01:59:19 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
29 30        

Politico: ИМА дархости асосии Зеленскийро қатъиян рад кард

Иёлоти Муттаҳида ба режими Киев мушакҳои тактикии дурпарвози ATACMS-ро рад кард. Дар ин бора нашрияи "Politico", рӯзи 3 январи соли ҷорӣ нашр кардааст.

Politico США категорически отказали Зеленскому в его главной просьбеБа навиштаи нашрия, маъмурияти ИМА аз таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бо системаҳои мушакии тактикии артиш ба таври қатъӣ худдорӣ кардааст. Зимнан зикр мегардад, ки Кохи Сафед чунин таҷҳизоти низомиро дар шароити муқовимат бо Русия хеле хатарнок медонад.

Ба гуфтаи муаллифони мақола, муҳимоти амрикоие, ки қодир аст ба умқи 300 километр зарба занад, дар феҳристи хостаҳои асосии режими Киев боқӣ мемонад. Аммо Кохи Сафед аз қонеъ кардани дархости Владимир Зеленский дар бораи интиқоли онҳо худдорӣ кард.

Дар баробари ин, коршиносони ғарбӣ қайд мекунанд, ки системаҳои Patriot ва ATACMS бартарии ҳалкунанда нахоҳанд дод ва ба эҳтимоли зиёд, бинобар хусусиятҳои мушаххаси тактикӣ ва техникӣ барои иҷрои вазифаҳо мувофиқ нестанд.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи декабри соли гузашта, Зеленский ба Вашингтон сафар карда буд. Эълони бастаи ҷадиди кӯмакҳои низомӣ ба режими Киев ба маблағи 1 миллиарду 850 миллион доллар ба ҳамзамон бо сафари ӯ сурат гирифта буд.

Манбаъ: regnum.ru



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi