16:36:48 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АФҒОНИСТОН: ДАВЛАТИ ИСЛОМИРО ДАР ҚАБРИСТОН НАМЕСОЗАНД

Афғонистон аз дарун чӣ гуна менамояд? Дар «бозори сулҳ» чӣ мефурӯшанд? Оё таҷрибаи тоҷикон барои сулҳи Афғонистон муфид аст? Чӣ гуна як ҷумлаи уламои тоҷик уламои Афғонистонро такон дод? Оё сохтани давлати исломӣ дар қабристон имкон дорад? Нигоҳи мардуми Афғонистон ба Эмомалӣ Раҳмон чист? Роҳбари толибон Мулло Умар ба С.А.Нурӣ чӣ гуфт? Паёми Раббонӣ ба мардуми тоҷик чист? Панҷшерӣ будан чӣ маъно дорад? Иштибоҳҳои асосии Амрико дар Афғонистон чӣ буданд? ИМА аз Афғонистон чӣ гуна хориҷ мешавад? Ва ниҳоят, фарқи сулҳ аз ҷанг дар чист? Ин саволҳоест, ки дар ин сафарнавиштаи муҳаққиқ ва сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо атрофи онҳо сухан меравад. Чун дар ин навиштаҳо нуктаҳои муҳим хеле зиёданд бо вуҷуди гузаштани вақти нисбатан муайяне аз ин сафар мо зарур донистем, ки онҳоро манзури алоқамандони сомонаи «Рӯзгор» намоем».

Оғоз

rahnamo-785444.jpgБо даъвати Конуни таҳқиқоти илмӣ ва исломии Афғонистон аз 21 то 28 апрели сли 2011 меҳмони расмии ин кишвар будам. Сафар дар чорчӯби барномаи ин Конун дар тақвияти раванди сулҳ дар Афғонистон баргузор шуда, силсилаи маҳфилҳо, семинарҳо, мусоҳибаҳо, мулоқотҳо ва конфронсҳоро дар бар мегирифт. Ва дар тамоми ин раванд нақши банда дар сатҳи «дипломатияи мардумӣ» ҳамагӣ аз як чиз иборат буд: баррасии имкони истифодаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои таҳкими сулҳ дар Афғонистон. Нақше мушкил, ҳассос, ифтихорӣ ва бисёр масъулона. Вале ин сафар нуктаҳо, диданиҳо, гуфтаниҳо ва шуниданиҳои бисёр муҳимме дошт, ки ба назарам, баёни мухтасари баъзе аз онҳо барои муҳити дохилии мо низ ниҳоят зарурӣ мебошад.   

Раванди сулҳ ё бозори сулҳ?

Нуктаи марказии сафар иштирок ва суханронӣ дар конфронси «Сулҳ аз дидгоҳи ислом» буд, ки рӯзи 26.04.2011 дар толори бошукӯҳи меҳмонхонаи «Инсоф» дар маркази Кобул доир гашт. Вале бардошти ман аз чанд рӯзи ширкат дар баҳсҳо перомуни сулҳи Афғонистон ин шуд, ки он ҷо на раванди сулҳ, балки бозори сулҳ дар ҷараён аст. Ҳар кишвари хориҷӣ, ҳар созмони байналмилалӣ, ҳар нирӯи дохилии сиёсӣ варианти худро аз сулҳ пешниҳод карда, дар он манфиати  худро ниҳода ва аз он ҳимоят мекунад. Сулҳ барои кишварҳо, созмонҳо ва ҷонибҳо маънои гуногун гирифтааст, маънои таъмини манфиати худ. Гӯё ҳама сулҳро мехоҳанд, вале дар варианти худ. Ин ибораҳои банда барои бисёре аз мусоҳибон ва хабарнигорон ҷолиб буд ва дар айни замон суол мекарданд, ки агар шумо ин равандро «бозори сулҳ» ё «бизнеси сулҳ» меномед, пас дар ин бозор манфиати Тоҷикистон дар чист?

Ҷавоб: Мавқеи расмии Тоҷикистонро мақомоти кишвар ба таври расмӣ баён мекунанд, вале агар аз назари коршиносӣ гирем, манфиати Тоҷикистон дар раванди сулҳи Афғонистон худи сулҳ аст. Худи сулҳ, оромӣ ва амнияти Афғонистон. Мо ба сулҳ дар ин кишвар ҳам аз назари эътиқодӣ, ҳам аз назари робитаҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳам аз назари сиёсию амниятӣ алоқа дорем ва суботу осудагии Афғонистон суботу осудагии моро низ бештар мекунад. Вале муҳимтар аз ҳама, рушди ояндаи Тоҷикистон ба рушди робитаҳо бо ҷануб бисёр вобаста мебошад. Агар Афғонистон амну ором набошад, бо пулҳое, ки рӯи Омӯ сохтаем, ба куҷо мебароем? Пас, худи сулҳ дар Афғонистон айни манфиати мост. Аз ин рӯ, вақте мо дар бораи сулҳ дар Афғонситон сухан мегӯем, нигоҳи бозорӣ надорем, мо як вариант дорем, ки он худи сулҳ аст. Ва дар ин нукта манфиати мардуми Тоҷикистон ва мардуми Афғонистон муштарак аст. 

«Давлати исломӣ» дар қабристон?

Дар мизи гирди «Уламо ва сулҳ» ва дар конфронси Кобул мизбонон талош доштанд, ки қишрҳои миёна ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварро ба раванди сулҳсозӣ ҷалб намояд. Аз сӯҳбатҳо мушаххас буд, ки гарчӣ дар Афғонистон дар мавриди сулҳ суханони бисёр гуфта шудаанд, аммо худи раванди сулҳофарини ҳанӯз чандон пешрафт надорад. Дар канори сабабҳои дигар, яке аз иллатҳои ин вазъият ниҳоят идеологӣ шудани фазои ҷомеа ва аз ҷумла, идеологӣ шудани тафаккури динии ҷомеа мебошад. Дар Афғонистони имрӯз қариб ҳамаи нирӯҳо аз барқарории шариат ва давлати исломӣ сухан мегӯянд ва ҳатто нирӯҳое ҳастанд, ки зери ин шиор роҳҳои харобиовари муборизаро истифода менамоянд. Онҳо баъзан мактабҳоро метарконанд, ободиҳоро вайрон мекунанд, биноҳоро оташ мезананд, роҳҳоро хароб месозанд, занону кӯдаконро қурбон месозанд. Ва ба ин тариқ Афғонистон рӯз аз рӯз ба як вайрона ва ба як мотамкадаи бузург табдил мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, банда аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ибораеро ёдовар шудам, ки роҳбарони Иттиҳоди мухолифини тоҷик, аз ҷумла, марҳум С.А.Нурӣ дар шарҳи пайвастани худ ба раванди сулҳ гуфта буданд: «Мо намехоҳем давлати исломиро дар қабристон бунёд кунем». Яъне, агар мо Тоҷикисонро бо таркондану куштану сӯхтан рӯзе ба даст орем ва ба ҳукумат бирасем, вале агар онро ба як вайрона ва қабристони умумӣ табдил карда бошем, пас чӣ фарқ дорад, ки номи ин қабристонро «исломӣ» гузорем, ё «дунявӣ» ё «демократӣ». Пас, ҳар тарҳе ва ҳар андешае ҳаст, барои Тоҷикистони обод маъно дорад, на барои қабристон…

Ин андеша аз сӯи ҳозирин ба ҳадде ҷиддӣ ва муҳим арзёбӣ гашт, ки дар чандин маҳфилҳо касоне, ки сухан мекарданд, онро ҳамчун паёми муҳимме аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҳозирин ёдрас менамуданд. Мавлавӣ Абдулбасир, шахсияти барҷаста ва узви Шӯрои уламои Афғонистон дар суханронии худ чунин гуфт: «Мо Устод Нуриро шахсан мешинохтем, бисёр дидем, гоҳо байни худ мегуфтем, ки эшон саводи динии паст доштанд. Вале ҳоло ин ҷумлаи эшонро шунидем, мегӯям, ки як ҳамин ҷумла ин қадар ҳарфи бузург аст, ки дар ин кишвар, дар ин минтақа намегунҷад… Ин илму ин мавлавигии мо пеши ҳамин дарк ва ҳамин сухан ҳеҷ…»

Ин навъи нигариши марҳум С.А.Нурӣ хусусан, аҳли нишаст дар конфронси Кобулро (26.04.2011) такон дод, ба худ овард, ба фикр водор намуд ва ба баҳси меҳварӣ табдил шуд. Ва ман ин муҳокимаю суханрониҳоро шунида, беихтиёр дар ифтихори ашколуде фурӯ мерафтам, ки сухани як ҳамватани мо чунин ҷиддӣ пазируфта шуда, чунин инқилоби фикриро ба вуҷуд овард… Пас фикри гӯяндаи он то куҷо дур буда ва ин сухан то чӣ ҳад амиқ будааст, сухане, ки дар ватани гӯянда шояд дигар ба ёд ҳам намеоранд…

Сулҳ ё шариат?

Баъди суханронӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Кобул, ки низ дар мавриди сулҳ буд, баҳс васеъ шуд ва шогирде суол кард, ки тавсияи шумо чист: мо сулҳро интихоб намоем ё шариатро? Посух: Шумо сулҳро ҳамчун фармудаи шариат интихоб намоед. Зеро аввалан, шариат низ шуморо ба сулҳ даъват мекунад, сониян, иҷрои дурусту комили фароизи исломӣ низ фақат дар сурати сулҳу суботу ободӣ  имконпазир аст… Ва боз ҳамон фармудаи марҳум С.А.Нуриро ёдрас намудам, ки «давлати исломӣ» дар қабристон чӣ маъно дорад? Ва пеши ин сухан ҳамагон такон хӯрданд, ҳамагон сар фурӯд оварданд… ва гуфтанд: Маҳз ҳамин андеша метавонад наҷоти Афғонистон бошад…

Эмомалӣ Раҳмон- қаҳрамони Афғонистон?

Агар роҳбареро дар кишвари худаш шиносанд, васфу эҳтиром бикунанд, ҳарфе оддист. Хусусан, дар ҷомеаҳое, ки чоплусиву маддоҳӣ фарҳанг шуда бошад, зеро ниме вобаста асту ниме тамаъкор. Вале агар мардуме дар хориҷ, бе ҳеҷ вобастагӣ роҳбари кишвари дигареро бишносанд, эътироф кунанд ва эҳтиром гузоранд, ҳарфи ҷиддист. Ва чизе ки дар ин сафар барои ман бисёр ҷолиб буд, нигоҳи пур аз эҳтироми шахсиятҳо ва ҷомеаи Афғонистон нисбат ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар бештари мулоқотҳо чӣ шахсиятҳои кишварӣ ва чӣ мардуми оддӣ ҳатман фурсате пайдо карда, мегуфтанд: «Хуб Раисиҷамҳуре доред!» Аз мушоҳидаву шунидҳои фаровон дарёфтам, ки номи Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми Афғонистон пеш аз ҳама се маънӣ дорад:

1.Роҳбаре, ки барои кишвари худ сулҳ овард. Ин нақш дар зеҳни мардуми Афғонистон бузургтару муқаддамтар аз ҳар чизи дигар аст. Ва имрӯз маҳз  мардуми Афғонистон, ки 40 сол дар оташи ҷанг месӯзад, метавонад дарк кунад, ки сулҳ овардан чӣ нақшест. Аз ин рӯ, онҳо номи Эмомалӣ Раҳмонро бо чӣ эҳсосоте ва бо чӣ ҳавасе ба забон меоранд...

Раиси Шӯрои уламои Афғонистон, шахсияти бисёр калидии ин кишвар Мавлавӣ Қиёмуддини Кашшоф, ки дар Симпозиуми ҷаҳонии Имоми Аъзам(р) дар Душанбе ширкат доштааст, чунин ёдовар шуд: «Моро худи Раисиҷамҳур меҳмондорӣ карданд, иту дарраҳои хуб, дарё, меҳмонхонаҳои хуб, анвоъи меваҳо пеши мо мегузоштанд, шароити олӣ. Мо ҳамаи инро медидем, вале ҳуши мо ба як чиз банд буд, ки ин шахс тавониста ба мардуми худ сулҳ биёра ва кишварро чунин осудаву озода соза…, ба ёди вазъияти Афғониситон ҳаму меваҳо аз гулӯмон намегузашт…» 

2.Роҳбаре, ки дар рӯзи сахти муқовимат бо «Толибон» мардум ва раҳбарони мардумии Афғонистонро паноҳ дод ва кумак кард. Ва чандин шахсияти бузурги ин кишвар мулоқоташонро бо ин ибораи самимӣ оғоз мекарданд: «Тоҷикистон, хонаи рӯзҳои ғаму шодии мо…» Ин ҳарфҳо шояд аз назари дипломатию давлатдорӣ дар чорчӯб набуд, вале самимияту одамият бар протоколу дипломатия ғолиб мешуд ва онҳо наметавонистанд бо дидани як бародари тоҷики худ нагӯянд, ки «Тоҷикистон, хонаи рӯзҳои ғаму шодии мо…»

3.Роҳбаре, ки ҳамеша масъалаи Афғонистонро ҳама ҷо аз нигоҳи ҳамсоя ва бародар матраҳ мекунад ва робитаҳои самимонаи инсонӣ бо давлат ва мардуми Афғонистон дорад. Ҳатто суханронӣ ва симои Эмомалӣ Раҳмон барои онҳо мавриди таваҷҷӯҳ буд. Яке аз муовинони сиёсии Вазорати дифои Афғонистон генерал Фаридмуҳаммад, ки низ узви комисюни сулҳ аст, ҳамаи эҳсосу эҳтироми худро дар мавриди Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса карда, бо лаҳҷаи хосси худ чунин мегуфт: «Валлоҳ, Раисиҷамҳури Шумо оғост, кокост, бехи хуб одам аст! Чеҳраи тоҷикиро ба сатҳи ҷаҳон овард…»

Ҳамин тавр, чӣ дар маҳфилҳои илмию сиёсӣ ва чӣ дар муҳитҳои мардумии Афғонистон шахсияту симои роҳбари Тоҷикистон бисёр шинохта мебошад. Баъзе аз мардум ҳатто суханрониҳояшро аз телевизони моҳвораӣ гӯш мекунанд…

Чизи дигаре, ки эҳсос мешавад, бисёриҳо дар Афғонистон намехоҳанд давлатдории Эмомалӣ Раҳмон камтарин осеб бинад. Дилсӯзии самимонаи онҳоро дар як мисол ба хубӣ мушоҳида намудам: имрӯзҳо онҳо аз расонаҳо хабар ёфтаанд, ки дар Тоҷикистон лоиҳаи қонуни масъулияти волидайн матраҳ аст, ки тибқи он ҷавонон наметавонанд ба масҷид раванд. Бисёре аз касоне, ки мулоқот мекунанд, дар ин бора ҷуръати ошкоро пурсидан накарда, оҳиста мепурсанд, ки «Ҷаноби доктар, ҳамин хабар рост аст, ки чунин қонуне матраҳ аст, валлоҳ, бехӣ нигарон шудем…». Ба назари онҳо, сабаби ташвишу нигаронияшон дар ин будааст, ки тибқи таҷриба дар ҷаҳони ислом ҳар ҳукумате, ки чунин барномаҳоро доштааст, поёни хубе надоштааст. Ва онҳо ин ташвиши дӯстдоронаи худро бисёр зарифона мерасониданд ва мегуфтанд: «Мо бисёр дӯсташ медорем, беҳтарин сарвар аст, ҳами ба дин ғараз нагира (кордор нашавад), аз ӯ беҳтар шахсияте дар кулли мантақа нест».

Онҳо байни худ баҳс мекунанд ва самимона намехоҳанд, ки чеҳраи мӯътабари Эмомалӣ Раҳмон осеб бинад ва онҳо дар ин лоиҳаи қонун хатареро барои ҳукуматдории ӯ дида, самимона изҳори ташвиш мекунанд… Вақте чунин баҳсро матраҳ карданд, Мавлавӣ Кашшоф дар ин маврид чунин ҷавоб дод: «Ҳатман ин хабар як тӯҳмати душманон аст, зеро мо бо чашми худ дидем, ки Эмомалӣ Раҳмон барои ислом чӣ эҳтироме қоил аст. Агар роҳбарони кишварҳои пулдори арабӣ 10% аз талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро барои бузургдошти ислом ва хусусан, ҳазрати Имоми Аъзам(р) мекарданд, бисёр мушкилоти сиёсӣ ва мазҳабии ҷаҳони ислом ҳал мешуд… Мо дараҷаи хидмат ва мусалмонии Эмомалӣ Раҳмонро бо чашми худ дидем, он шукӯҳу азамати Конгураи Имоми Аъзам дар Душанберо дар ҳеҷ ҷои ҷаҳон надидем…»

Чун он ҷо ҷои баҳс набуд, дар баробари ин саволу нигарониҳо ҷавоби ман ин буд, ки на, феълан ин фақат як лоиҳа аст ва умедворам порлумони кишвар ин банди онро ба нафъи ҷомеа тасҳеҳ хоҳад кард… Вале эҳсос мекардам, ки онҳо бо чӣ самимият дар бораи эҳтиёти давлати тоҷикон ва сарвари он сухан мегуфтанд. Хулоса, агар маҷмӯи таваҷҷӯҳи сатҳҳои гуногуни мардуми Афғонистон нисбати Эмомалӣ Раҳмонро дар назар гирем, метавон гуфт, ки имрӯз ӯ яке аз матраҳтарин чеҳраҳо ва яке аз қаҳрамонҳо миёни мардуми Афғонистон аст… Ва вақте дар хориҷ ин воқеиятро дар ҳар қадам мебинӣ ва мешунавӣ, боз ҳам сина пур аз ифтихор мегардад… Ва ин адабиёт нест, ин як ҳарфи шоирона нест, ин тасвири як воқеият аст, ки дар сухан намеояд… 

Оё сулҳи Тоҷикистон як таҷриба аст?

Шояд Тоҷикистон дар бахшҳои дигар сухани гуфтании камтаре дошта бошад, аммо дар масъалаи сулҳ гуфтаниҳои ҷиддие дорад. Ва ҷиддитарин далел барои ҷиддӣ будани таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон худи мавҷудияти сулҳ аст, ки акнун ҳудуди 15 сол  ҳамчун як воқеият побарҷост. Воқеияте ғайри қобили инкор. Ва ҳарфи ман ин буд, ки ҳатмӣ нест, ки намунаи сулҳ барои мардуми Афғонистон аз ҷойҳои дур ва машҳур  оварда шавад, балки вақте дар ҳамин ҳамсоягии шумо чунин таҷрибае дар чунин муддат амалан кор мекунад, ҳатман омӯхтаниҳое низ дорад.

Албатта, ин даъво дуруст нест, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон сад дар сад барои ҳалли қазияи Афғонистон муносиб аст. Зеро сулҳи Тоҷикистон дар шароити дигари замонӣ, маконӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ эҷод шудааст. Илова бар ин, бӯҳрони Афғонистон як бӯҳрони басе печидатар ва амиқтар аз масъалаи Тоҷикистон аст. Вале, дар айни замон, дар таҷрибаи тӯлонии раванди сулҳи Тоҷикистон (4 соли музокирот, 3 соли кори КОМ ва солҳои барқарории баъдиҷангӣ) нуктаҳои бисёр муҳимми амалие ҳастанд, ки метавон дар тақвияти раванди сулҳ дар Афғонситон ба кор гирифт.

Дар мулоқоту маҳфилҳо ин масъаларо дар чанд сатҳ ба миён гузоштем: омӯхтани саҳм ва навъи иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҷрибаи иштироки давлатҳои минтақавӣ, таҷрибаи мушорикати ҷонибҳо ва роҳбарони онҳо дар раванди сулҳ, мушорикати қишрҳои пуртаъсир ва ҷомеаи шаҳрвандӣ... Ҷанбаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, низомӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто иқтисодии сулҳ… Яъне, лоиҳаи банда дар кулл «сулҳофарии ҳамзамон аз боло ва аз поён» ном дошт, ки мавриди таваҷҷӯҳи зиёд қарор гирифт. Худи талоши Конуни таҳқиқоти илмӣ ва исломии Афғонистон барои ҷалби уламо ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба раванди сулҳофарӣ низ як иқдоми ҷамъиятӣ дар ин равнад буд. Хулоса ва машварати ман ин буд, ки ин конуни мӯътабар талошҳои бисёрсатҳӣ дар масири сулҳофариро ҳамоҳанг сохта, як ҳаракати саросарӣ ё наҳзати сулҳи Афғонистонро ба вуҷуд оварад. Ин наҳзат ба маънои ҳизб ё созмон ё гурӯҳе набошад, балки ба маънои як ҳаракати ҳамагонии ҷомеа дар ҳамаи сатҳҳо барои расидан ба сулҳ бошад: сулҳ аз боло ва аз поин, сулҳ аз марказ ва аз атроф, сулҳ аз хориҷ ва аз дохил.

Ҷомеаи Афғонистон сулҳи тоҷиконро дар ҳамон шакли аввалааш пазируфтааст ва ҳамон тавр дар ёд дорад. Ва ҳанӯз ҳам дар зеҳни онҳо Эмомалӣ Раҳмон, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар канори ҳаманд ва ҳамчунон дӯсту ҳамсафу ҳамкоранд. Албатта, онҳо дар мулоқотҳо дар мавриди идомаи сулҳи тоҷикон ҳамчун таҷриба саволҳои зиёде низ мегузоштанд ва шояд мушкилтаринаш ин буд, ки ҳоло роҳбарону фаъолони мухолифини исломии тоҷик куҷо шуданд? Чун мардуми Афғонистон аксари онҳоро мешинохтанд, ҳатто ном ба ном суол мекарданд. Аз сарнавишти онҳо, аз вазъи имрӯзаи онҳо… Ҳатто дар миёни конфронси бузурги Кобул нафаре чунин саволро ба миён гузошт.

Вале бо вуҷуди ин, сулҳи Тоҷикистон ҳамчун як воқеият бисёр ҷолиб буд ва бо вуҷуди он, ки шароити Афғонистон бисёр печидатар аст, ин таҷрибаи амалӣ метавонад дар раванди тақвияти сулҳофарӣ бисёр муфид бошад. Ин аст, ки роҳбарони Шӯрои Олии сулҳ ва Конуни илмию таҳқиқотии Афғонистон хоҳони он шуданд, ки мо дар Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис намуда, бе ҳеҷ сиёсату дипломатия, дар сатҳи илмию коршиносӣ ва бо ширкатдорони раванди сулҳи тоҷикон барои онҳо тавсияҳоеро тадвин намоем, ки кадом нуктаҳои сулҳи тоҷикон дар шароити Афғонистон муфид ҳастанд. Ва онҳо ин барномаро барои ҷомеаи дохилӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд. Ва агар чунин заҳмате анҷом шавад ва чунин санади корию коршиносие омода шавад ва агар ҳатто 10% аз он дар тақвияти раванди сулҳи Афғонистон ба кор ояд, боз ҳам мо вазифаи инсонию имонӣ ва ҳамсоягию бародарии худро ба ҷой овардаем. Умедворам ин лоиҳа ва дархост дар дохил дастгирӣ ёбад.  

(идома дорад)

Абдуллоҳи Раҳнамо, муҳаққиқ ва сиёсатшинос, махсус барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi