04:42:58 17-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/17_--01-a-aaaaaabakiyev_--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/17_--01-a-aaaaaabakiyev_--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/17_--01-a-aaaaaabakiyev_--2.jpg'

ТАЪҚИБИ БАРОДАР ВА ПИСАРИ БОҚИЕВ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Давлати муваққати Қирғизистон пайвандони Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳури сарнагуншударо, мавриди пайгарди қонунӣ қарор додааст. Мақомот Жаниш Боқиев, бародари раисҷумҳури собиқи Қирғизистонро, ки раёсати горди посбонони Боқиевро ба уҳда дошт, ба он муттаҳам кардаанд, ки вай рӯзи 7 апрел фармони тирандозӣ ба муътаризон дар пойтахти ин кишварро додааст. Дар ошӯбҳои хушунатбор дар Бишкек беш аз 80 нафар кушта шуданд.

 

Роза Отунбоева, раҳбари давлати муваққат, рӯзи ҷумъаи 16 апрел дар иртиботе видиюӣ байни Бишкек, Маскав, Бруксел ва Вошингтун гуфт: "Мо ба талоши худ барои боздошти Жаниш Боқиев, бародари Қурбонбек Боқиев, дар вилояти Ҷалолобод идома медиҳем. Ин аз авлавиятҳо барои Қирғизистон аст." Бо ин ҳол, мақомоти қирғиз мегӯянд, ки амалиёти мушаххасе барои боздошти вай анҷом намешавад.

 

Бектур Асанов, раиси вилояти Ҷалолобод, гуфт: "Дастури боздошти ӯ (Жаниш Боқиев) содир шуда, вале мо умедворем, ки вай дар ояндаи наздик худро таслим кунад." Ҳамчунин, додситонии кулли Қирғизистон алайҳи писари хурдии раисҷумҳури собиқ, Максим Боқиев, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

 

Тахаллуфоти молӢ

 Писари хурдии раиси ҷумҳурии собиқ, ки раёсати ожонси навовариҳо ва сармоягузориҳоро ба уҳда дошт, ба "истифодаи беҷо аз маболиғи давлатӣ" муттаҳам шудааст. Худи Максим Боқиев Қирғизистонро пеш аз ошӯбҳои хушунатомез тарк кардааст. Хабаргузориҳо мегӯянд, ки вай ба манзури ширкат дар ҳамоиши муштараки иқтисодии Қирғизистону Омрико ба Вошингтун рафта, вале пас аз лағви ин ҳамоиш тавассути омрикоиҳо, ба кишвараш барнагаштааст.

 

Пештар, хонуми Отунбоева гуфта буд, ки тибқи иттилоъи вай Максим Боқиев дар Латвия қарор дорад. Вале мақомоти Латвия ин хабарро таъйид ва ё такзиб накардаанд. Як шаҳрванди Бритониё ба номи Вугар Халилов низ ба иттиҳоми пулшӯйӣ дар Қирғизистон боздошт шудааст. Дар баёнияе матбӯъотӣ, ки дӯстону пайвандони оқои Халилов интишор доданд, омадааст, ки мақомот шароити иртиботи ӯ бо вакили мудофеъашро маҳдуд кардаанд. Дар Қирғизистон Вугар Халилов раҳбарии ширкатеро ба уҳда дошт, ки ба анҷоми тарҳҳое таблиғотӣ дар матбуъот машғул буд.

 

Ҷавоиз барои "амалиёти муваффақ"

 Раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизстон пас аз имзои номаи истеъфояш панҷшанбеи 15 апрел бо як ҳавопаймои низомӣ ба Қазоқистон рафт. Ба гуфтаи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дар ин ҳавопаймо гурӯҳе аз вижанирӯҳо (спецназ) барои анҷоми "амалиёти берун бурдани" Боқиев ҳузур доштанд. Амалиёти хурӯҷи Боқиев аз Қирғизистон бо раҳбарони Русия, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо ҳамоҳанг шуда буд.

 

Дар музокирот барои анҷоми ин кор намояндагони СММ ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, ки раёсати давраии он ба дӯши Қазоқистон аст, мушорикати фаъоле доштанд. Дар ҷараёни иртиботи видиюӣ хонуми Отунбоева гуфт: "Мардум аз иҷозаи хурӯҷи Боқиев аз кишвар хашмгин шудаанд." Мақомоти Қазоқистон ба навбаи худ тасмим доранд ба ширкаткунандагони амалиёт барои берун бурдани Боқиев ҷавоизи вижаи давлатиро эъто кунанд.

 

Раисҷумҳур Нурсултон Назарбоев дар як нишасти матбӯъотӣ, ки 16 апрел доир шуд, гуфт: "Ба назарам, мо тавонистем аз як задухӯрди дохилӣ, ки ба ҷанги байни шимолу ҷануб табдил меёфт, ҷилавгирӣ кунем."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2132-2010-04-17-08-49-25.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ