17:16:10 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ваъдаи Бордюжа дар бораи кӯмаки низомии СПАД ба Тоҷикистон

Кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ то охири соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар тақвияти марзаш бо Афғонистон кӯмак хоҳанд кард. Кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ то охири соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар тақвияти марзаш бо Афғонистон кӯмак хоҳанд кард. Бо чунин изҳорот Николай Бордюжа, дабири кулли ин созмон рӯзи 19 ноябр дар нишасти палатаи ҷамъиятии Русия суханронӣ кард.

borduzha-4545454Ӯ гуфт, чанде пеш  намояндагони СПАД аз  марзи Тоҷикистону Афғонистон баргаштанд ва ба хулосае омаданд, ки вазъ дар сарҳад то рафт хатарноктар мешавад. «Дар давоми як сол задухӯрдҳои низомӣ дар марз ду баробар афзоиш ёфта кӯшиши убури марз аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳ ба дохили хоки Тоҷикистон боз ҳам бештар шудааст», гуфт Бордюжа.

Ӯ ёдовар шуд, ки Ҷаласаи СПАД дар таърихи 23 сентябри соли равон қарори ироаи кӯмаки фаврӣ ба марзбонҳои Тоҷикистонро қабул кард ва мутобиқи ин, дар давоми се моҳи баъд аз ин, ҷумҳурӣ бояд кӯмаки низмиву фанниро дарёфт кунад. “Ҳарчанд, мо задухӯрдҳои шадидро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон баъди берун шудани нирӯҳои НАТО аз хоки Афғонистон пешгӯӣ намекунем, вале омилҳои зиёде аз муташанниҷ шудани вазъи марз аломат медиҳанд.

Масалан, дар хоки Афғонистон ҷангиёни кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ тамрини низомӣ мебинанд ва мо бояд ин воқеиятро дарк кунем”, гуфт ӯ. Бордюжа афзӯд, ки дар миёни ҷангиён шаҳрвандони Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Русия ҳастанд ва онҳо метавонанд то Русия бирасанд.

Ӯ гуфтааст, дар Афғонистон, ки беш аз 700 миллиард доллар сармоягузорӣ шудааст, пешравиҳои мусбате ба назар мерасанд: соҳаи маориф ва пулис амал мекунад. Бо ин вуҷуд, сохторҳои ин кишвар барои таъмини мустақилонаи амният омода нестанд.

Рӯзи 23 сентябр дар Сочӣҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД баргузор шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш роҷеъ ба таҳдидҳои амниятӣ сухан кард ва гуфт, ки Тоҷикистон ба кӯмаки ин созмон ниёз дорад. Дар поёни нишаст, ки бо ширкати президенти Русия Владимир Путин низ ҷараён дошт, тасмим гирифта шуд, ки ин созмони низомии минтақаӣ ба Душанбе кӯмакҳои низомиву фаннӣ ироа хоҳад кард.

Изҳороти Раҳмон дар бораи ниёзмандии Тоҷикистон ба кӯмаки беруна дар  ҳоле садо дод, ки баъди тарки марзҳои Тоҷикистон кардани нирӯҳои марзбони Русия дар соли 2005, Душанбе ҳамеша мегуфт, ки аз ӯҳдаи таъмини пурраи амнияти марзҳояш мебарояд. Баъзе шореҳон ин изҳоротро ба унвони бозгашти дубораи низомиёни рус ба марзҳои Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Вале Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав дар як сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ гуфт, “Тоҷикистон имрӯз қудрат дорад, ки қаламрави худро мустаҳкам ва ҳимоя кунад. Вобаста ба он ки ин танҳо сарҳади мо нест ва баъди баромадани қувваҳои НАТО аз Афғонистон вазъият мустаҳкамтар шудани марзҳоро талаб мекунад, ҳукумати мо мегӯяд, ки “марҳамат, агар хоҳед, аз ҳисоби база мустаҳкам кунед”, вале қаламрави худро мо худамон ҳимоя мекунем. Аз ҷиҳати ҳарбӣ-техникӣ ва техникаи ҳарбӣ мо ба кумак ниёз дорем. Мо ягон намуди силоҳи ҳарбиро истеҳсол намекунем”.

Ба иттилои Достиев, кӯмак дар ду марҳила пешниҳод мешавад. Дар марҳилаи аввал то охири соли ҷорӣ артиши Тоҷикистонро бо силоҳҳои сабук, силоҳҳои оташфишон таъмин кунанд ва минбаъд, аз соли оянда, бо техникаи зиреҳпӯш, бо танку БТР-у БМП ва бо авиатсия таъмин кунанд.

Зимнан, моҳи октябр парлумони Қазоқистон созишномаи ироаи кӯмакҳои бебозгашти низомиву фанниро ба Тоҷикистону Қирғизистон ба тасвиб расонд. Ин кӯмак аз муҳимоти ҷангӣ, тиру норинҷак ва равғани аслиҳа иборат аст. Кӯмакҳои низомии Қазоқистон бо роҳи ҳавоӣ аз ҷониби нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дастрас мешаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi