01:36:50 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Раҳбарони 23 кишвари ҷаҳон расман хоҳиши пайвастан ба “БРИКС”-ро баён карданд

Наледи Пандор-вазири корҳои хориҷаи Африқои Ҷанубӣ зимни брифинги матбуотӣ гуфт, раҳбарони 23 кишвар расман хоҳиши пайвастан ба “БРИКС”-ро баён карданд.

brics 4451254548"Мо изҳороти расмии таваҷҷӯҳи раҳбарони 23 кишвар дар мавриди пайвастан ба “БРИКС” гирифтем. Ва боз ҳам бештар - дархостҳои ғайрирасмӣ дар бораи имкони пайвастан ба “БРИКС", - гуфт дипломат.

Алҷазоир, Аргентина, Бангладеш, Баҳрайн, Беларус, Боливия, Куба, Миср, Эфиопия, Гондурас, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Кувайт, Марокаш, Нигерия, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Сенегал, Таиланд, Аморати Муттаҳидаи Араб, Венесуэла, Ветнам, аз ҷумлаи ин кишварҳо буданд.

Наледи афзуд: Таваҷҷуҳи зиёд мавқеи “БРИКС”-ро ҳамчун як созмони пешбар дар дифоъ аз манофеи кишварҳои ҷануби ҷаҳонӣ таъйид мекунад.

Соли 2022 “БРИКС” эълон кард, ки шумораи кишварҳои узвро афзоиш медиҳад, то ин созмонро фарогиртар кунад. Дар он замон камаш 19 кишвар, аз ҷумла Аргентина, Эрон, Алҷазоир, Тунис, Туркия, Арабистони Саъудӣ ва Миср барои пайвастан ба блоки иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ карда буданд.

Тавре Мзувукиле Макетука, сафири Африқои Ҷанубӣ дар Маскав дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, тамоми аъзои иттиҳодия аз тавсеъа истиқбол мекунанд, вале бояд муайян кард, ки чӣ гуна пазируфтани аъзои нав, ин масъала бояд дастаҷамъона ҳал шавад.

Имрӯз “БРИКС” Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубиро муттаҳид мекунад. Раёсати ин созмонро ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар авоили соли ҷорӣ аз Чин пазируфт ва то поёни соли 2023 идома хоҳад кард ва баъдан ба давлати дигар мегузарад.

Моҳи июл дафтари раёсати ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ эълом дошт, ки раҳбарони Чин, Ҳинд, Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ дар нишасти “БРИКС” дар Йоҳанесбург, ки рӯзҳои 22-24 август шахсан ширкат хоҳанд кард. Дар ин нишаст аз Русия вазири хориҷа Сергей Лавров намояндагӣ мекунад. Владимир Путин тасмим гирифтааст, ки дар видеоконфронс ширкат варзад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi