10:37:23 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дар дидори Рӯҳонӣ аз Душанбе даҳ санад имзо хоҳад шуд

Дар дидори қарибулвуқӯъи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, аз Тоҷикистон, ки дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи Шонгҳой сурат мегирад, даҳ санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо хоҳад шуд.

rouhani 304Дар ин бора Саидмаҳмуди Садрӣ, сарпарасти сафорати Эрон дар Душанбе, дар ҳамоиши бозаргонони ду кишвар иттилоъ дод. Ин ҳамоиш рӯзи сешанбеи 26 август дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” баргузор шуд. Беш аз 40 тоҷир ва соҳибони ширкатҳои хусусии Эрон дар ин нишаст ширкат карданд.

Ба гуфтаи оқои Садрӣ, бештари мувофиқатномаҳои ҷадиди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноеъ, текнулужӣ ва иқтисодӣ хоҳанд буд. Сарпарасти сафорати Эрон дар Тоҷикистон афзуд, ки дар бахши ҳамкориҳои илмӣ ва донишгоҳӣҳам як санади ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид.

Ин масъули сафорати Эрон аз ироаи ҷузъиёти тавофуқоти ҷадиди ҳамкорӣ миёни ду кишвар худдорӣ кард. Аммо ба гуфтаи ӯ, мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар бахши илмӣ ва донишгоҳӣ фасли ҷадидеро дар равобити марокизи илмӣ ва донишгоҳии ду кишвар оғоз хоҳад бахшид ва фурсатҳои муносиби ҳамкорӣ дар ин заминаро фароҳам хоҳад овард.

Интизор меравад дар ҷараёни дидори расмии Ҳасани Руҳонӣ аз Тоҷикистон, ки қарор аст рӯзҳои 9 ва 10 сентябр сурат бигирад, кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ташкили ҷаласа диҳад. Дар ин нишаст вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

'Мушкилоте ҷузъӣ'

Эрон яке аз аввалин кишварҳое ҳаст, ки баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар 23 сол пеш истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Ҳоло ҳаҷми солонаи табодули коло ва мавод миёни ду кишвар наздик ба 200 милюн дулор баровард мешавад.

Тоҷирон ва соҳибони ширкатҳои эронӣ аз вуҷуди “мушкилоте ҷузъӣ” дар заминаҳои дарёфти визо ва таърифаҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон шиква мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо нисбат ба дигар кишварҳо барои бозаргонҳои эронӣ сахттар ва гаронтар аст.

Онҳо умедворанд, ки дар пайи аввалин дидори расмии Ҳасани Руҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳурии Эрон аз Тоҷикистон дар ду ҳафтаи дигар мавонеъ ва мушкилоти ҳамкорӣ бартараф хоҳад шуд.

Шариф Саид, раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон, дар ифтитоҳи ҳамоиши бозаргонони ду кишвар гуфт, ки зарфиятҳо ва имконоти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон зиёд аст, аммо аз онҳо ба таври муассир истифода намешавад. Оқои Саид хостори сармоягузории ширкатҳо ва тоҷирони эронӣ дар заминаи роҳандозии корхонаҳои тавлидотӣ дар Тоҷикистон шуд.

Ӯ гуфт, ки кишвараш мехоҳад аз Эрон фанноварӣ ва таҷҳизоти пешрафта ворид кунад. Шариф Саид пешниҳод кард, ки дар соли оянда ба хотири густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ намоишгоҳи миллии тавлидоти ширкатҳои Эрон дар Тоҷикистон баргузор шавад ва дар ҳошияи он бозаргонону тоҷирони ду кишвар бори дигар ба ҳам оянд ва тарҳҳои нави ҳамкориро рӯи даст бигиранд.

Дар беш аз ду даҳаи ахир даҳҳо намоишгоҳи коло ва тавлидоти ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон баргузор ва садҳо мувофиқатномаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо шудааст. Аммо ба далоили мухталиф ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар бакундӣ пеш меравад.

Ғуломҳусейни Шофеъӣ, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маъодин ва кишоварзии Эрон, ки дар раъси ҳайъати беш аз 40-нафарии бозаргонҳо ва соҳибони ширкатҳои эронӣ чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон буд, мегӯяд "ҳаҷми мубодилаи иқтисодӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон он қадар пойин аст, ки арзиши гуфтанро надорад."

Ҳарчанд ба гуфтаи оқои Шофеъӣ, заминаҳои зиёде ҳаст, ки ҳаҷми табодули коло миёни ду кишварро метавонад бамаротиб боло бибарад. Ӯ аз вуҷуди “ишколоте дар гузашта” ёдовар шуд ва барои ислоҳи вазъи мавҷуд ташкили Шӯрои муштараки бозаргонӣ байни Утоқҳои бозаргонии Эрону Тоҷикистонро аввалин қадам унвон кард.

Ба эътиқоди оқои Шофеъӣ, барои пойдории равобити иқтисодии ду кишвар сармоягузориҳои муштарак дар бахши саноеъи кишоварзӣ ва умронӣ лозим аст. Ин дар ҳолест, ки баъзе соҳибони ширкатҳои эронӣ ва тоҷирони ин кишвар аз набуди “шароити амни сармоягузорӣ” дар Тоҷикистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, муносибат бо сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон мунсифона нест.

'Қазияи Занҷонӣ'

Яке аз масоили мавриди ихтилофи Эрону Тоҷикистон аз замони рӯйи кор омадани Ҳасани Рӯҳонӣқазияи Бобаки Занҷонӣ, тоҷири саршиноси эронӣ, аст, ки дар даврони риёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод дар Тоҷикистон бонку ширкатҳое таъсис дода буд. Вай ҳоло дар боздошт аст ва мақомоти эронӣӯро ба фасод ва тақаллуб муттаҳам кардаанд, ки ба ин қазия пойи Тоҷикистон ҳам кашида шудааст.

Оқои Занҷонӣ муттаҳам шуда, ки пулҳои нафти Эронро ба вазорати дороии он кишвар бознапардохта, дар ҳоле ки аз Тоҷикистон дар бораи пардохти ин пулҳо ба мақомоти эронӣ санади бонкӣ ироа додааст. Масъалаи пардохти ин пулҳо, ки тибқи гузоришҳо, ҳамроҳ бо санади ҷаълие марбут ба Бонки марказии Тоҷикистон буда, байни ду кишвар баҳсбарангез будааст.

Ба гуфтаи бисёре аз коршиносон, бидеҳии ҳудуди 30-милюндулории ширкати “Барқи Тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар ҷануби Тоҷикистон низ баҳсҳоеро дар маҳофили сиёсӣ ва иқтисодии Эрон дар мавриди амнияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба миён овардааст.

Ин нерӯгоҳ бо ҳудуди 180 милюн дулор сармояи Эрон ва 40 милюн дулори Тоҷикистон сохта шуда ва чархаи аввали он дар моҳи сентябри соли 2011 мавриди баҳрабардорӣқарор гирифт.

Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда, ин нерӯгоҳ дар 12 соли аввали фаъолияташ моликияти Эрон маҳсуб мешавад ва Тоҷикистон маблағи нерӯи барқи масрафшуда аз ин нерӯгоҳро бояд ба Эрон пардозад. Аммо ширкати “Барқи Тоҷик” дар се соли гузашта пули нерӯи барқеро, ки аз ин нерӯгоҳ гирифта, напардохтааст.

Зоҳиран ин мушкил боъиси ба таъхир уфтодани расми баҳрабардорӣ аз чархаи дувуми нерӯгоҳ дар як соли ахир шудааст. Ба гуфтаи масъулони нерӯгоҳ, қарор аст дар ҷараёни дидори Ҳасани Руҳонӣ аз Тоҷикистон руасои ҷумҳури ду кишвар аз маҳалли садди “Сангтӯда-2” ҳам боздид кунанд.

Бо ҳузури онҳо расми нумодини оғози баҳрабардорӣ аз чархаи дувуми нерӯгоҳ баргузор хоҳад шуд. Ҳарчанд чархаи дувуми нерӯгоҳ амалан аз як соли пеш фаъъол шудааст. Бисёре дар ду кишвар умедворанд, ки нахустин дидори расмии Ҳасани Рӯҳонӣ аз Тоҷикистон фасли ҷадидеро дар равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвари ҳамзабон рақам занад.

Оқои Руҳонӣ дар ҷараёни ин сафар ба Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ширкат хоҳад кард. Ин нишаст рӯзҳои 11 ва 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi