08:19:12 29-уми Июни 2025 сол

ҲАЖДАҲ НАФАР ДАР ФЕСТИВОЛЕ ДАР ОЛМОН КУШТА ШУДАНД

Дастикам ҳаждаҳ нафар дар ҷараёни фестиволи мусиқии "Роҳпаймоии ишқ" дар шаҳри Дуйсбурги Олмон кушта шуданд. Пулис мегӯяд ҷамъияти мунтазир дар тунели вурудии маҳалли баргузории ин фестивол ногаҳон ваҳшатзада шуда ва бисёре дар зери дасту по кушта ва захмӣ шуданд. Мақомҳои олмонӣ теъдоди захмиҳоро беш аз 100 нафар зикр кардаанд. Баргузоркунандагони ин фестивол мегӯянд беш аз як милюн нафар дар он ширкат карданд.

 

Пулиси Дуйсбург омори қурбониёнро нахуст 10 нафар эълом кард, аммо муддате баъд теъдоди куштаҳо ҳаждаҳ нафар зикр шуд. Юрген Кискемпер, як масъули пулиси маҳаллӣ, ба хабаргузории "Руйтер" гуфтааст авзоъ "бисёр ошуфта" шуда буд. Вай гуфт пулис вурудиҳои маҳалли фестиволро ба далели ҷамъияти зиёд масдуд кард ва аз мардуме, ки берун монда буданд, хост бозгарданд. Аммо ногаҳон ҷамъият ваҳшатзада шуд ва ҳама шурӯъ карданд ба давидан.

 

Гуфта мешавад маъмурини наҷот басахтӣ тавонистанд вориди маҳалли ҳодиса шаванд. Бар асоси бархе гузоришҳо масъулини шаҳр аз таътилии фестивол ва хориҷ кардани ҷамъият худдорӣ карданд, зеро нигарон буданд ҳароси бештаре дар мардум эҷод ва авзоъ ошуфтатар шавад. Сухангӯйи шаҳрдории Дуйсберг гуфт кумитаи буҳрон тасмим гирифт ин маросимро мутаваққиф накунад, зеро дар он лаҳза ҷамъияти зиёде дар маҳал ҳозир буд.

 

Бисёре аз ширкаткунандагон аз ин ҳодиса иттилоъе надоштанд. Фестиволи мусиқии "Роҳпаймоии ишқ" ҳамасола ҳунармандон ва ҳунардӯстонро аз Бразил, Русия, Ҳуланд, Испониё, Устролиё ва соири кишварҳои ҷаҳон ҷазб мекунад. Ин ҳунармандон дар хиёбонҳои шаҳр ба муддати даҳ соъат роҳпаймоӣ мекунанд. Фестиволи "Роҳпаймоии ишқ" дар соли 1989 дар Берлин ва ба сурати тазоҳуротӣ дар тарафдорӣ аз сулҳ оғоз шуд, аммо баъд ба фестиволи мусиқии бузурге дар фазои боз табдил шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2756-2010-07-25-07-43-42.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ