18:24:34 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

100 ШИРКАТИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАХТАИ УЗБАКИСТОН ДАСТ КАШИДАНД

Дар ин саф аз ширкатҳои “Гуччӣ”, “Зара”, “Ҷей Сӣ Пеннӣ” ва ғайра ном бурда мешавад. Зиёда аз 100 ширкати ҷаҳонӣ расман эълон карданд, ки аз истифодаи пахтаи Узбакистон даст мекашанд, зеро дар ҷамъоварии он аз меҳнати маҷбурии кӯдакон истифода мешавад.

/images/stories/2012/11/02_pakhta-uzbakiston021112.jpg“Zara”, “JC Penney”, “American Eagle” ва “Fruit of the Loom” аз охирин ширкатҳое ҳастанд, ки ба ин изҳорот имзо гузоштанд.  Ширкатҳои машҳури “Gucci”, “H&M”, ва “Walmart” ҳанӯз пештар ба ин номгӯй пайваста буданд. Анҷумани тавлидкунандагони либос ва пойафзоли Амрико (AAFA), ки 75 дарсади истеҳсолкунандагони либосу пойафзоли Иёлоти Муттаҳидаро ба ҳам овардааст, аз ташаббускорони ин эъломия мебошад. Чандин ширкати аврупоӣ низ аз ин ташаббус ҳимоят кардаанд.

Рӯзи 1-уми ноябр дар арафаи ҷаласаи солонаи Анҷумани байнулмилалии пахта AAFA эълон кард, ки шумораи ширкатҳо ва иттиҳодияҳое, ки ба изҳороти қатъит истифода аз пахтаи Узбакистон имзо карданд, аз 100 гузашт. Дар ин анҷуман муҳимтарин ниҳодҳои саноати пахта гиди ҳам меоянд.

Созмони ғайридавлатии “Шабакаи манобеи бомасъулият” (Responsible Sourcing Network), ки аз ҳамоҳангсозони таҳрими пахтаи Узбакистон аст, мегӯяд, саноати ҷаҳонӣ бояд ба решакан кардани ғуломдории муосир, таъмини муҳити поки зист, рушди иқтисоди одилона ва таҳаввули ҷомеа ёрӣ диҳад.

Дар изҳороти созмони мазкур гуфта мешавад, ки ҳар тирамоҳ зиёда аз 1 миллион кӯдак дар Узбакистон ба таври маҷбурӣ таҳсил дар синфхонаҳоро тарк мекунанд ва ба пахтазорҳо бурда мешаванд, то барои ҳукумат пахта ҷамъоварӣ кунанд. “Солҳост, ки ин ҳолат даҳҳо ширкати байнулмилалиро водор мекунад, аз истифодаи пахтаи Узбакистон барои тавлиди либос, ороиш ва пойафзол худдорӣ кунанд. Имсол ин маърака ба авҷи худ расидааст.”

Ширкаткунандагони маърака умедворанд, ки фишори байнулмилалӣ мақомоти Узбакистонро маҷбур хоҳад кард, аз истифодаи меҳнати кӯдакон дар ҷамъоварии пахта худдорӣ кунанд. Ин ҳамраъйии байнулмилалӣ дар соли 2004 ҷавобан ба даъвати созмонҳои ҳуқуқи башари Узбакистон оғоз ёфтааст. Мақомоти расмии Узбакистон то ҳол ягон бор ба баёнияҳои қатъи истифодаи пахтаи ин кишвар посух надодаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi