11:29:05 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/16_--01-a-aaaaarahmon_22.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/16_--01-a-aaaaarahmon_22.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/16_--01-a-aaaaarahmon_22.jpg'

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: "ИНТИХОБОТ ШАФФОФ БУД"

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоботи порлумонии рӯзи 28-уми февралро шаффоф ва демократӣ хонд ва гуфт, он дар фазои ором ва осуда доир гардид. Эмомалӣ Раҳмон ин ҳарфҳоро имрӯз дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагони кишвар, даъвати чорум, ба забон овард. Президент гуфт, дар муқоиса бо солҳои қабл Тоҷикистон дар самти баргузории интихоботҳо як қадам ба сӯи пеш гузошт ва дар интихоботҳои баъдӣ дар роҳи расидан ба арзишҳои демократӣ боз ҳам ба дастовардҳои бештар ноил хоҳад шуд.

 

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, бояд фаромӯш накард, ки ҳамаи он бадбахтиҳое, ки дар Тоҷикистон сурат гирифта буд, аз интихоботҳо сар зада буд. Аз ин рӯ, ӯ даъват кард, вазъи он замон бо имрӯз муқоиса карда шавад. Ӯ гуфт, замоне аҳзоб имкони фаъолият надоштанд, вале имрӯз дар пешорӯи ин интихобот онҳо озодона ба таблиғи барномаҳои худ машғул буданд.

 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, ҳукумат омодаи ҳамкориҳо бо аҳзоби сиёсӣ мебошад ва барномаҳои ин ҳизбҳо омӯхта шуда, пешниҳодҳои беҳтаринаш барои рушди сатҳи зиндагии мардум ва иқтисоди кишвар амалӣ хоҳанд шуд. Ӯ гуфт, аз мушкилоти ҷомеа, махсусан фасод огоҳ ҳаст, вале бояд дар рафъи ин мушкилот ҳама аз як гиребон сар бароваранд. Ӯ гуфт, аз ҳизбҳо душман набояд тарошид, балки ба хотири ваҳдати миллӣ бо онҳо бояд ҳамкорӣ намуд.

 

Раисҷумҳур Раҳмон ҳамчунин аз хидматҳои Сайдулло Хайруллоев, ки даҳ соли ахир дар ду даъвати Маҷлиси намояндагон раиси палатаи поёнии порлумон буд, қадрдонӣ намуд. Президент Раҳмон, ки ҳаққи пешбарии 8 нафарро ба Маҷлиси миллӣ дорад, гуфт, Сайдулло Хайруллоевро ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мекунад. Маҷлиси миллӣ аз 33 узв иборат аст, ки 8 нафарашро раисҷумҳур таъин мекунад ва 25 нафари дигар аз манотиқи гуногуни кишвар интихоб мешаванд.

 

Ва аммо дар панҷ соли баъдӣ дар курсии Сайдулло Хайруллоев дар Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров хоҳад нишаст. Муовинҳои ҷаноби Зукуров дар Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев (муовини аввал), Назира Ғаффорова ва Миргант Шаҳбозов мебошанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1941--q-q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854