"ҶОСУСҲОИ РУСИ" АМРИКОРО ТАРК КАРДАНД
Амрико 10 нафареро, ки мегӯяд барои Маскав ҷосусӣ мекардаанд дар ивази озодии чаҳор нафар, ки дар Русия ба ҷурми ҷосусӣ барои Ғарб маҳбус буданд, ихроҷ кард. Қозии додгоҳе дар ноҳияи Манҳетени Ню-Йурк пас аз иқрори онҳо ба ин ки "авомили ғайриқонунии Русия" ҳастанд, дастури ихроҷи фаврии ин даҳ нафарро содир кард. Ин афрод панҷшанбе аср ба вақти Ню-Йурк, соъоте пас аз судури ҳукми додгоҳ, аз тариқи ҳавоӣ Амрикоро тарк карданд
Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз сафари онҳо ба Виен, пойтахти Утриш аст, аммо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" хабар дода, ки Амрико муттаҳамонро мустақиман ба Русия фиристодааст. Иттиҳоми ҷиддитари пулшӯйӣ алайҳи ин афрод тавассути додситонҳои Амрикоӣ канор гузошта шуда буд. Гузориши хабаргузориҳои Русия ҳокӣ аз он аст, ки Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, чаҳор зиндонии русро, ки дар ин кишвар ба ҷосусӣ барои Ғарб маҳкум шуда буданд, афв кардааст.
Модари Анна Чапман, яке аз мазнунон, интизор дорад, ки духтараш рӯзи ҷумъа ба Русия биравад. Ин даҳ муттаҳам рӯзи панҷшанбе иттиҳоми "тавтеъа барои амал кардан ба унвони "авомили ғайриқонунии як кишвари хориҷиро" пазируфтанд. Морк Тунер, сухангӯйи муваққати вазорати хориҷаи Амрико, дар баёнияе гуфт, ки ин афрод, ки бо ҳуввияти сохтагӣ дар Амрико фаъолият мекарданд, ба унвони бахше аз муъомилаи худ бо додситонҳо, ҳуввияти воқеъан руси худро фош крданд.
Ӯ афзуд, ки ҳамаи ин афрод ҳамчунин мувофиқат карданд, к и фавран аз Амрико ихроҷ шавнд. Бар асоси ин баёния ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки Амрико ин даҳ нафарро дар хориҷ таҳвили мақомҳои Русия диҳад ва давлати Русия низ дар муқобил чаҳор нафарро, ки дар Русия зиндонӣ ҳастанд, озод кунад. Дар ин баёния омадааст, ки боздошти тӯлонимуддати ин даҳ омили махфии Русия фоидаи қобили таваҷҷуҳе барои амнияти миллии Амрико надорад.
"Интиқол ба Маскав"
Нишонаҳои табодули зиндонӣ ибтидо дар Русия зоҳир шуд. Хонаводаи Игор Сутягин, ки ба ҷурми ҷосусӣ барои Амрико дар Русия зиндонӣ аст, ба Би-би-сӣ гуфт барои он ки ӯ дар листи мубодилашавандагон қарор гирад, маҷбур ба иқрор аст. Оқои Сутягин ин ҳафта аз урдугоҳе дар шимоли дури Русия ба зиндоне дар Маскав интиқол шуд.
Ӯ ба хонаводааш гуфт, ки рӯзи панҷшанбе ба Виен дар Утриш мунтақил ва ба унвони бахше аз мубодилаи зиндонии мёни Амрико ва Русия озод хоҳад шуд. Пештар ба нақл аз вакили оқои Сутягин гузориш шуд, ки ӯ вориди пойтахти Утриш шудааст, аммо падари оқои Сутягин ин гузоришҳоро рад кард. Ӯ ба Би-би-сӣ гуфт: "Инҳо ҳама ҳадсу гумон аст, ҷиддӣ нагиред."
Мақомҳои утришӣ ин гузоришро таъйид ё такзиб накардаанд. Игор Сутягин коршиноси силоҳҳои ҳастаӣ аст, ки дар соли 2004 тавассути додгоҳе дар Русия ба иттиҳоми интиқоли иттилоъоти низомии маҳрамона ба як ширкати бритониёӣ ба 15 сол зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи мақомҳои Русия, ин ширкати бритониёӣ ба унвони пойгоҳе барои Созмони Иттилоъоти Марказии Амрико амал мекардааст.
Даҳ муттаҳаме, ки ба ҷосусӣ барои Русия муттаҳам ҳастанд, субҳи рӯзи панҷшанбе дар додгоҳе дар Ню-Йурк ҳозир шуданд. Хабарнигори Би-би-сӣ дар берун аз додгоҳ дар Ню-Йурк мегӯяд ин аввалин бор буд, ки ин даҳ марду зан аз замони боздошт бо ҳам дар додгоҳ ҳозир мешуданд.
Матни иттиҳомнома алайҳи онҳо ва муттаҳами ёздаҳуме, ки пас аз озодӣ ба қайди васиқа дар Қибрис нопадид шуд, рӯзи чаҳоршанбе ошкор шуд. Додситонҳо мегӯянд, ки муттаҳамон худро шаҳрвандони оддӣ ҷо зада буданд ва баъзе аз онҳо солҳо ба унвони зану шавҳар зиндагӣ мекарданд.
Бар асоси матни иттиҳомот, ин афрод ба дастури Дастгоҳи Иттилоъоти Хориҷии Русия қасди нуфуз дар маҳофили сиёсатсоз ва ҷамъоварии иттилоъотро доштанд. Нуҳ нафар аз муттаҳамон ҳамчунон муттаҳам ба тавтеъа барои анҷоми пулшйӣ ҳастанд. Ин иттиҳом рӯзи панҷшанбе канор гузошта шуд. Вакилони баъзе аз муттаҳамон гуфтаанд, ки масъала мумкин аст то поёни рӯзи панҷшанбе "ба наҳве" ҳал шавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2638-q-q---.html