09:56:03 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАТО: "ҲАМА ТАРҲҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ ДИФОЪ АЗ ТУРКИЯ ОМОДА АСТ"

Дабири кулли паймони НАТО гуфтааст, ҳама тарҳҳои зарурӣ барои дифоъ аз Туркия омода аст. Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО аз вуҷуди «тарҳҳое омода» барои дифоъ аз Туркия дар муқобили ҳар гуна ҳамлаи низомӣ дар сурати ниёз, хабар дод.

/images/stories/2012/10/10_raisi-nato-111111101012.jpgБа гузориши хабаргузории «Ройтерз», Расмуссен рӯзи сешанбе пеш аз нишасти вазирони дифои кишвраҳои узви паймони НАТО дар Бруссел ба хабарнигорон гуфт: «Ба таври ҳатмӣ Туркия метавонад рӯи пуштибонии НАТО ҳисоб кунад. Ҳама тарҳҳои лозим барои ҳимоят аз Туркия ва дифоъ аз он дар сурати даркориро омода дорем ва умедворем чунин иқдоме зарурӣ набошад.»

Ӯ ҳамчунин аз Димишқ ва Анқара хост хештандорӣ нишон диҳанд ва ибрози умедворӣ кард, ки НАТО ночор нашавад ба дархостҳои Туркия дар таниш бо Сурия, дахолат кунад. Ӯ афзуд, ки роҳи дуруст барои поён додан ба бӯҳрони Сурия, роҳи ҳалли сиёсӣ аст. Рассмусен ҳамчунин аз Туркия ба хотири «хештандорӣ» дар муқобили ҳамлаи «ғайри қобили қабули Сурия», ташаккур кард.

Туркия узви паймони НАТО аст ва нишасти ҳафтаи гузаштаи сафирони узви ин паймон, бино ба дархости Анқара баргузор шуда буд. Дар Бруссел низ интизор меравад, ки таниш миёни Сурия ва Туркия, бахши бузурге аз гуфтугӯҳои вазирони дифои кишварҳои узви ин паймонро ба худ ихтисос диҳад.

Аз сӯи дигар Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия аз омодагии артиши ин кишвар барои муқобила дар баробари «таҷовузҳои рӯзонаи нерӯҳои Сурия ба хоки Туркия», хабар дод.Эрдуғон, ки дар парлумони Туркия сухан мегуфт, таъкид кард, ки Анқара дар муқобили «таҷовузҳо»-и марзии Сурия аз худ бисёр хештандорӣ нишон дод, аммо ҳангоме, ки шаҳрвандон кушта шуданд, «дахолатро зарурӣ дидем».

Ӯ гуфт, ки кишвараш аз тамоми роҳҳои дипломатӣ барои дифоъ аз сарзамин ва мардуми худистифода хоҳад кард. Оқои Эрдуғон гуфт, ки Башор Асад раиси ҷумҳури Сурия машруияти худро аз даст дода ва пуштибонии пешини худ аз ӯро машрут ба ислоҳот ва дифоъ аз мардуми Сурия донист. Ӯ идома дод: «Аммо Башор Асад чунин накард, балки ба Туркия хиёнат намуд.»

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 salim 10.10.2012 16:30
Рассмусен ҳамчунин аз Туркия ба хотири «хештандорӣ» дар муқобили ҳамлаи «ғайри қобили қабули Сурия», ташаккур кард.chi xel ghayri kobili kabul ast? tamomi teraristone ki vaziati suriaro buhroni karda istodaand az turkia pushtiboni meshavand. va hamchunin hamai teraristoni suriyai ba dasti turkia musallah megardand. suria hag dosht ki turkiaro bizanad.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi