17:23:20 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДАР АМРИКО ИҲОНАТ БА ИСЛОМРО БА ҲАДДИ АЪЛО РАСОНДАНД

Ҳаттоки амрикоӣ, ки моҳи гузашта шоҳиди қуронсӯзӣ дар калисои худ дар Флорида буд, густохиро ба ҳадди аъло расонид ва ваъда ба иқдоми иҳонатомези дигаре дод. Ба гузориши хабаргузории «Форс», Террӣ Ҷонз дар мусоҳибае бо ҳафтаномаи «Сондӣ телегроф» гуфт: «Қатъан ин амр дар дасти баррасӣ аст, ки зиндагии Муҳаммад (с) дар оянда мавриди муҳокима қарор гирад».

terry jonsҶонз кашиши ифротиест, ки чанд моҳ қабл баҳси қуръонсӯзиро дар солгарди ҳодисаи 11 сентябр матраҳ карда буд, ки ба далели вокуниши тунди мусалмонон дар  ҷаҳон аз ин кор ақибнишинӣ кард. Аммо моҳи гузашта вай дар калисои худ шоҳиди муҳокима ва сӯзонидани Қуръон шуд.

Ин амр боиси барангехта шудани хашми мусалмонон дар саросари ҷаҳон ва ҳамчунин дар Афғонистон шуд, ки оқибати он дар тазоҳуроти  дар Мазори Шариф суратгирифта чандин нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Вай дар дифоъ аз қуръонсӯзӣ дар калисои худ гуфт: Ончӣ тағйир кард ин буд, ки мо як додгоҳ ташкил додем. Аз ин ҳайс, ки мо фақат Қуръонро насӯзонидем, гарчӣ натиҷаи он Қуръонсӯзӣ буд. Агар шумо дар Амрико як нафарро гунаҳкор бишносед, ба хона намеравед. Бояд муҷозоте вуҷуд дошта бошад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти аршади амрикоӣ дар вокуниш ба ин иқдоми муҳини Террӣ Ҷонз эълом кардаанд: «Иҳонати вай ба дини ислом мумкин аст зиндагии низомиёни амрикоӣ дар Афғонистонро ба хатар биандозад».

Нодир Одилов, донишманд ва исломшиноси тоҷик, дар мавриди Қуръонсӯзӣ, муҳокимаи Қуръон ва муҳокимаи зиндагии ҳазрати Муҳаммад(с) назари худро дорад. Ӯ мегӯяд: Ин муҳокима фақат муҳокимаи Қуръони азимушаън нест. Соли 2007 дар Гурҷистон дар як Кунгураи байналхалқӣ будам, дар ҳамон ҷо як кас дар ҳамин мавзӯъ баромад кард ва гуфт, ислом барои гуфтугӯи тамаддунҳо халал мерасонад, Қуръон фалону фалон аст.

Баъд ман гуфтам, ки гӯш кунед: агар шумо фақат мегӯед, ки Қуръон ин китобест, ки барои гуфтугӯи тамаддунҳо халал мерасонад ва ин китобест, ки чандон шариф нест, дониста бошед 50 дар сади он ба Таврот, Забур ва Инҷил тааллуқ дорад. Чунки дар Қуръон сураи Юсуф сураест, ки дар Инҷил бобе бо номи «ҳастӣ» вуҷуд дорад ва дар ҳамон боб, бобча-порографе бо номи Ийосиф ҳамонро хонед, баъд аз ояти дуввум вақте мегӯяд, ки Юсуф хоб…то охир як хел аст, ҳамин қисса ҳам дар Таврот ва ҳам дар Қуръон якхел аст. Дигар оятҳо низ ҳастанд, ки аз он ҷо гирифта шудаанд.

Ба ғайр аз ин вақте ки наздик ба ҳафтод нафар аз саҳобаҳо ба Ҳабаша ҳиҷрат карданд ва сардори он мамлакат насронӣ ва номаш Негус, бо арабӣ Наҷҷошӣ буд, Абӯҷаҳл ва Абӯлаҳаб ба қавми худ гуфтанд, ки рафта ба Наҷҷошӣ гӯед, ки ин қавм (яъне муҳоҷирон)-ро дар сарзаминаш роҳ надиҳад. Наҷҷошӣ гуфт ман бо онҳо сӯҳбат мекунам. Сардори муҳоҷирон Ҷаъфар, бародари ҳазрати Алӣ буданд ва онҳо оилавӣ хеле босавод буданд, Наҷҷошӣ гуфт, ки дар бораи динатон ягон чиз нақл кунед, Ҷаъфар нақл кард ва чанд ояте аз сураи Марям хонд. Наҷҷошӣ баъд аз шунидани он гуфт, ки ин китоби шумо ба дини мо бисёр наздик будааст.

Ҳамин қисса дар Инҷил низ ҳаст. Ин бехирад агар Қуръонро сӯзонад гӯё Инҷил, Забур ва Тавротро сӯзонидааст…

kholikovАгар зиндагии Паёмбар(с)-ро мавриди муҳокима қарор бидиҳад, ба фоидаи Паёмбар(с) анҷом мепазирад. Агар дар бораи демократия сухан равад, демократтарин инсон ҳазрати Муҳаммад (с) буд… бигзор, зиндагии Муҳаммад (с)-ро мавриди муҳокима қарор бидҳад, мо ҳам иштирок мекунем ва мегӯем, ки демократитарин инсон ва озодихоҳтарин одам Пайғамбари Акрам (с) буд! Мо аз муҳокима кардан наметарсем. Мо ҳам дар он муҳокима иштирок мекунем ва мегӯем, ки чӣ ҳаст ва чӣ нест…

Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдурраҳим Холиқов, ин амали Террӣ Ҷонсро маҳкум кард ва мавқеъи худро дар ин замина бо ин байти Саъдӣ ифода кард:

Санги бадгавҳар агар  косаи зарин шиканд,

Қиммати санг наяфзоду зар кам нашавад.

Ин даъво ягон асоси воқеӣ надорад ин ҳама аз сатҳи дониш ва биниши худи ҳамон одам вобастагӣ дорад ва фикр мекунам, агар ба ин чизҳо дода нашавем беҳтар аст.

hoji mirzoҲоҷӣ Мирзо, рӯҳонӣ ва воизи саршиноси тоҷик, дар посух ба ин ки: мо ҳамчун уммат, ҷонибдор ва дӯстдори Муҳаммад(с) ҳақ дорем, ки зиндагии ӯро мавриди муҳокима қарор бидиҳем? Гуфт: «Террӣ Ҷонс, ки қуръонсӯзӣ кард, ҳамин хел хабарҳо ва ҳамин хел муомила кардан бо Қуръон дар худи Қуръони карим низ омадааст. Ман ҳамчун як мусалмон ва бародари исломӣ нисбат ба ин кас гуфтаниям: «Тавре Паёмбарамон (с) ҳикоят мекунанд, ки вақте ки ҳазрати Нӯҳ (а) қавмашро даъват мекард, мегуфт: Худоро ибодат кунед, Худоро итоат кунед ва аз Худо битарсед. Дар қиболи ҳамин далолати нек онҳо ба ҷои дастбӯсӣ, Нӯҳ (а)-ро мавриди лату кӯб қарор доданд. Ҳазрати Нӯҳ (а) баъд аз ин ҳама чунин дуо мекард: «Худо ин қавми маро мағфират кун, зеро ки  онҳо намедонанд.

mazari sharifМақсад, ки онҳо аз рӯи нодонӣ итоаткунанда ва пайрав намешаванд. Имшаб аз барномаи «Вести» дод, ки дар Қандаҳори Афғонистон аз пушти ҳамин кор тазоҳуроте, шудааст. Ҳамин одамро ҳамчун як одами бемор гуфт. Ба иттилои ҳамин барнома, равоншиносони амрикоӣ ташхис карда гуфтаанд, ки Террӣ Ҷонс, дар майнаи сараш чӣ норасоие доштааст. Яъне одами бемор будааст. Бемориашро ошкор кардаанд. Агар онро бемор ҳам намегуфтанд, мо мегуфтем, ки бемории қалб ва бемории нофаҳмӣ дорад. Вале дар кардаи як одам ва дар симои ҳамин кас, бубинед, тамоми мардуми Амрико дар чашми мардуми мусалмон бад менамояд».

- Ҳазрати домулло, дар ҳамин ҳол мо мардуми мусалмон ҳақ дорем, ки зиндагии ҳазрати Исои Масеҳ ва модари ӯ Марямро аз нигоҳи худи ҳамон чанд Инҷиле, ки доранд, мавриди муҳокима  қарор бидиҳем ва мо низ як рӯзро барои муҳокимаи он ду муайян кунем?

- Ба ақидаи ман, дар ивази кардаи ҳамин кас, мо набояд Инҷил ва зиндагии ҳазрати Исоро дар муҳокима гузорем. Бузургеро гуфтаанд: «Адабро аз кӣ омӯхтӣ? Гуфт: «Аз беадабон. Ҳар чӣ онҳо карданд дар назарам бад омад, ман таркаш кардам».

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 06.04.2011 21:51
charo mardumi mo tazohurot nakardand magar musalmon nistan
 
 
0 #1 Guest 05.04.2011 21:10
Салом ба хамагон! Ташаккур барои чунин як маколаи пурмазмун. Рости вакте ба ин сомона пайвастам, акси ин бадбахти терри чонсро дидам, бенихоят шод шудам. Худованд аз ин ба баъд бадбахт шавию дар газаби Худо гирифтор.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi