06:02:09 04-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН РИСОЛАТИ ТАЪРИХӢ ДОРАНД

Аҳдофи форум

- Дар чаҳорчӯби ин форум чӣ заминаҳое метавонад мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад?

 

- Ба назари мо ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин форум метавонад бахшҳои аслии зерро фаро гирад:

 

- гуфтугӯи миёни фарҳангҳо;

- умумияти фарҳангӣ ва динӣ дар раванди сохти давлатдорӣ;

- иқтисод ва тиҷорат;

- энержии об (гидроэнергетика);

- сармоягузорӣ;

- ҳамлу нақл.

 

Бо таваҷҷуҳ ба консепсияи муқаддамотии форум бояд гуфт, ки пешниҳодоти боло заминае хоҳад буд, то бо истифода аз он битавон ба иҷрои тарҳи асосӣ барои Қирғизистон – муносиботи иттиҳодгароёна бо Тоҷикистон дар арсаҳои барои ҳарду кишвар дорои аҳамияти калидии стратегӣ – иқтисодӣ, тиҷорӣ, гидроэнергетикӣ, сармоягузорӣ ва ҳамлу нақл даст ёфт.

 

Тоҷикистон нақши кишвари транзитӣ барои роҳ ёфтан ба Эрон, сармояҳо, зарфияти иқтисодӣ ва илмии онро бар дӯш хоҳад дошт. Гузашта аз он, эҷод ва густариши муносиботи иттиҳодгароёна дар заминаҳои обу энержӣ, ҳамлу нақл, иртиботот (коммуникатсия) ва мӯҷтамаъи (комплекси) саноати кишоварзӣ, ба фаъол шудани Мувофиқатнома дар бораи Шӯрои ҳамгироии байнидавлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон мусоидат намуда, метавонад ба дастоварди асосии стратегии ду кишвар дар шароити печидаи геополитикии Осиёи Марказӣ табдил гардад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854