06:42:11 19-уми Июни 2025 сол

АНҶУМАНИ ҲИЗБИ СОТСИАЛ - ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

Расо ҳафт сол баъд дар рӯзи расман ба қайди мақомоти давлатӣ гирифта шуданаш Ҳизби Сотсиал -Демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) анҷумани навбатии хешро доир кард, ки дар рафти  он  вакилон барномаи пешазинтихоботии ҲСДТ, матни Паёми ҲСДТ ба интихобкунанда ва рӯйхати номзадҳои ҳизбро  ба вакилии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Анҷуманро, ки 20-уми декабри соли 2009 дар толори меҳмонхонаи «Каён» баргузор гардид, бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси ҳизб Шокирҷон Ҳакимов ифтитоҳ намуд.

 

Сипас Раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров дар суханронии худ барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва паёми ҲСДТ ба интихобкунандаро шарҳу эзоҳ дода, қайд намуд, ки ҳуҷҷатҳои мазкур бо дарназардошти таҷрибаи фаъолияти аҳзоби сиёсии кишварҳои мутараққӣ таҳия шудаанд ва шиори ҳизб «адолати иҷтимоӣ, ҳокимияти мардум, авлавияти қонун, эҳтиром ва ҳимояти шахсият» меҳвари асосии муборизаҳои пешазинтихоботиро ташкил хоҳад дод.

 

Дар ҷараёни музокирот вакилони анҷуман Дилбар Самадова, Алим Шерзамонов, Файзиниссо Воҳидова, Мунаввари Мунавварзод  ва дигарон  атрофи суханронии раиси ҳизб вориди баҳсу мунозира шуда, фикру андешаҳои худро пиромуни ҳадафу вазифа ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҳизб дар марҳилаи муборизаҳои интихоботӣ  баён доштанд.

 

Баъдан рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҲСДТ ба муҳокимаи вакилони анҷуман пешниҳод шуд, ки дар он раиси ҳизб дар ҷойи аввал, баъди ӯ муовинонаш ба тартиби ҳарфҳои алифбо  омада ва баъди онҳо дигар номзадҳои ҳизб  сабт гардидаанд.

 

Рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҲСДТ

 

1.       Зойиров Раҳматилло-Раиси ҲСДТ

2.       Абдуназаров Амният, муовини раиси ҲСДТ

3.       Самадова Дилбар, муовини раиси ҲСДТ, раиси ҲСДТ дар вилояти Суғд

4.       Ҳакимов Шокирҷон, муовини раиси ҲСДТ

5.       Воҳидова Файзиниссо, адвокат, раиси Консортсиуми ҳуқуқшиносони ҶТ дар вилояти Суғд

6.       Шерзамонов Алим, муовини раиси ҲСДТ, раиси ҲСДТ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

7.       Ҷӯраев Диловаршо

8.       Каримова Мавзуна

9.       Абдуллоев Муҳаммадҷон

10.    Расулова Дилбар

11.    Абдураҳмонов Ватан Неъматович, узви ҳизб нест, вале чун ҷонибдори ҲСДТ пешниҳод мешавад. Собиқ раиси Ассосиатсияи судяҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон

12.    Ҳакимова Любовь, узви ҲСДТ

13.    Абдуманофов Муҳаммадраҳим, узви ҲСДТ аз ноҳияи Ашт

14.    Шарифова Моҳлиқо, журналист, режиссёри телевизиони «Сафина»

15.    Алидодов Шомад,

16.    Алиев Ҳайдар, раиси ҲСДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

17.    Қосимов Маҳмудҷон, собиқ раиси хадамоти гумруки ҶТ, собиқ муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

18.    Қудратов Шӯҳрат, раиси Созмони ҷавонони ҲСДТ

19.    Мамадшоев Марат, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс»

20.    Муаззамов Мустафо, ҳуқуқшинос, раиси созмони ғайриҳукуматӣ

21.    Насибуллоев Бахтиёр, раиси ҲСДТ дар шаҳри Истаравшан

22.    Нормуродов Файз, олими соҳаи физикаи ҳастаӣ, мудири кафедраи физикаи ҳастаии Донишгоҳи Милии Тоҷикистон

 

Мувофиқи гуфтаҳои раиси ҳизб то ба Комиссияи Марказии Интихобот ва раъйдиҳӣ  пешниҳод шудани ин рӯйхат дар он эҳтимол дорад, ки тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. Дар сурати ворид шудани тағйиротҳо ба феҳристи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҲСДТ сомонаи «Рӯзгор» аз он муштариёни хешро огоҳ хоҳад кард.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1365-anjumani-hizbi-sotsial-demokrati-tojikiston.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ