07:06:27 02-уми Июли 2025 сол

ТАҲРИМИ ШАДИД ЭРОН МЕТАВОНАД МУАССИР БОШАД

Эҳуд Борок, вазири дифоъи Исроил, мегӯяд муқобила бо барномаи атомии Эрон ҳамчунон дар "марҳилаи диплумосӣ" аст ва ташдиди таҳримҳо метавонад сиёсати атомии Теҳронро тағйир диҳад. Ӯ рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии Си-эн-эн гуфт, ки муътақид аст таҳримҳои шадид ва ҳадафманд метавонад "режими (Эрон)-ро водор ба тафаккури муҷаддаде" дар рӯйкарди атомии худ кунад.

 

ehud-barakИзҳороти оқои Борок дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Гурӯҳи 5+1 дар музокироти ахири Женев, ки бо ҳузури ҳайати эронӣ баргузор шуд, тавофуқ кард, ки гуфтугӯҳои атомӣ бо Теҳрон авохири январ дар Истонбул идома пайдо кунад. Ихтилофоти аслии ду тараф идомаи ғанисозии урониюм аст, ки Эрон ҳамвора таъкид карда ҳаққи қонунии худ медонад ва ҳозир ба таваққуфи он нест. Эҳуд Борок дар посух ба ин суол, ки оё Исроил ба Эрон ҳамлаи низомӣ хоҳад кард, гуфт: "Ман фикр намекунам мо бояд ба ин суолҳо ҷавоб бидиҳем."

 

Вай гуфт Исроил ҳамчун ҳар кишвари дигаре дар ҳар қораи дигар ҳаққи дифоъ аз худро дорад ва бояд битавонад дар амният ва бидуни ҳарос зиндагӣ кунад. Ӯ бо вуҷуди таъкид бар аҳамияти абзорҳои диплумотик, аз Амрико ва Иттиҳодияи Урупо хост ҳеҷ гузинаеро барои таваққуфи барномаи атомии Эрон мунтафӣ надонанд. Бар асоси бархе мадорики маҳрамонаи давлати Амрико, ки ахиран тавассути "Викиликс" мунташир шуда, мақомҳои Амрикоӣ гуфтаанд Исроил метавонад ба таъсисоти атомии Эрон ҳамла кунад, аммо маълум нест, ки ин амалиёт муваффақиятомез бошад.

 

Мутобиқи ин мадорик, Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, ба Ҳервӣ Мурин, ҳамтои фаронсавии худ гуфтааст Исроил тавоноии инро дорад, ки чунин амалиётеро батанҳоӣ бидуни кумаки Амрико анҷом диҳад, аммо муваффақиятомез будани он қатъӣ нест. Оқои Гейтс гуфтааст ҳамлаи низомӣ ба Эрон барномаи атомии ин кишварро ҳадди аксар як то се сол ба таъвиқ меандозад ва мардуми ин кишварро барои ҳамеша алайҳи кишвари муҳоҷим муттаҳид мекунад.

 

Моҳи гузашта низ, ки Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфта буд танҳо як таҳдиди низомии ҷиддӣ аз сӯйи Амрико метавонад сиёсати атомии Эронро тағёир диҳад, вазири дифоъи Амрико изҳор дошт бо чунин дидгоҳе мувофиқ нест. Роберт Гейтс гуфт Амрико ҳозир аст ҳар иқдоме барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба тавоноии ҳастаӣ анҷом диҳад, аммо дар марҳилаи кунунии таҳримҳо асароте бисёр амиқтар аз он чи мақомҳои Эрон тасаввур мекарданд, доштааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3848-2010-12-13-06-32-16.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ