ЭЪТИРОЗИ ҲИНД БА МАВЗЕЪГИРИИ ХОМЕНАӢ ДАР БОРАИ КАШМИР
Вазорати хориҷаи Ҳинд бо эҳзори кордори Эрон дар Деҳлии Нав ба мавзеъгирии ахири Оятуллоҳ Хоменаӣ дар бораи минтақаи Кашмир эътироз кардааст.
Оятуллоҳ Хоменаӣ дар паёми солонаи ҳаҷҷи худ гуфт: "Имрӯз кумак ба миллати Фаластин ва муҳосирашавандагони Ғазза, ҳамдардӣ ва ҳамроҳӣ бо миллатҳои Афғонистон ва Покистон ва Ироқу Кашмир, муҷоҳадат ва муқовамат дар баробари таъаддии Амрико ва режими саҳюнистӣ, посдорӣ аз иттиҳоди мусалмонон ва мубориза бо дастҳои олуда ва забонҳои муздуре, ки ба ин иттиҳод зарба мезананд, ва густариши бедорӣ ва эҳсоси таъаҳҳуд ва масъулият дар миёни ҷавонони мусалмон дар ҳамаи ақтори исломӣ вазоифи бузургест, ки мутаваҷҷеҳи хавосси уммат аст."
Мақомҳои ҳиндӣ рӯзи ҷумъаи 19 ноябр ба Ризо Алоӣ гуфтанд, ки аз суханони раҳбари Эрон "амиқан нороҳат" шуда ва онро "дахолат дар тамомияти арзӣ ва ҳокимияти" кишвари худ медонанд. Аз сӯйи дигар, Ҳинд рӯзи панҷшанбе барои аввалин бор мухолифате бо қатъномаи интиқодии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон накард ва раъйи мумтанеъ (бетараф) дод.
Ҳинд дар гузашта ба чунин қатъномаҳое раъйи манфӣ медод. Бархе аз таҳлилгарон мӯътақиданд, ки ин иқдоми Ҳинд дар эътироз ба изҳороти раҳбари Эрон дар бораи минтақаи Кашмир будааст. Забир Аҳмад, хабарнигори бахши ҳиндии Би-би-сӣ дар Вошингтун, мегӯяд Эрон ва Ҳинд равобити таърихӣ ва амиқе доранд, аммо тайи чанд соли гузашта ва бо беҳбуди равобити Амрико бо Ҳинд, ба назар мерасад, ки Деҳлӣ аз Теҳрон батадриҷ фосила гирифтааст.
Вай меафзояд моҷарои ахир таъсире ҷиддӣ дар муносиботи Теҳрон ва Деҳлӣ нахоҳад гузошт, аммо Ҳинд дар ҳоли эҷоди як робитаи истротежик бо Амрикост ва мумкин аст дар мавориде сиёсатҳои худро ба ин кишвар наздик кунад. Дар ҷараёни даргириҳои хунини моҳи шаҳривари гузашта дар Кашмир, ки дар вокуниш ба тарҳи қуръонсӯзии як кашиши Амрикоӣ рух дод, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Эрон хостори "хештандории" давлати Ҳинд шуд.
Ромини Меҳмонпараст гуфт, ки вокуниш ба эътирозоти мусалмонони Кашмир метавонад "шоибаи (нанги) ҳамроҳӣ бо тавҳинкунандагонро" эҷод кунад. Давлати Ҳинд раъйи мумтанеъ ба қатъномаи кумитаи севуми Маҷмаъи Умумии СММ алайҳи вазъи ҳуқуқи башар дар Эронро беиртибот бо мавзеъгириҳои ахири Эрон дар масъалаи Кашмир дониста ва гуфтааст, ки пас аз баррасиҳои лозим тасмим гирифта шуд аз раъй додан ба ин қатънома худдорӣ шавад. Минтақаи Кашмир беш аз шаст сол пеш байни Ҳинд ва Покистон тақсим шуда, аммо ҳамчунон яке аз мавзӯъоти ихтилофбарангез байни ду кишвар ва дар миёни мусалмонон аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3620-2010-11-20-11-01-35.html