07:17:50 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Интихобот ва якрангии таблиғи номзадҳо

Аз ҷумлаи навгониҳои интихоботи президентии Тоҷикистон оғози мулоқоти номзадҳо бо сокинони шаҳру навоҳии кишварро метавон ном бурд, ки дар як фазои барои аксар мардум ошно баргузор мешуд. ВАО аз ин дидору мулоқотҳо гузоришот таҳия мекарданд, вале ба назар мерасид ин гузоришот хеле якрангу якнавохт буд, чун худи дидор бо мардум ҳамин гуна якранг мегузашт.

intikhobot-487555Метавон хулоса кард, ки барномаҳои тарҳрезишудаи мулоқот бо мардум дар як чорчӯбае таҳия шуда, ки ҳатто аҳзоби ба истилоҳ кисагӣ аз он изҳори норозигӣ мекунанд. Аммо ин гуна изҳоротро наметавон шунаво шунид, балки танҳо ишораҳое мешавад, ки иддае аз номзадҳо, аз ҷумла Исмоил Талбаков мегӯянд дар ин вақти ҷудошуда имкони шиносоии мардум бо барномаи пешазинтихоботӣ вуҷуд надорад.

Аз сӯи дигар на ҳамеша барои саволу ҷавоб вақт боқӣ мемонад ва дар аксар ин гуна мавридҳо барандаи мулоқот эълон медорад, ки "хуб, дигар ин ҳама фаҳмост, агар саволе нест, пас мулоқотро ба анҷом мерасонем". Ва боз ба ҳамин монанд ҳарфу ҳиҷо.

Тибқи иттилои расонаҳо дар поёни мулоқоти номзадҳо бо сокинони шаҳри Хуҷанд ду донишҷӯ дар даст микрофон ҳувайдо шуданд, яке имкони сухан кардан ёфт, вале дигариро касе гӯш ҳам накард, чун мулоқот ҷамъбаст шуда буд. Вале аз ин ду тан яке таъкид кард, ки барномаи номзадҳоро пазируфтааст, аммо чун ин ҳама дар барномаи ҲХДТ мавҷуд аст, ба ҷонибдорӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳад дод. Нафари дуюм талош кардааст ба ёди мардум рӯйдодҳои талхи солҳои навадро андозад. Аммо дигар гӯши шунаво набуд, зеро аҳли маҷлис аллакай толорро тарк мекарданд.

Худдорӣ аз ширкат дар интихобот, яъне чӣ?

Ҳафтаи гузашта аз забони номзадҳо изҳори назаре ба рӯйдодҳои кишвар шунида нашуд, гармии гуфтугӯ дар бораи писари Амонулло Ҳукумов низ сард шуда буд ва дигар касе аз онҳо напурсид, ки дар ин бора чӣ андеша доранд. Ҳамзамон бо ин рӯйдоди ҷолиби таваҷҷӯҳ ва такондиҳандае ҳам дар иртибот ба интихобот набуд, ба ҷуз ин ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфт аз ширкат дар интихобот худдорӣ мекунад.

Аммо он тавзеҳ дода нашуд ва ҳоло ҳам маълум нест, ки худдорӣ  оё ба маънои "байкот" аст, ё ширкати дигаргуна, ба мисли озодии аъзои ҳизб дар ширкат ва овоздиҳӣ барои ин ё он номзад. Ин ҳам дар ҳолест, ки муовини Раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит каме духура ба ин савол посух дод. Яъне, худдорӣ аз ширкат ба маънои байкот нест, балки танҳо аъзои раёсати ҳизб дар овоздиҳӣ ширкат намекунанд. Ба дигар маънӣ, ҳизб дар умум иштирок мекунад, танҳо 10-12 нафар сарваронаш овоз намедиҳанд.

Вале боз эълон ҳам шуд, ки мавқеъи ҳизб баъди баргузории интихобот ва эълони натиҷаҳои он рушантар эълон мешавад. Чуноне дида мешавад, чун дар гузашта ягона ҳизби мухолифи давлат ва ягона нерӯи сиёсии матраҳ дар кишвар бо вуҷуди он ки номзадашро ба қайд нагирифтанд, даст аз таҳрими интихобот ё иқдоми дигари ба он монанд кашид. Чанд рӯз пеш аз ин тасмим Раҳматило Зоиров, Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон гуфта буд, ки ҲНИТ ҷуръати таҳрими интихоботро надорад.

Сабти номи нозирон

Ҳафтаи гузашта КМИР эълон кард, ки сар аз 1 ноябри соли равон мулоқоти номзадҳо бо сокинони минтақаҳои Рашт, Бадахшон ва Хатлон баргузор мешавад ва дар ин рӯзҳо таблиғи нимсоатаи номзадҳо аз тариқи чор шабакаи телевизион низ дар назар аст. Аммо чуноне ишора рафт, баромадҳои телевизионӣ ҳам мустақим нахоҳанд буд, номзадҳоро аввал пешакӣ сабт мекунанд ва баромадашон баъдан пахш мешавад.

Ҳафтаи гузашта КМИР иттило дод, ки нозирони байналмилалӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳуриро расман сабти ном кардааст. Тавре роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, теъдоди афроди хориҷӣ, ки интихоботи Тоҷикистонро назорат мекунанд, 130 нафаранд ва онҳо Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА), ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро намояндагӣ мекунанд.

Вале интизор меравад бештар аз 700 нафар нозирони байналмилалӣ ба Тоҷикистон оянд ва нозири интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар бошанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2006 интихоботи президентии Тоҷикистонро 536 нафар назирони байналмилалӣ назорат карданд, ки 254 нафари онҳо намояндагони САҲА буданд. Аз ИДМ 167 нафар, аз Созмони ҳамкориҳои Шахнай 17 ва намояндагони дипломатии кишварҳои алоҳидаи хориҷӣ 86 нафар аз ҷумлаи нозирони байналмилалӣ маҳсуб мешуданд. Дар охирин нишасти КМИР, ки ҳафтаи гузашта доир шуда буд, А.Додоев ҳамзамон эълон кард, ки дар интихобот бештар аз 25 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ширкат мекунанд, вале ин рақами охир нест, эҳтимолияти афзоиши онҳо дар арафаи баргузории интихобот дар назар аст.

Ва боз: КМИР хабар дод, ки дар Кувайт ва Фаронса қитъаҳои интихоботӣ ташкил кардааст ва ҷамъулҷамъ дар 26 мамлакати олам барои шаҳрвандони Тоҷикистон қуттиҳои райъдиҳӣ гузошта шудааст. КМИР мегӯяд дар Русия 24, дар Афғонистон 4, дар Туркия, ИМА, Эрон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин, Қазоқистон 2 ададӣ ва дар Покистон, Қирғизистон, Ҷопон, Ҳинд, Туркманистон, Озарбойҷон ва боз дар чанд кишвари аврупоӣ 1 ададӣ  қуттиҳо ва марказҳои овоздиҳӣ боз мегарданд.

Рафтани Гулназару омадани Салимзода

Ҳафтаи сипаришуда КМИР-ро лозим омад, ки  яке аз шахсони боэътимоди Эмоалӣ Раҳмонро иваз намояд. Шоири Халқии Тоҷикистон, муаллифи гимни ҷумҳурӣ Гулназар Келдӣ гуфт, ки шароити онро надорад, ки мубаллиғи президент бошад, аз ин рӯ ба ҷои ӯ вакили парлумон Олим Салимзода таъин гардид.

Шоири саршиноси кишвар, ки дар чанд интихоботи гузашта аз ҷумлаи шахсони боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон буд, имсол ба иллати як мусибати оилавӣ, ки дар остонаи интихобот расидааст, бо хости худ аз таблиғи президент даст кашид. Гулназар Келдӣ келини 22-солаашро аз даст додаву мегӯяд аз ӯ тифли ширхори 40-рӯза боқӣ мондааст. Дар чунин вазъи барояш басо мураккаб наметавонад бо дигарон шаҳр ба шаҳру русто ба русто таблиғи номзад кунад.

Ба ҳамин тартиб КМИР Хурсанд Аъзамов, Назрӣ Офаридаев, Аҳмадҷони Раҳматзод, Абдулвоҳид Шамолов, Аъзам Ҳасанов, Нодир Одилов, Меҳринисо Бобобекова, Эмомалӣ Насриддинов, Ашӯрбой Солиев, Муродулло Давлатов, Илҳомҷон Ҳамидов, Маҳмад Раҳимов, Шарифиддин Асомиддинзода, Олим Салимзода ва Меҳрубон Мирзоеваро чун шахсони боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон ба қайд гирифтааст. 

То баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон як ҳафта вақт мондааст. Сабқати интихоботӣ миёни 6 номзади расман ба қайдгирифташуда, президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов идома дорад. Чун дар ҳафтаҳои қаблӣ матбуот ва коршиносони мустақил ҳамоно бар ин назаранд, ки натиҷаҳои интихобот маълуманд ва сабқати интихоботиву таблиғи номзадҳо дигар расмияте беш нест. Ихроҷи Ойниҳол Бобоназарова аз сабқати интихоботӣ рӯҳияи демократӣ доштан ва шаффоф баргузор шудани интихоботро камранг кардааст.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi