| НАХУСТИН НЕРӮГОҲИ АТОМИИ ЭРОН БА КОР ОҒОЗ КАРД |
| Хабар - Равзана ба ҷахон | |||
| 21.08.2010 17:40 | |||
|
Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи шанбе нахустин нерӯгоҳи ҳастаии худ дар Бушеҳрро, ки тавассути ширкатҳои русӣ сохта шудааст, ба кор андохт.
Сохтмоне, ки 40 сол тӮл кашид Сохтмони нерӯгоҳи атомии Бушеҳр дар 40 соли пеш тавассути ширкати олмонии Siemens оғоз шуда буд. Аммо дар соли 1979 ба думболи Инқилоби исломӣ дар Эрон сохтмони ин нерӯгоҳ мутаваққиф шуд. Дар ибтидои даҳаи 1990 «Атомстройэкспорт» - як ширкти давлатии русӣ ба идомаи сохтмони ин нерӯгоҳи атомӣ иқдом кард.
Сохтмони ин нерӯгоҳ дар соли 2007 мебоист ба анҷом бирасад, аммо ба далоили мухталиф, аз ҷумла камбуд дар саромягузории он, чанд бор ба таъхир уфтод. Эрон ва Русия борҳо якдигарро дар иҷро накардани аҳдашон дар иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Бушеҳр ва таъхир дар сохтмони он муттаҳам карда буданд.
Дар соли 2008 Русия сӯхти лозим барои нерӯгоҳи атомии Бушеҳрро ба Эрон интиқол дод ва таҳти назорати Оҷонси байналмилалии нерӯи атомӣ нигаҳдорӣ мешавад. Тибқи тавофуқи миёни ду кишвар, сӯхти истифодашуда дар нерӯгоҳи Бушеҳр бозпас ба Русия интиқол хоҳад шуд.
Таҳримҳо алайҳи Эрон Нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр дар ҳоле мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, ки Шӯрои амнияти СММ даври чоруми таҳримҳои худ алайҳи Эронро ҷорӣ намудааст. Бо ҷорӣ кардани ин таҳримҳо, Шӯрои амнияти СММ аз Эрон мехоҳад, ки фаъоляти ғанисозии уранро мутаваққиф кунад. Аммо Эрон ин қатъномаи Шӯрои амниятро рад кардааст.
Ғарб нигарон аст, ки Эрон таҳти пӯшиши барномаи сулҳомези ҳастаӣ, қасди даст ёфтан ба таслиҳоти ҳастаиро дорад. Аммо Эрон ин даъворо рад мекунад ва мегӯяд, барномаи ҳастаияш сулҳомез ва дар ростои баровардани ниёзҳояш ба энержӣ ва масъалаҳои пизишкист.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2944-2010-08-21-12-42-14.html
|












