20:51:39 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Рӯнамоие аз нахустин сафари Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон

Лаҳни равобити Тоҷикистону Эрон барои чанд соли оянда зоҳиран дар ҷараёни сафари дарпешистодаи Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ба Душанбе рӯшан хоҳад шуд. Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ шоми сешанбе бо нахустин сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад ва аксари коршиносон ба ин назаранд, ки лаҳни равобити ояндаи Эрону Тоҷикистонро дар давраи раҳбарии ӯҳамин сафар мушаххас мекунад.

iran-tajikistan-459211245Зимни ин сафар нерӯгоҳи Сангтӯда- 2 ро ки аз сӯи ширкати “Сангоб” – и Эрон сохта шудааст, ба истифода медиҳанд ва интизор меравад як идда қарордодҳои энерживу тиҷоратӣ низ имзо кунанд.  Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ҳасани Руҳонӣ бо иттифоқи ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи ин нерӯгоҳро тавассути телевизиони давлатии Тоҷикистон тамошо хоҳанд кард.

Эрон ҳанӯз соли 1995 бозсозии ин сохтмони бозмонда аз замони Шӯравӣ бо иқтидори 220 мегаваттро ба маблағи 180 миллион доллар ба зимма гирифта, дар соли 2004 дар ин замина бо Душанбе қарордод имзо кард. Бино ба ин созишнома, Эрон пас аз 12,5 соли истифодаи нерӯгоҳ онро дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад.

Сафари президенти нави Эрон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи як соли ахир ҳеҷ як аз мақомоти баландпояи Эрон дар сатҳи президент ва раиси порлумон ба Тоҷикистон сафар накардааст. Коршиносони тоҷик мегӯянд, дар ин муддат Эрон бештар саргарми ҳалли мушкили иқтисодӣ, лағви таҳримҳо ва гуфтушунидҳои ҳаставӣ бо Ғарб буд ва ба кишвари Тоҷикистон, ки Эрон бо он ҳеҷ масъалаи доғе надорад камтар таваҷҷуҳ дошт.

Қосими Бекмуҳаммад, коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, сиёсати хориҷии Эрон дар замони Руҳонӣ аз даврони Маҳмуд Аҳмадинажод  фарқ дорад. Ӯ мегӯяд, агар ахирӣ бештар таваҷҷӯҳ бар кишварҳои Амрикои Лотин ва Осиёи Марказӣ дошт, аввал, машғули беҳбуди равобит бо Ғарб аст: “Мутаносибан давраи Рӯҳонӣ дар қиёс бо Аҳмадинажод дар масъалаи муносибатҳо бо Тоҷикистон низ фарқ мекунад. Эрон ба масобаи як қудрати минтақаӣ ва фаъол дар сиёсатҳо байнулмилал набояд сиёсати хориҷиаш ба сурате бошад, ки як минтақаи муҳими Осиёи Марказӣ, ё Тоҷикистон, ки дарвозаи Эрон ба минтақа аст, дар ҳошия қарор дода шавад.”

Эрон аввалин кишварест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро дар соли 1991 эътироф кард. Аввалин сафорати хориҷӣ дар Душанбе низ сафорати Эрон буд. Нақши Эрон, бо он вуҷуд ки ба назар мерасид, аз мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекард, муҳим буд. Эрон бо истифода аз нуфузаш мухолифинро водор ба сулҳ бо ҳукумати Тоҷикистон кард.

Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ Эрон дар баробари Русия ва Чин яке аз сармоягузори муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба истиснои неругоҳ Сангтӯда 2, замоне, ки сармоягузорон ҳанӯз аз Тоҷикистон канораҷӯӣ мекарданд, Эрон ба иҷрои тарҳи нақби “Истиқлол” пардохт, ҳарчанд то ба ҳол он ниҳоӣ нашудааст. Сармоягузориҳои Эрон дар иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 400 миллион доллар тахмин зада мешавад. Дар ҳоли ҳозир, 150 ширкати эронӣ ба таври алоҳида ва муштарак дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Баъди ба сари қудрати омадани Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти нави Эрон муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиии мёни ду кишвар коҳиш ёфтаанд. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон гардиши мол миёни ду кишвар ҳудудан 143 миллион ҳисоб кардааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 ҳудуди 35 миллион камтар аст.

Бо ин вуҷуд, Эрон дар панҷгонаи шарикони асосии Тоҷикистон дар содирот пас аз Швейтсария, Туркия ва Қазоқистон бо ҳиссаи 10,6 фоиз мақоми чорумро ишғол кардааст. Дар даҳгонаи шарикони асосии Тоҷикистон дар воридот пас аз Русия, Чин, Қазоқистон, Туркия, Шветсария, ИМА ва Литва бо 3,7% Эрон дар мақоми 8 - ум аст.

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, вазъи кунунии муносибатҳои Эрону Тоҷикистонро табиӣ унвон мекунад. Ба қавли ӯ, таваҷҷӯҳи Эрон ба Тоҷикистон коҳиш наёфта, балки ҳукумати Рӯҳонӣ воқеиятҳоро дурусттар ташхис кардааст. Вай афзуд, дар пасманзари воқеоти Украина ва коҳиш ёфтани нақши Русия пеши Амрикову Аврупо, ахириҳо ба захоири табиии Эрон таваҷҷӯҳ кардаанд.

Ба қавли Муҳаммадазимов, ин тирамоҳ Эрон баҳси барномаи ҳастаиашро ниҳоӣ мекунад ва таҳримҳо ҳам алайҳаш лағв хоҳанд шуд: “Вақте нафту гази Эрон ба Аврупо рафт, сармояи зарурӣҳам барои тарҳҳояш дар Тоҷикистон пайдо мешавад. Сохтмони Сангтӯда 2 ба охир расид. Эрон ба иҷрои тарҳҳои дигар неругоҳҳо дар Зарафшон, Вахш ва Хингоб хоҳад пардохт. Хаттҳои интиқоли барқу об ҳам сармоягузорӣ мешаванд. Яъне имкониятҳои хуб пайдо мешавад ва ҳарду тараф аз онҳо хуб истифода мекунанд.”

Равобити Теҳрону Душанбе бахусус дар аҳди Маҳмуди Аҳмадинажод, ки тавонист бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон равобити хеле наздик ва ба таъбири худи - "бародарона"-ро ба роҳ монад, таҳким ёфт. Ба ҳадде ки дар тӯли 8 соли раёсаташ, бино ба ҳисобҳо, Маҳмуди Аҳмадинажод бо раҳбари ҳеҷ як кишвари дигаре ин қадар мулоқоти рӯбарӯ надоштааст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон.

Раҳбари Тоҷикистон низ аз соли 2006 ба ин тараф бештар аз ҳама ва бо майли бештарин ба дидори “дӯсти теҳронӣ”-аш мешитофт. Тоҷикистон дар ивази кӯмакҳои зиёди иқтисодии Теҳрон, аз Ҷумҳурии исломӣ дар истодагариаш дар баҳси барномаҳои ҳастаӣ бо Ғарб ҳимоят мекард ва ҳамеша ба ҳаққи Эрон барои таъқиби барномаи ҳастаӣ ва зарурати ҳалли ин баҳс аз роҳҳои дипломатӣ исрор меварзид.

Аммо акнун масъала ин аст ки равобити Теҳрону Душанбе дар аҳди Рӯҳонӣ ба кадом самту сӯ хоҳанд рафт? Ин, ба бовари бисёриҳо, дар ҳамин сафари раисиҷумҳури Эрон ба Душанбе рӯшан хоҳад шуд.

Коршиносон бо ишора ба масъалаҳое, назири қазияи миллиардҳои гумшудаи Бобаки Занҷонӣ ва қарзи “Барқи Тоҷик” пеши нирӯгоҳи Сангтӯда-2 мегӯянд, бидуни баҳс, ин мавзӯъҳо дар мулоқоти Раҳмону Рӯҳонӣ матраҳ хоҳанд шуд. Аммо ба қавли онҳо, ин ду кишвари форсизабон дар сатҳи байналмилал баҳсе надоранд, ки онҳоро дар мазҳари тамошо қарор диҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi