21:03:28 01-уми Июли 2025 сол

ИДОМАИ ДАРГИРӢ ДАР ҚОҲИРА ВА АФЗОИШИ ТАЛАФОТ

Гузоришҳо баёнгари шунида шудани садои тирандозии сангин дар Қоҳира ва афзоиши талафот аст. Шоҳидони айнӣ аз кушта шудани ҳадди ақал се нафар дар соъатҳои ибтидоии бомдод дар майдони Таҳрири Қоҳира хабар медиҳанд.

 

cairoИн дар ҳоле аст, ки задухурди мувофиқон ва мухолифони Ҳуснӣ Муборак дар ин майдон, ки аз рӯзи чаҳоршанбе (2 феврал) оғоз шуд, то посе аз шаб идома дошт. Бо равшан шудани ҳаво бар шиддати хушунатҳо дар майдони Таҳрир афзуда шудаст. Артиш аз наздик шудани мухолифони давлат ба майдони Таҳрир барои пайвастан ба соири мухолифон худдорӣ кардааст. Манобеъи давлатии Миср ҳанӯз гузоришҳои мунташиршуда дар бораи талафоти ҷадидро таъйид накардаанд ва гузоришҳои таъйиднашуда аз эҳтимоли афзоиши кушташудагон хабар медиҳад.

 

Ромӣ Рауф, веблогнависи мисрӣ ва аз мухолифони ҳукумат, дар паёме, ки аз майдони Таҳрир ба рӯйи шабакаи иҷтимоъии Твитер мунташир кард, навишт: "Садои тирандозиро мешунавем ва сипас мутаваҷҷеҳи маҷруҳ шудани афроде дар миёни тазоҳуркунандагони мӯътариз мешавем. Ташхиси ҷиҳати тирандозӣ мушкил аст."

 

Мақомҳои мисрӣ пеш аз ин аз кушта шудани се нафар ва маҷруҳ шудани бештар аз шашсад нафар дар хушунатҳои чаҳоршанбе хабар дода буданд. Вазорати умури хориҷаи Омрико аз ҳама шаҳрвандони ин кишвар, ки дар пайи хуруҷ аз Миср ҳастанд, хостааст ба маҳзи поёни манъи рафту омади шабона худро ба фурудгоҳи Қоҳира бирасонанд. Ин вазоратхона дар паёме, ки бар рӯйи Твитер мунташир кард, дарангро ҷоиз надонистааст. Созмони Милали Муттаҳид теъдоди кушташудагон дар нооромиҳои даҳ рӯзи гузашта дар Мисрро ҳудуди сесад нафар тахмин мезанад.

 

Тазоҳуроти давлатӢ

Майдони Таҳрири Қоҳира рӯзи чаҳоршанбе ба саҳнаи набарди майдони мувофиқон ва мухолифони Ҳуснӣ Муборак табдил шуд. Теъдоди зиёде аз ҳаводорони оқои Муборак дар ин рӯз ба майдони Таҳрир омаданд ва пас аз даргирии каломӣ бо мӯътаризон ба сӯйи онҳо ҳамлавар шуданд. Ду тараф бо сангу чумоқ ба ҳам ҳамлавар шуданд ва артиш аз мудохила худдорӣ кард.

 

Теъдоде аз тарафдорони оқои Муборак дар ҳоле ки савор бар шутур ва асб буданд, ба мӯътаризон ҳамла карданд. Рухдодҳои рӯзи чаҳоршанбе дар Қоҳира интиқоди шадидро ба ҳамроҳ доштааст. Кохи Сафед ин хушунатҳоро мунзаҷиркунанда донист ва Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Омрико, аз давлати Миср хост дар ин бора таҳқиқ ва бо омилони он бархурд кунад.

 

Сенотур Мак Кейн хостори канорагирии фаврии Муборак аз қудрат шуд. Ҷон Мак Кейн, сенотури ҷумҳурихоҳ ва рақиби интихоботии оқои Убомо ҳам хостори канорагирии фаврии оқои Муборак аз қудрат шудааст. Як тазоҳуркунандаи зиддидавлатӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки фаъолони ҳаводори Муборак хушунатро шурӯъ кардаанд.

 

Ин мард, ки Закариё ном дошт, гуфт: "Онҳо шурӯъ ба санг андохтан карданд. Баъд теъдоде аз мо шурӯъ ба санг андохтан ба тарафи онҳо кардем ва баъд онҳоро аз майдон рондем. Онҳо як бори дигар бо аспу шалоқ ва авбош баргаштанд."

 

Мухолифон мегӯянд, ки бисёре аз аъзои гурӯҳи ҳаводорони давлат, афроди аҷиршуда ҳастанд ва нерӯҳои атрофи майдон ба онҳо иҷозаи вуруд додаанд. Садои мукаррари рагбори гулӯла шунида шудааст. Баъзе гузоришҳо ҳокист, ки нерӯҳои давлатӣ барои пароканда кардани тазоҳуркунандагон тири ихтор шилик кардаанд.

 

Иброҳим Зардон, ҳамоҳангкунандаи гурӯҳи мухолифи "Анҷумани миллӣ барои тағйир", ба Би-би-сӣ гуфт, ки баъзе аз фаъолони ҳаводори давлат аз аслиҳаи гарм истифода карданд ва 15 нафарро ҳадаф қарор додаанд. Ҷермӣ Буен, дабири Ховари Миёнаи Би-би-сӣ, ки дар маҳалли тазоҳуроти имрӯз ҳузур дошта, мегӯяд, ки шоҳиди ҷароҳоти шадиде будааст. Вазири беҳдошти Миср ба хабаргузории Осушиейтед пресс гуфт, ки як маъмури амниятӣ дар асари афтодан аз пул ҷон бохтааст. Ӯ афзуд, ки ду нафари дигар дар асари ҷароҳоти ворида, ки иллати онҳоро мушаххас накард, дар бемористон ҷон бохтаанд. Маълум нест, ки оё онҳо мунтақидон ё ҳаводорони оқои Муборак буд.

 

Бо торик шудани ҳаво, афроде, ки аз рӯйи бомҳо ба рӯйи мӯътаризон санг ва бумби оташзо меандохтанд, мушоҳида шуданд. Бисёре аз тазоҳуркунандагони зиддидавлатӣ ҳамчунон дар майдони Таҳрир ҳастанд. Хабарнигори Би-би-сӣ дар Қоҳира мегӯяд, ки вазъият дар онҷо муташанниҷ аст. Роҷер Ҳордӣ, таҳлилгари Ховари Миёна дар маркази Вудру Вилсун, ба Би-би-сӣ мегӯяд, ки пеш аз ёфта шудани роҳи ҳалле барои ин буҳрон, авзоъ метавонад хеле бадтар шавад. Ӯ меафзояд "ман эҳсос мекунам майдони Таҳрир метавонад ба майдони Тиёнонмени арабӣ бадал шавад."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4336-idomai-dargiriho-dar-kohira.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ