01:31:43 06-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН РИСОЛАТИ ТАЪРИХӢ ДОРАНД

 

 Ҳамсояҳо чи хоҳанд гуфт?

- Шумо аз тарафи дигар кишварҳои минтақа дар баробари чунин ибтикор чӣ вокунишеро қобили тасаввур медонед?

 

- Ба эҳтимоли зиёд кишварҳои минтақа ин ибтикорро напазируфта ва мавриди интиқодоти шадид низ қарор хоҳанд дод. Вале чунин ранг гирифтани кор ҳам метавонад дар ростои манофеи Қирғизистон ва Тоҷикистон бошад, то талошҳои худро барои пиёда кардани манофеъашон мутамаркиз намоянд ва ҳамзамон аз байналмиллалӣ (интернатсионалӣ) кардани ин форум сарфи назар накунанд, албатта бо дар назар гирифтани ин нукта, ки чунин кор вақти хеле бештареро хоҳад гирифт. Зимни рушди ҳамкориҳои наздики дуҷониба бо ҷалби Эрон, ҳамзамон анҷоми иқдомоти расонаӣ барои таблиғу тарвиҷи ҳарчи бештари ин андеша метавонад фурсати лозимро  барои роҳандозии фаъолияти муассири ин форум фароҳам созад.

 

Дар айни ҳол бояд аз заминае ёдоварӣ кунам, ки барои ҳамкорӣ аҳамияти зиёд дошта ва онро метавон шартан «Умумияти фарҳангӣ ва мазҳабӣ дар раванди давлатсозии Қирғизистон ва Тоҷикистон» ном ниҳод.

 

Рушди ду кишвари аз назари зарфият баробари Осиёи МарказӣҚирғизистон ва Тоҷикистон баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ нишон медиҳад, ки дар шароити аз байн рафтани нақши раҳбарии мустаъмарадори (метраполияи) собиқ – Русия, раванди ташкили давлатдории навин гирифтори бунбаст шудааст.

 

Модел ё худ навъи ташкил ва рушди давлатдорӣ, ки аз кишварҳои ғарбӣ гирифта шудааст, нопойдории худро дар шароити ҷомеаҳои суннатии Осиёи Марказӣ нишон дод. Ҷорӣ кардани  фаъолонаи шакли давлатдории демократии ғарбӣ, ки вижагиҳои фарҳангӣ, миллӣ ва мазҳабии мардумонро дар назар нагирифта, баръакс, ҳадафи тахриби ҷомеаҳои суннатӣ ва ниҳодина кардани идеалҳо ва арзишҳои тамаддуни бегонаро дунбол менамояд, ба таври ногузир инзиҷори бештари аҳолиро ба бор меоварад.

 

Бар изофаи ин, аксари идеяҳои ғарбӣ барои бештари мардумони минтақа номаҳфум ва бегона боқӣ мемонанд. Дар шароити ислоҳоти номуваффақи демократӣ ва вазъи сангини иқтисодӣ моделҳои ғарбии сохти давлат ва ҷомеа дигар ҳомие нахоҳанд дошт. Бинобар ин, мусаллам аст, ки кишварҳо ба моделҳои нави алтернативии рушди давлат ва ҷомеа ниёз доранд, то на танҳо вижагӣ ва хусусиёти фарҳангӣ ва миллӣ, балки тааллуқи динӣ ва тамаддунии онҳоро низ дар назар гиранд.

 

Таври маълум, бештари аҳолии Қирғизистон ва Тоҷикистон пайрави аҳли суннат буда, даромехтагии аносири фарҳангии форсӣ ва туркӣ дар ҳарду мардум низ ба назар мерасад. Мо бар ин боварем, ки фарҳанги ҷудогонаи исломии тоҷикӣ ё қирғизӣ вуҷуд надошта, балки бахшҳои тоҷикӣ ва қирғизии фарҳанги исломӣ мавҷуд мебошад, ки дар радифи дигар миллатҳо бо танаввуъи худ симои куллии тамаддуни исломиро эҷод кардааст.

 

Бидуни шак, ислом на танҳо дар зиндагии иҷтимоии ҷомеа нақши калидиро иҷро мекунад, балки бо роҳи пешбинии истифода аз ҳуқуқ ва меъёрҳои усулии худ ба раванди сохти давлатдории миллӣ низ таъсир мегузорад.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854