НАХУСТИН НЕРӮГОҲИ АТОМИИ ЭРОН БА КОР ОҒОЗ КАРД
Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи шанбе нахустин нерӯгоҳи ҳастаии худ дар Бушеҳрро, ки тавассути ширкатҳои русӣ сохта шудааст, ба кор андохт.
Маросими оғози баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи Бушеҳр бо ширкати раиси Оҷонси атомии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ ва раиси ширкати «Росатом»-и Русия Сергей Кириенко сурат гирифт. Шурӯъи кори нерӯгоҳи атомии Эрон дар ҳолест, ки кишварҳои Ғарб аз он нигаронанд, ки Теҳрон метавонад сӯхти ҳастаиро барои тавлиди аслиҳаи атомӣ истифода кунад. Вале Эрон ин иддаоҳоро рад мекунад ва мегӯяд, барномаи ҳастаии Теҳрон сулҳомез аст. Маскав мегӯяд, тарҳи нирӯгоҳи Бушеҳр комилан ғайринизомист ва ширкаташ дар ин барнома мухолиф бо таҳримоти СММ нест.
Сохтмоне, ки 40 сол тӮл кашид
Сохтмони нерӯгоҳи атомии Бушеҳр дар 40 соли пеш тавассути ширкати олмонии Siemens оғоз шуда буд. Аммо дар соли 1979 ба думболи Инқилоби исломӣ дар Эрон сохтмони ин нерӯгоҳ мутаваққиф шуд. Дар ибтидои даҳаи 1990 «Атомстройэкспорт» - як ширкти давлатии русӣ ба идомаи сохтмони ин нерӯгоҳи атомӣ иқдом кард.
Сохтмони ин нерӯгоҳ дар соли 2007 мебоист ба анҷом бирасад, аммо ба далоили мухталиф, аз ҷумла камбуд дар саромягузории он, чанд бор ба таъхир уфтод. Эрон ва Русия борҳо якдигарро дар иҷро накардани аҳдашон дар иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Бушеҳр ва таъхир дар сохтмони он муттаҳам карда буданд.
Дар соли 2008 Русия сӯхти лозим барои нерӯгоҳи атомии Бушеҳрро ба Эрон интиқол дод ва таҳти назорати Оҷонси байналмилалии нерӯи атомӣ нигаҳдорӣ мешавад. Тибқи тавофуқи миёни ду кишвар, сӯхти истифодашуда дар нерӯгоҳи Бушеҳр бозпас ба Русия интиқол хоҳад шуд.
Таҳримҳо алайҳи Эрон
Нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр дар ҳоле мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, ки Шӯрои амнияти СММ даври чоруми таҳримҳои худ алайҳи Эронро ҷорӣ намудааст. Бо ҷорӣ кардани ин таҳримҳо, Шӯрои амнияти СММ аз Эрон мехоҳад, ки фаъоляти ғанисозии уранро мутаваққиф кунад. Аммо Эрон ин қатъномаи Шӯрои амниятро рад кардааст.
Ғарб нигарон аст, ки Эрон таҳти пӯшиши барномаи сулҳомези ҳастаӣ, қасди даст ёфтан ба таслиҳоти ҳастаиро дорад. Аммо Эрон ин даъворо рад мекунад ва мегӯяд, барномаи ҳастаияш сулҳомез ва дар ростои баровардани ниёзҳояш ба энержӣ ва масъалаҳои пизишкист.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2944-2010-08-21-12-42-14.html