нисбатан на он қадар маърӯф маҳсуб меёбад. Ва дар бораи шарҳи ҳолаш маводи зиёд дар даст нест, менависад, Вашингтон Пост.

Агентии мухобиротии Амрико соли гузашта теъдоди аъзои ДИИШ-ро 20 000 эълон карда буд. Ва шояд фирори чунин узв мисли ҶиҳодӣҶон бо назардошти чунин ҷиноятҳо, ки боиси пайдо кардани шуҳрати бад-и ҷаҳонӣ шудаанд ба назар чандон таъсирпазир ба ин гурӯҳ набошад, вале нуқтаи асосӣ ва муҳим он аст, ки ин созмони террористӣ аллакай дар дохили худ ба чандин изтиробот мувоҷеҳ аст. Ва Абубакри Бағдодӣ роҳбари ин гурӯҳи террористӣ як ҳафта қабл эълон карда буд, ки ДИИШ дигар наворҳои дорои хусусияти одамкуширо, ки барои террористони ба мисли Ҷон ҳамчун рамз гардида буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нахоҳад гузошт.

Бояд гуфт, ки фирори ҶонҶиҳодӣ ва изҳороти Абубакри Бағдодӣ худ гувоҳи аз байн рафтан ва ба нестӣ наздик шудани ин созмони террористӣ мебошад. Ва тамоми нафароне, ки ба узвияти ДИИШ мепайванданд ҷуз пушаймонӣ чизи дигаре ҳосил нахоҳанд кард. Мавриди зикр аст, ки нафароне, ки аз дасти ДИИШ рӯ ба фирор ниҳодаанд ададашон қобили шумор нест, вале асли матлаб ин аст, ки ҳадаф инҷо ҷиҳод нест, балки манфиати дунявии чунин муздурон мисли Ҷон мебошад.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi