ҲУШДОРИ ХОТАМӢ ДАР МАВРИДИ САРНАВИШТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМӢ
Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳурии пешини Эрон тайи суханоне ибрози нигаронӣ кардааст, ки бо баста шудани роҳи эътироз ба касоне, ки "муътақид ба Ҷумҳурии Исломӣ" ҳастанд, бузургтарин зиён ва хисорот ба "асли инқилоб ва Ҷумҳурии Исломӣ" ворид хоҳад шуд.
Ба гузориши вебсойти расмии оқои Хотамӣ, ин суханронӣ барои гурӯҳе аз "нухбагон ва қишрҳои мухталифи мардуми устони Язд" анҷом шудааст. Оқои Хотамӣ дар бахше аз суханонаш аз пайдо шудани "ҳастаҳои амалӣ", ки ба гуфтаи вай нафъкунандаи зарфиятҳои Ҷумҳурии Исломӣ ҳастанд, ибрози нигаронӣ кард ва гуфт "мутаассифона нишонаҳои онро дар ҷомеъа" мебинад.
Ӯ зоҳиран дар ишора ба баъзе аз муътаризони натоиҷи интихобот гуфт, ки дар бахшҳое аз ҷомеъа "масъалаи Ҷумҳурии Исломӣ мавриди камлутфӣ қарор мегирад" ва далели онро ин донист, ки "муътақидон ба Ҷумҳурии Исломӣ наметавонанд дар амният ҳарфи худро бизананд ва дар ин шароит аст, ки касоне лаб ба сухан мегушоянд, ки ба асли низом эътиқод надоранд"
Раиси ҷумҳурии собиқи Эрон ҳамчунин аз "анбуҳ шудани бахшҳое аз ҷомеъа ба сӯйи ҳадафҳое, ки дигар на мавриди хости Имом буда, на мавриди хости аввалияи мардум, на мавриди хости ӯ ва ҳамфикронаш" ибрози таассуф кард.
Ӯ гуфт: "Ин масъалаи муҳиме аст, ки бояд дар он тааммул кард; мо дар ин ҷараёнот хисоротҳои зиёдеро мутаҳаммил шудем ва албатта дастоварди бузурге ҳам доштем; мунтаҳо дар ин ҳолати буҳронӣ ва ҳайяҷонӣ агар натавон ин дастовардҳоро ҷамъбандӣ кард ва ҷиҳат дод, маълум нест дар ошуфтабозор чи гуна рақам бихӯрад?
Ӯ дар бахши дигаре аз суханонаш гуфт: "Агар роҳи ислоҳ бар вафодорони Қонуни Асосӣ ва Ҷумҳурии Исломӣ баста шавад, роҳ барои ҷараёноте боз хоҳад шуд, ки ин усулро қабул надоранд ва нигаронии мо ин аст, ки бузургтарин зиён ва хисорат ба асли инқилоб ва Ҷумҳурии Исломӣ ворид шавад, ки иншоаллаҳ чунин нахоҳад шуд."
Раҳбари ислоҳталабон ва мухолифон дар Эрон, аз ҷумла Муҳаммади Хотамӣ, Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ ҳамвора бар пойбандии худ ба Қонуни Асосии Ҷумҳурии Исломӣ таъкид кардаанд. Аммо шиъори "Истиқлол, озодӣ, ҷумҳурии эронӣ", ки борҳо дар таҷаммуъоти эътирозомези чанд моҳи ахир шунида шуда, ҳатто барои ин раҳбарон як чолиш ба ҳисоб меояд.
Оқои Хотамӣ дар суханони тозааш гуфт, ки ба ақидаи ӯ "Ҷумҳурии Исломӣ ба маънии хоси калима, аз дастовардҳо ва шоҳкориҳои бузурги инқилоб" аст ва афзуд: "Дар ҷомеъа ҳеҷ кас наметавонад муддаъӣ бошад бидуни дар назар гирифтани ислом ё канор задани он метавонад тавфиқе ҳатто дар эҷоди озодӣ, фазои озод ва мустақил пайрав дошта бошад."
Ӯ билофосила таъкид кард, ки дар дунёи имрӯз ин як амр пазируфта шудааст, ки ҳукуматҳо дигар наметавонанд мутлақ бошанд ва аз боло худро ба мардум таҳмил кунанд ва маҷбуранд ба мардум посухгӯ бошанд, аммо таъкид кард, ки "Ҷумҳурии Исломӣ ҳам бар ҳамин асос матраҳ шуда ва дар айни ҳол бо меъёрҳои исломӣ созгор аст.
Оқои Хотамӣ ҳамчунин дар чанд маврид таъкид кард, ки бо саркӯб наметавон барои муддате тӯлонӣ ба ҳукумат кардан идома дод.
Ӯ гуфт: "Таъкид мекунам, ки наметавон бо бархӯрдҳои сахтафзорӣ дар вазъияти мавҷуд барои муддати замони тӯлонӣ аз низом ҳифозат кард. Чаро бояд исломро ба гунае арза кунем, ки бахшҳое аз ҷомеъа аз ислом зада шаванд ё ҳадди ақал аз низоме ки ба номи ислом аст, рӯ бигардонанд? Мо имрӯз шоҳиди ин масоил ҳастем ва ба ҳамин далел аст, ки мегӯем натиҷаи равишҳое, ки мухолифи худро муттаҳам ба барандозӣ мекунад, барандозӣ аст".
Оқои Хотамӣ , ки дар фосилдаи солҳои 1376 то 1384 раиси ҷумҳури Эрон буд, ҳушдор дод, ки агар ҳукумат бо хости мардум ҳамсӯ нашавад "ин ҳаракат идома хоҳад дошт, вале ҳазинаҳои бисёр зиёд ва албата мусаллам аст, ки ин ҳаракат аз байн нахоҳад рафт."
Ӯ афзуд: "Мутмаин бошед на мардум аз ин роҳ бархоҳанд гашт ва на касоне ки бо ҳама вуҷуд ба ин роҳ эътиқод доранд." Оқои Хотамӣ қаблан низ таъкид кардааст, ки ислоҳталабон алорағми ҳама тамоюлот ба роҳи худ идома дод ва дар саҳна хоҳанд монд.
Би-Би-Си