07:16:42 02-уми Июли 2025 сол

ДАЪВАТИ МУҚТАДО САДР БАРОИ ҲАМКОРӢ БО ҲУКУМАТИ МОЛИКӢ

Муқтадо Садр, рӯҳонии бонуфузи шиъамазҳаби ироқӣ ба думболи бозгашташ ба Ироқ, дар нахустин суханрониаш аз тарафдоронаш хост бо ҳукумати нави кишвараш ҳамкорӣ кунанд.

 

muqtado sadrӮ айни замон онҳоро ба муқовимати ғайримусаллаҳона алайҳи Амрико ва ба гуфтаи ӯ “тамоми ишғолгарони Ироқ” даъват кард. Рӯзи шанбе ҳазорон нафар барои шунидани суханронии Муқтадо Садр дар шаҳри Наҷаф ҷамъ омаданд, ки ӯ аввали ҳамин ҳафта баъди тақрибан чаҳор сол аз шаҳри Қуми Эрон ба ватанаш бозгашт. Ин рӯҳонии ҷанҷолбарангез ва қудратманди ироқӣ аз тарафдоронаш хост, ба Амрико ва тамоми ба гуфтаи ӯ ишғолгарони хориҷӣ, муқовимат кунанд.

 

Ҷаноби Садр гуфт: “Ироқ марҳилаҳои сахтеро пушти сар кардааст, ки мардумро ошуфта ва ваҳшатзада кард ва барои ҳама мояи нороҳатӣ буд, ба истиснои душманони муштараки мо, Амрико, Исроил ва Бритониё. Аз ин рӯ аз паси ман такрор кунед, Нест бод Амрико, Нест бод Амрико.”

 

Вай гуфт, муқовимат маънии ба даст гирифтани силоҳро надорад, “муқовимат ба маънии ин нест, ки афрод бояд силоҳ ба даст бигиранд, балки ба муқовимати фарҳангӣ рӯ биёранд.” Муқтадо Садр бо раҳандозии ду ошӯб алайҳи нерӯҳои Амрико, ки соли 2003 ба Ироқ ҳамла карданд шинохта шудааст ва артиши Меҳдии ӯро аз омилони хушунатҳои мазҳабӣ дар Ироқ медонанд.

 

Муқтадо Садр дар Наҷаф ваъда дод, ки нерӯҳояш ба ҳамватанони ироқии худ осеб нахоҳанд расонд. Ӯ ҳамчунин аз ироқиҳо даъват кард, ки аз ҳукумати нав ба раҳбарии Нурӣ Ал-Моликӣ ҳимоят кунанд. Ин рӯҳонӣ айни замон ҳушдор дод, ки агар ҳукумати Моликӣ бар аҳдаш барои ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ то охири сол аз Ироқ вафо накунад, ӯ ва ҳампаймонҳояш “абзори сиёсие” барои фишор бар ҳукумати Моликиро доранд.

 

Рӯҳонии 37-солаи ироқӣ соли 2007 Ироқро тарк кард ва ба гуфтаи дастёронаш, тайи чаҳор сол дар шаҳри Қуми Эрон ба омӯзиши улуми динӣ машғул буд. Маълум нест, ки ӯ то кай дар Ироқ мемонад.

 

Тоҳири Сафар, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4094-2011-01-08-14-20-20.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ