ТЕУРИИ ТАВТЕА: БИН ЛОДИН ЗИНДА АСТ Ё МУРДА?
Усома бин Лодин ҳашт сол пеш дар ҷанги "Тӯра-бӯра" дар Афғонистон дар асари бумборони ҳавопаймоҳои омрикоӣ ва ё дар натиҷаи бемории куля (гурда) кушта шудааст.Дар теурии тавтеа (conspiracy theory) ривоёти бисёре аз ин дастро метавон шунид. Ин теури, ки аз замони ҳамалоти 11 сентябри соли 2001 дар бораи Бин Лодин дар интренет мунташир шудааст, ҳокист, ки сервисҳои иттилоъотии Омрико бо пахши баёнияҳои Бин Лодин саъй дар эҷоди як шахсияти шариру шайтонӣ доранд, то ба ин тартиб ҷанг дар Ироқу Афғонистонро назди афкори умумии Омрико тавҷеҳ созанд. Пас, оё хатарноктарин марди ҷаҳон ҳануз зинда аст? Дар ҳудуди як даҳа аст, ки Усома бин Лодин тавониста аз дасти бузургтарин қудрати ҷаҳонӣ дарравад ва бузургтарин мавриди таъқиби табаҳкорони хатарнок дар таърихро ба номи худ сабт кунад.
Брус Ридел, раиси барномаи мурури сиёсатҳои Борок Убомо дар мавриди Афғонистону Покистон, ки гузориши сервисҳои иттилоъотӣ дар мавриди Бин Лодинро мутолеъа кардааст, мегӯяд, ки талошҳо барои таъқиб ва дастгирии вай ҳануз ба поёни роҳ нарасидааст. Ӯ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ба ҳеҷ унвон сарнахе дар бораи маҳали пинҳон шудани Бин Лодин дар даст нест. Бо таваҷҷуҳ ба набуди иттилоъоти шаффоф ва малмус дар мавриди Бин Лодин, сарнаишти ӯ дар ҳоле аз ибҳом ва шоеъот (овозаҳо) қарор гирифтааст.
Ҳатман ҷаълист
Тайи чанд соли гузашта теъдоди зиёде аз баёнияҳои савтию тасвирии мансуб ба Бин Лодин мунташир шуда, вале асолати ин баёнияҳо пайваста зери суол рафтааст. Девид Рей Грифин, устоди собиқи илоҳиёт ва яке аз аъзои ҷунбиши мавсум ба "Кашфи ҳақиқати 11 сентябр" дурустии ҳамаи ин видиюҳоро зери суол бурдааст. Вай ҳамчунин ахбори роиҷ дар бораи иттифоқоти 11 сентябри соли 2001 дар Маркази Ҷаҳонии Тиҷоратро мавриди тардид қарор додааст.
Оқои Грифин мегӯяд: "Асолати ҳеч кадоме аз ин филмҳоро наметавон собит кард. Лоақал се адад аз ин филмҳоро метавон гуфт, ки ҷаълӣ ҳастанд. Бино бар ин, агар касе машғули ҷаъли филмҳои Бин Лодин аст, пас ин тасаввур ба вуҷуд меояд, ки шояд ҳамаи ин видиюҳо ва наворҳои савтӣ тақаллубӣ ҳастанд."
Аввалин намуна аз филмҳое, ки оқои Грифин дар асолати он шак дорад, филмест, ки вазорати дифоъи Омрико дар декабри соли 2001 интишор дод. Дар ин филм Бин Лодин ба ҳамалоти 11 сентябр ба бурҷҳои дуқулуи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар Ню-Йурк эътироф мекунад. Ин дар ҳолест ки Девид Грифин мегӯяд гурӯҳи Алқоъида то ба ҳол банудрат масъулияти ҳамалоти теруристиро пазируфтааст.
Ин устоди собиқи илоҳиёт ҳамчунин муддаъист, ки дар филмҳои видиюии пас аз 11 сентябр андоми Бин Лодин бо гузашта тафовут дорад. Ба гуфтаи ӯ, Бин Лодин дар ин филмҳо фарбеҳтар аст ва ангуштони кӯтоҳтаре дорад ва ҳатто бо дасти мухолиф менависад. Бештари баёнияҳои Бин Лодин дар қолаби фойлҳои савтӣ мунташир шудаанд. Аз соли 2001 то ба имрӯз танҳо ду филми видиюӣ аз ӯ интишор ёфтааст.
Оқои Грифин иддаъо мекунад, ки ҳар дуи ин филмҳо ҷаълӣ ҳастанд. Ӯ мегӯяд яке аз ин филмҳо, ки чанд рӯз пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Омрико дар моҳи октябри соли 2004 мунташир шуд, фоқиди маъонӣ ва алфози динӣ аст, ки маъмулан дар баёнияҳои қаблии Бин Лодин вуҷуд дошт.
Девид Грифин мегӯяд, ки ин филм ба интихоби муҷаддади Ҷурҷ Буш дар даври дувуми раёсати ҷумҳурии ӯ кумак кардааст. Аммо воқеъият ин аст, ки охирин филми видиюии Бин Лодин, ки дар сентябри соли 2007 мунташир шуд, беш аз бақияи онҳо таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб кардааст.
Тавтеаи ғарбӢ
Оқои Грифин аз ин филми видиюӣ бо ин унвон ном мебарад: "Навори теруристи ришсиёҳ." Риши хокистарии Бин Лодин, ки ҳамеша василаи шиносоии ӯ буд, дар ин филм бо як риши мураттаб ва сиёҳранг ҷойгузин шудааст ва дар бисёре аз саҳнаҳои ин филм, дар ҳоле ки Бин Лодин машғули сухан гуфтан аст, тасвири ӯ беҳаракат мемонад.
Яке аз маъмурони собиқи Созмони Итилоъотии Омрико (СИО) низ аз ҷумлаи касонест, ки асолати ин филмро зери суол мебарад. Роберт Боер вуҷуди тавтеъа аз сӯйи ғарбиҳоро рад мекунад, вале мегӯяд, ки эҳтимолан ин филм тавассути Алқоъида ҷаъл шудааст.
Оқои Боер мегӯяд: "Алқоъида алоқаи хоссе ба дасткорӣ дар филмҳои видиюии Бин Лодин дорад, то онҳоро ҷадид ва барӯз нишон диҳад. Шумо метавонед садоро ба шеваҳои диҷитолӣ ба ҳар чизе тағйир диҳед. Метавон моҳҳо ва солҳоро тағйир дод. Ҳатто метавон ҳуруфи садодор ва ҳиҷоҳоро забт кард ва ба ҳар тартибе, ки мехоҳед, онро тағйир диҳед."
Аз сӯйи дигар, Орт Келлер, маъмури собиқи СИО, мегӯяд теуриҳои тавтеае, ки дар мавриди марги Бин Лодин сохта шуда, воқеъан хандадор аст. Би-би-сӣ аз Андӣ Лоуз, яке аз коршиносони собиқи нерӯи ҳавоии артиши Бритониё дар заминаи аксу тасвир хост, то яке аз видиюҳои ғайри қобили инкори Усома бин Лодин дар соли 1998-ро бо филмҳои ӯ дар соли 2001 (маъруф ба филми иқрор) ва соли 2007 (маъруф ба филми риши сиёҳ) муқоиса кунад.
Оқои Лоуз баъд аз анҷоми ин мутолеъот ба ин натиҷа расид, ки фарбеҳтар ба назар расидани Бин Лодин дар ин филмҳо дар натиҷаи шеваҳои тадвин будааст. Бо изофа шудани зернавис ба филм тасвир то ҳадде махдӯш шудааст. Ӯ дар ниҳоят ин тавр натиҷагирӣ мекунад, ки тамоми ин филмҳо як нафарро нишон медиҳанд: Бин Лодин. Ба илова, оқои Лоуз мегӯяд ин ба ҳеч ваҷҳ воқеъбинона нест, ки фикр кунем артиши Омрико ин филмҳоро ҷаъл кардааст.
Ин коршиноси тасвирӣ мегӯяд: "Аз лиҳози фаннӣ дар замонаи мо анҷоми чунин дасткориҳое дар атсвир мумкин аст, аммо дар айни ҳол чунин корҳое пинҳон намемонад, зеро афроде, ки дар анҷоми он дахил будаанд, билохира хабари онро пахш мекунанд."
Бин Лодин аз 11 сентябри 2001 то кунун 40 баёния мунташир кардааст, ки бисёре аз онҳо ба вақоеъи ахир ишора мекунанд ва ҳатто дар ду баёния ҳам номи Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, бурда шудааст. Мойк Шуер, яке аз маъмурони собиқи СИО, ки худ воҳиди махсус ба Бин Лодинро дар Созмони Иттилоъотии Омрико таъсис дода ва барои даврае идора кард, муътақид аст, ки Бин Лодин ҳануз зинда аст.
Воқеъияти душвор
Ин маъмури собиқи СИО мегӯяд тақрибан дар тамомии баёнияҳои савтии Бин Лодин ба таърих ё иттифойе, ки ахиран рух дода ишора мешавад. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, Ожонси Амнияти Миллии Омрико ва дафотири иртибототи давлати Бритониё тавоноии фавқулъодае дар шиносоии асолати фойлҳои савтӣ доранд.
Бино бар ин, Оқои Шуер чунин натиҷагирӣ мекунад, ки агар ин садои воқеъии Бин Лодин набошад, чунин созмонҳое мутмаинан ба давлатҳои зирабти худ дар мавриди ҷаълӣ будани садоҳо итилоъ медиҳанд.
Орт Келлер, яке дигар аз маъмурони собиқи СИО, теурии тавтеа дар мавриди кушта шудани Бин Лодинро масхара медонад ва мегӯяд: "Тавзеҳу тафсири шароити кунунӣ бо тавассул ба теурии тавтеа бисёр роҳаттар аз рӯбарӯ шудан бо воқеъияти душвори кунунист."
"Воқеъияти душвор ин аст, ки мо дар ҳоли анҷоми амалиёт дар яке аз хатарноктарин нуқоти дунё ҳастем ва касеро таъқиб мекунем, ки бо маҳорат ва зиракии хос ва талоши фавқулъодааш тавониста то ба ҳол аз тирраси родорҳои мо дур бимонад.
Майк Рудин, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1517-bin-lodin-zinda-ast-yo-murda.html