Ҳамнишине, ки латифу комил аст…
Мактуби бетаҳрир
Дар ин чандрӯза зиндагонӣ ҳар кас мехоҳад бо инсонҳое ҳамнишин бошад, ки дорои ахлоқи шоиста, фарҳанги олӣ ва маънавиёти бой бошад.
Хушбахтона дар ҳайёт ба ман муяссар шуд, ки бо як инсони озода дӯстӣ барқарор кунам ва аз гулбоғи фаросату кордониаш дебочаи маънавиёту ахлоқи худро пероста сохта, аз фазилатҳои инсонӣ, хираду мардумсолории ӯ худро обутоб диҳам. Зеро хуш ба ҳоли касест, ки ҳаммонанди ӯ маҳбубият дошта бошаду қалбҳои ҳазорон-ҳазор мардуми шарафманд барояш дар тапидан бошад. Қаҳрамони қиссаи банда Зайд Саид - беҳтарин инсон, ватандӯст, ободгар, созандаву навовар ва метавон дар номи покаш тамоми хубиҳои оламро хулоса кард.
Бандаам покраверо, ки дар ин дайри кӯҳан,
То зияд пок зияд, в-ар биравад пок равад.
Бешак, поку озода зиндагӣ кардан масъулиятшиносу худшинос будан шиори доимии ӯ буд, ки баъзеҳо орзуи чунин инсон буданро мекарданд. Зайд Саид инсони заминӣ буд, мағрур ба молу сарват нашуда буд ва дуруғу туҳматро афсонае беш намедонист, меҳру муҳаббати ватан дар мағз - мағзи ҷонаш мешукуфт, ӯро барои ободии сарзамин, саодати мардум раҳсипор мекард. Ишқи ватан ӯро нагузошт сарзамини дигареро интихоб кунад, мулки дигареро обод созад, дасти ёриву кӯмак ба мардумони кишвари бегона дароз намояд.
Фикр мекунам бо ин таҷрибаву кордонӣ агар ӯ иқомати доимии худро дар ягон кишвари дигар ихтиёр мекард он қадар қадрдонӣ меёфт, ки мо ин ҷо фақат афсусу надомат мехурдем, ки чаро ҳамватани мо ободгари сарзамини дигар аст. Мо тоҷикем ва дар мо рашку ҳасад меҷӯшаду мехурушад ва мо номардона шахсиятҳои арзандаи худро тӯҳмат мезанем, порахуру манфиатҷӯ мегӯем, гумон мекунем тамом бадбахтие дар ҳукумату давлати мо падид омаду чораашро бояд бинем ва роҳи осон ба зиндонаш меандозем. Хуб мебуд, мо пеш аз даст ба ин кор задан зиндагии мардуми камбағалу саргардони худро фикр мекардем, ки кам ҳам буд аз шарофати ин соҳибкор ва тоҷири муваффақ беҳбудӣ дошт.
Хато накунам тибқи иттилооти мавҷуда зери мудирияти Зайд Саид зиёда аз се ҳазор мардум кору фаъолият мекарданд ва шоҳона ҳам набошад, хоксорона зиндагии худро пеш мебурданд. Вақте ин ҳодиса иттифоқ афтод мардуми хуни ҷигар бо сад алам мисле, ки зиндагӣ барояшон хотима ёфта бошад, дилшикаставу раҳгум мондаанд. Гӯё теша ба решаҳои ҷони онҳо зада бошанд, ашк мерезанд, ки Худованд насибаи рӯзиву зиндагии моро тавассути ин марди поксиришту хайрхоҳ сабаб кардаву шукрона, мо дар ватани худ ҷои кор доштему дар ҳузури хонаводаи худ роҳат.
Чаро рӯзгор ба мо мушкилӣ пеш овард. Ба қавле ҳузуру роҳаташон дар ватан дер напоид. Дар сарашон мафҳумҳои боз ғурбат, боз муҳоҷират, боз дурӣ аз хонавода, боз таҳқир, боз саргардонӣ, боз қурбонӣ чарх мезад. Зайд Саид, ки шаҳди гарибӣ чашида буд ин манзара барояш хеле пураламу пурдард падидор мегашт. Ин буд, ки бо ташкили ҷойҳои корӣ мехост ба интизории модарону хоҳарони тоҷик дар роҳи бозгашти ҷигарбандонашон хотима бидиҳад, тоҷик дар ватани худ кору зиндагӣ кунад, дар тарбияи фарзандонаш саҳм дошта бошад, то ояндаи миллат дурахшон гардад.
Ва то андозае ба ин ормони худ Зайд Саид муваффақ ҳам шуд, дар корхонаву сохтмонҳояш ҷойҳои кории зиёд ташкил дод, ба қадри зарурӣ мардумро бо ҷои кору маоши хуб таъмин намуда буд. Магар хуб набуд муҳоҷирати мардуми тоҷик ба кишварҳои бегона кам шавад, ҳама осуда дар ватан дар назди хонаводаи худ сарбаландона кору зиндагӣ кунанд.
Дар масъалаи хайру сахо бошад ҳоҷати гап нест. Мардум аз ин иқдоми ҷавонмардии Зайд Саид хеле хушҳол буданд, хусусан он бенавою бечорагоне, ки ба хона ё идораи кории ӯ мерафтанд хеле шукрона мекарданд, ки ин марди саховатҷӯ ба онҳо дасти ёрмандӣ дароз менамояд. Вақте боздошти ӯро фаҳмиданд як аламашон сад алам шуд, бо ҷигари реш- реш ба гирдоби ноумедӣ таслим шуданд. Бовар кунед хонандаи азиз, банда чандин маротиб шоҳиди дар назди идораи кории Зайд Саид хун гиристани нафароне будам, ки баъди боздошташ аз ин макон ноумед мерафтанд.
Аслан ягон ҷои тааҷҷуб нест, ки дар кишварамон мардуми камбағалу нодор зиёд аст. Вақте мо зиндагии хубу бароҳат дошта бошем, набояд зиндагонии бенавоён ба гушаи фаромушӣ биравад. Зеро онҳо низ инсонанд ва фурсати умр барои ҳама як навбат аст. Хушбахтона тафаккуру эътиқод дар вуҷуди Зайд Саид рӯишу ҷӯшиш мекунад, зиндагонӣ, ҳайёти пурталотуму пурнабарди худро як санҷиш медонад ва пайваста барои ободиву саодати мардум саъю кӯшиш мекунад. Маҳз бо ташаббуси ӯ солҳои охир чанд мактабу литсей ва марказҳои хидматию фароғатии хушсохт ба ихтиёри истифодабарандагон пешниҳод гардидааст. Ӯ аз аввалин соҳибкороне буд, ки бо ҳисси баланди масъулият дар сохтани якчанд манзили маскунии хуштарҳ ба ниёзмандони осебдидаи шаҳри Кӯлоб иқдом кард.
Мутаассифона, кас ҳайрон мемонад, ки кадом қувва бо чӣ мақсад ӯро тӯҳмат зад, ҷинояткор гуфт, чӣ мехостанд ва чаро хубиҳои ӯро пеши рӯ накарданд. Ҳеҷ нафаре фаромӯш насохтааст, ки аз иқдомҳои созандаи ӯ дар маҳфилу маҷлисҳо ҳамешагӣ ёд меоварданд, то дигар ҳамватанони худро дар роҳи ободии ватан ҳавасманд созанд. Аммо ҳоло чӣ ҳама маъюсу дилмонда мехоҳанд тарки ватан, ёру диёр намоянд. Охир Зайд Саид, ки тамоми ҳастии худро барои ин ватану миллат сарф кард барояш ин амали ноҷавонмардонаро раво диданд, пасон моро низ чунин рӯзгор интизор аст. Дигар мо дар Тоҷикистон ба кадом адолату қонун эътимод кунем.
Фикр мекунам, мо хоҳем нахоҳем, сарнавишти Зайд Саид баъди чанде рӯи китобҳо мерезаду ҳини мутолиаи қисмати талху туҳматбори ӯ ашк дарё мегардад, пасояндагон аз ин нафари нексиришт ифтихор мекунанд, ӯро дар зиндагишон идеали худ қарор медиҳанд.
Эй он нафароне, ки ин сатрҳоро мехонед биёед якҷоя дасти дуо бардорем, ки кош тезтар шаби ҳиҷрон поён ёбаду рӯзи висол оғоз ва аҳли хонавода, пайвандону дӯстон ва мардуме, ки дар синаҳои худ муҳаббати Зайд Саид оромашон намегузорад ва дар хумори дидори ӯ мисли тифли ширбӯе беқарор гаштаанд, ба муроди дил бирасанд.
Шарофиддин Саидзода, сокини ш. Душанбе
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №26, 27 ноябри соли 2013