11:03:42 24-уми Июни 2025 сол

ЖЕНРОЛИ АМРИКОӢ: ЭРОН БА ТОЛИБОН КУМАК МЕКУНАД

 

Як женроли аршади амрикоӣ Эронро ба ирсоли силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ба гурӯҳи Толибон дар Афғонистон муттаҳам кардааст. Женрол Девид Петреус, фармондеҳи кулли нерӯҳои амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна дар як гуфтугӯ бо Би-би-сӣ гуфт ки ин силоҳҳо умдатан дар манотиқи ғарбии Афғонистон, ки марзи муштарак бо Эрон дорад, дар ихтиёри гурӯҳи Толибон қарор дода шудааст. Ин тозатарин мавриди иттиҳом ба Эрон дар заминаи кумак ба ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон аст. Пеш аз ин низ иттиҳомоти мушобеҳе алайҳи Эрон аз суи мақомоти ғарбӣ матраҳ шуда буд. Толибон низ дар мавориде дарёфти аслиҳа аз Эронро пазируфта буданд.

 

Нуфузи сиёсӢ?

Женрол Девид Петреус гуфт: "Мо дарвоқеъ шоҳиди миқдоре кумакҳо, шомили силоҳ ва маводи инфиҷорӣ ба Толибон дар манотиқи ғарбии Афғонистон будем. Ин чизе аст, ки иттифоқ уфтода, силоҳҳо ва таҷҳизоте, ки аз Эрон омадааст."

 

Женрол Петреус афзуд: "Мо нигаронем, ҳамон гуна ки афғонҳо дар мавриди ҳар гуна фаъолияти ҳамсоягонашон, ки мунҷар ба мушкилоти амниятӣ мешавад, нигаронӣ доранд. Бо фаъолиятҳое, ки ба назар мерасад, дахолат дар сиёсатҳои дохилии ин кишвар бошад ва ин мушкиле аст, ки вуҷуд дорад."

 

Ин женроли аршади амрикоӣ ҳамчунин Эронро муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ дар пайи афзоиши "нуфузи сиёсӣ" дар Афғонистон аст. Ӯ гуфт: "Эрон дар фаъолиятҳои иқтисоди ва сиёсӣ дар Афғонистон дахил аст, фаъолиятҳои ором ба манзури касби нуфузи бештар. Баъзе аз ин фаъолиятҳо қобили дарк ҳастанд ва баъзе дигар танҳо ба манзури афзоиши нуфузи сиёсии ин кишвар дар Афғонистон сурат мегирад."

 

Коршиносни масоили сиёсӣ боавар доранд. ки ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти сиёсӣ, ки миёни Амрико ва Эрон вуҷуд дорад, аз нигарониҳои ҷиддӣ барои ин кишвари ҳамсояи Афғонистон аст. Бо ин ҳол мақомоти Эрон ва Афғонистон ҳамвора таъкид кардаанд, ки муносиботи онҳо ӯстона" аст ва равобити ин ду кишвар аз мушкилоте, ки Эрон бо Амрико дорад, хадшадор нахоҳад шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1332-generali-amrikoi-iron-ba-tolibon-kumak-mekunad.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ