15:07:45 14-уми Феврали 2026 сол

Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!

Таҷовузи Амрико ба Венесуэла ва рабудани Мадуро, президенти қонунии ин кишвар, рабте ба қочоқи маводи мухаддир, терроризм, силоҳи атомӣ, поймолкунии ҳуқуқи башар, демократия ва ҳар иттиҳоми дигаре, ки додгоҳи ИМА ба Мадуро бастааст, надорад. Масъала ба фурӯши нафт бо доллар робита дорад.

jangi mavodi mukhaddir 54457845455Гап сари ин аст, ки ИМА ва роҳбари тарсида, нигарон ва саргардони он дар талвосаи наҷоти иқтисоди Амрикост. Мақсади Доналд Трамп аз ҳамла ба Венесуэла ва боздошти роҳбари он ба сиёсати ИМА вобаста ба Доктрина Манро аз соли 1823 бар намегардад. Ин ҳодиса асосан ба қарордоди миёни ИМА ва Арабистони Саудӣ машҳур ба қарордоди Кесенҷер аз соли 1974 бар мегардад. Бар асоси ин қарордод, пояҳои иқтисодии Иттиҳоди Шӯравии бузург заиф сохта шуд.

Тибқи ин қарордод бояд тамоми қарордодҳо ва хариду фурӯши нафт дар ҷаҳон бо истифодаи доллар сурат бигирад. Ҳамин тавр, ҳам иқтисоди кишварҳои содиркунандаи нафт ва ҳамин таври дигар иқтисоди ҳамаи кишварҳои воридкунандаи нафт, яъне иқтисоди ҳамаи кишварҳои дунё бидуни истисно, вобаста ба доллари ИМА шуд. Аз ҷумла Чин ҳам бо ҳама бузургии иқтисоди худ бар рӯи доллари ИМА устувор аст. ИМА дар охири солҳои 70 ва 80-и асри гузашта дар мусобиқаи ниқорхоҳӣ аз СССР ба Чин иҷоза дод, ки аз сармоягузории ИМА ва ҳамин тавр доллар истифода кунад.

Барои ҳамин иқтисоди Чин рӯи доллари ИМА устувор шуд, аксари пуштивонаҳои молии Чин бо доллар захира ва замонат шудаанд. Мафҳуми нефтедоллар/petrodollras дар адабиёти сиёсии дунё ба гардиш даромад. Ҳоло Мадуро қурбонии ҳамин шуҷоъати худ шуд, ки хост яккатозии ИМА дар бозори нафтро поён диҳад. Ӯ аз соли 2018 нафти худро бо юани Чин мефурӯхт. Ҳоло ИМА мехоҳад нафти Венесуэларо дар ихтиёр бигирад ва ҳамин тавр ба Чин зарба ворид кунад. Зеро Венесуэла бо ин иқдоми худ ба пояҳои пуштибони доллари ИМА зарба зада буд.

Он ки имрӯз доллари ИМА дар баробари пули кишварҳои саросари дунё, аз ҷумла дар ростои пули кишварҳое, ки тақрибан содирот надоранд, беарзиш мешавад, ба ҳамин масъала вобаста аст. Яъне ҳам Венесуэла, ҳам Эрон, ҳам Русия нафту гази худро ба пули дигар фурӯхтанд. Ва ин иқдом боиси коҳиши арзиши нархи доллар дар баробари ҳамаи дигар пулҳои миллии кишварҳо шуд.

Идомаи ин тамоюл зарбаи ҳалокатбор ба иқтисоди Амрико хоҳад буд. Барои ҳамин ИМА пушти маводи мухаддир, ҳуқуқи башар ва терроризм пинҳон шуда, мехоҳад доллар ва ҳамин тавр, иқтисоди дар ҳоли нафасгирии худро наҷот диҳад. Ин ки даврони гегемонияи иқтисодӣ ва низомии ИМА ба поён мерасад, як масъалаи дигар аст. Дер ё зуд ин кор шуданист, ин қонуни бераҳми таърих ягон ҷаҳонкушо, одамхудо ва империяеро то кунун истисно накардааст.

Масъала ин аст, ки ҳар касе дар роҳи ҷилавгирӣ аз яккатозии доллари ИМА қад алам кард, сари дор ё мавриди таҷовуз қарор гирифт.

Соли 2000 Саддом Ҳусейн эълон кард, ки бо нашри пули воҳиди Аврупо нафти худро акнун на бо доллари ИМА, балки бо евро хоҳад фурӯхт. Дар соли 2003 бо баҳонаи сохтани силоҳи атомӣ сарнагун ва сипас ба дор овехта шуд. Ин ки як шахси манфури таърих буд, масъалаи дигар аст.

Соли 2009 Муаммар Қаззофӣ, роҳбари Либӣ иқдом ба нашри пули динори тиллоии африқоӣ кард. Ва хост нафти кишварҳо ба ин пули ҷойгузини доллар фурӯхта шавад. Дар соли 2011 сарнагун ва таҷовуз шуд.

Ҳамин тавр, чандин роҳбари кишварҳои Амрикои лотинӣ, ки мухолифини империализми Амрико буданд, кушта шуданд.

Мухолифат бо Эрон ҳам рабте ба силоҳи атомӣ ва ҳуқуқи башар надорад. Чӣ расад ба мушакҳои дурбурду кӯтоҳбурди эронӣ, ки ҳамаи дигар кишварҳои минтақа ҳам онро доранд. Ва чӣ басо дар Арабистон ва кишварҳои дигаре, ки нафташон дар ихтиёри ИМА аст, вазъи ҳуқуқи башар аз Эрон бадтар аст. (Шояд дар олам режими ақибмондатар, ки занро одам намедонад, аз режими толибон набошад, аммо ИМА моҳона ба он 80 млн доллар кумак мекунад ва тавассути ҳамин кумакҳо режиме, ки мактаби занонаро бастааст, ҳудуди 15 млн тоҷик, 4 млн ӯзбек ва 6 млн ҳазораро башар намедонад, ба шарофати кумаки молии ИМА сари по истодааст ва ҳукумат мекунад.)

Аз ҳамин хотир аст, ки масъалаи аслӣ сари нафт ва наҷоти доллар аст. Шикаст додани Эрон ба манзури ба даст овардани захираҳои нафтӣ зарур аст. Шоҳи Эрон ҳам дар замони худаш ба ҳамин далел сарнагун шуд, зеро нафтро миллӣ эълон кард. Ғарб бо овардани муллоҳо ё охундҳо умедвор буд, ки ба захираҳои нафтӣ даст пайдо кунад. Вале онҳо сиёсати миллии нафтро идома доданд. Ба ин далел ИМА душмани онҳо шуд. Ҳоло тамошогари филмҳои ҷолиби дигаре ҳам хоҳем буд.

Бадбахтӣ дар ин аст, ки тамоми расонаҳои хабарӣ дар ихтиёри ИМА аст. Як нафар ҳам дар расонаҳои миллӣ ё ҷаҳонӣ аз ин нигоҳ масъаларо баррасӣ намекунад.

Як масъалаи дигар ин аст, ки шояд як далели гармшавии муносибати Д. Трамп ва В.Путин ризоят бар сари идомаи ҳукмронии доллар дар иқтисоди ҷаҳонӣ бошад. Зеро Путин дигар аз идеяи пули ягонаи БРИКС чизе намегӯяд.

Адолати Мирзо

Мавод аз саҳифаи фейсбукии рӯзномаи «Миллат» бознашр шудааст.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ