ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН РИСОЛАТИ ТАЪРИХӢ ДОРАНД
Нақши фарҳангии Эрон муассир аст
- Дар ин замина нақши Эрон ба унвони яке аз ду маркази таърихии нуфуз рӯи минтақа чи гуна арзёбӣ мешавад?
- Эрон суннат ва таҷрубаи чандқарнии давлатдорӣ ва аз ҷумла дар шароити имрӯзӣ модели муваффақи ҳукумати исломиро дар ихтиёр дорад. Қирғизистон дар сатҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ба фарогирии тӯлонӣ ва дарозмуддати асосҳои бунёдини давлатдорӣ, ки бо суннатҳои мазҳабӣ ва фарҳангии мардумони кишвар муғоират надошта бошад, ниёзманд аст.
Рушди ҷомеаи қирғиз дар даврони пасокоммунистӣ набояд бидуни чунин як унсури муҳим, яъне мутолиаи бунёдӣ ва илмии роҳҳои алтернативии тараққии миллат ва давлат дар қиболи шакли демократияи ғарбӣ, сурат бигирад.
Бинобар ин, мусаллам аст, ки Қирғизистон дар мавриди шеваҳои (методҳои) созмондиҳии ҷомеа ва давлат бо дар назар гирифтани унсури ислом ба мутолиот ва донишҳои бунёдӣ дар ин замина ниёз хоҳад дошт. Ва дар ин раванди баландмуддат Эрон ба унвони кишвари дорои иртиботи наздик бо мардумони Осиёи Марказӣ метавонад нақши бузургро бар дӯш бигирад.
Таърих дорои чархиши давраии хоси худ мебошад. Ва шояд маҳз дар қарни 21 Эрон шанси табдил шудани дубора ба маркази ҷозибаи илмӣ ва фарҳангӣ ва дар дурнамо ҷиҳати (ориентири) асосии касби таҷрубаи пешқадам дар заминаи сохти давлати миллӣ барои кишварҳои минтақаро дошта бошад.
- Ташаккур ва тавре Шумо дар ибтидо ишора кардед, умедворем, ки масоили матраҳшуда дар ин мусоҳиба мавриди таваҷҷуҳи масъулини марбута ва марокизи мутолиотии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.
(Эсен Усубалиев аз ҷумлаи коршиносони ҷавони қирғиз аст, ки номзади илмҳои таърих буда, дар заминаи масоили муносибати давлат бо дин дар шароити истиқлоли миллии Қирғизистон мақолаҳои амиқи таҳлилӣ ба чоп расонидааст. Ба мавқеи вай дар Қирғизистон ниҳодҳои расмӣ ва мутолиотии ин кишвар эҳтиром ва таваҷҷӯҳ доранд. Вай дар масоили сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳатто иқтисодӣ низ соҳибназар мебошад. Ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад ва аз коршиносонест, ки ҳамеша давоири сиёсии Қирғизистонро ба ҳамкории наздиктар бо Тоҷикистон ташвиқ мекунад.)
Қосими Бекмуҳаммад, махсус барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1622-2010-01-26-20-13-03.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ