ТАНҲОИИ УСТОД ВА ҲИҶОЛАТЗАДАГИИ МО
Як моҳ зиёд буд, ки тасмим доштам, ба зиёрати Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода равам. Пинҳон намедорам, ки мехостам дар мушкилоти маънавие аз Ӯ ба қавле «фатво» бигирам. Ва субҳи рӯзи якшанбе бо як хонуми дӯстам ба зиёрати марҳум рафтем. Гумон кардам, ки шояд бароямон иҷоза надиҳад, чун саломатиаш нигаронкунанда буд. Вале баръакси гумони мо писари Устод бо чеҳраи кушода гуфт, ки Устод иҷоза доданд.
Дар назди Устод ба ғайр аз ҳамсар ва писари хурдиаш касе набуд. Нахуст аз Устод пурсидам, ки чаро танҳо, бе шогирдон? Суоли ман аз чеҳраи Ӯ бо нуре, ки рангашро тасвир карда намешавад маншаъ гирифт. Маълум буд, ки Устод рахти сафар дорад..... Устод дар рахти хоб ҳамоно орому бо чашмони бехоб гуё дар мазҳари андеша ва муколама бо худ буд.
Марҳум баъди қурт кардани оби даҳон ва оҳи сард кашидан, ки аз ҳолаташ инро пайхас кардан осон буд, ба зӯр гуфт: «ҳафтае шуд, эҳсоси танҳоӣ дорам ва рӯзҳои охир......» . Зарфияти хотироти Устод дар он лаҳзаҳо ҳам то ҳадде мустаҳкам буд, ки дигар моро илоҷ ба муаррифӣ набуд. Моро шинохт. Банда се сол қабл бо Устод дар ҳамон хона, ҳуҷра, бистари беморӣ, мусоҳибае анҷом дода будам. Тафовут фақат ин буд, ки мусоҳибаи мо шом баргузор гардида буд ва зиёрат дар субҳи содиқ сурат гирифт.
Устод дар сухан гуфтан мушкилӣ мекашид. Ҳарчанд, ки аз чеҳраи Устод маълум буд, ки дар умқи чашми ӯ кадом роҳи дигар аст, вале бо вуҷуд моро шинохт ва барои қалами мо ҳам изҳори минатдорӣ кард. Зоянда будани афкори Устод то лаҳзаҳои охирини ҳаёт дар он рӯз аз нигоҳҳои дар худ сад рози ниҳондошта, маълум шуд. Ҳарчанд, ки мо хостем, ки вазъи Устод хуб нест, иҷозаи рафтан гирифтем. Вале ба ин розӣ нашуд ва гуфт, ки «не, лаҳзае нишинед...»
Футувватии дигари Устод он буд, ки мушкилоти мо дар он лаҳзаҳои башумор аз хотираи ӯ зудуда нашуда буд. Баъди салому алейк нахуст аз мушкилот ва қазияи мо пурсон шуд, ки дар кадом сатҳ қарор дорад ва чаро барвақттар ба назди Устод нарафтем. «Акнун дар ҳоле омадӣ, ки дигар мадори гап задан надорам, вале роҳашро бароят мегӯям. Вале хуб кардӣ, ки омадӣ, интизор б..у..д...а.....м....»
Мо низ дар ботини хиҷолат мекашидем, ки бо чунин аҳвол Устодро маҷбур карда истодаем, ки бо мо ҳарф занад. Ба ростӣ суханҳои аввали Устодро бо осонӣ фаҳмидан душвор буд. Вале зеҳни мо низ бо лаҳни дардманд ва бемадори Устод ба ҳамворӣ унс гирифт ва ҳарфҳои Устодро мефаҳмидагӣ шудем. Ба Устод гуфтам, шояд, ки интихоботҳои тақаллубӣ хастааш кардааст. Вале инро рад кард, ва гуфт, чизи дигар хастааш кардааст... барояш баёни ҳар як калима сахт душвор буд.
Дар охир мадори ҳарф задан накард. Ҳарфҳояш паст шунида мешуд. Ман ҳам кӯшиш кардам, ки наздик нишинам ва ҳафҳои охирини ӯро шунавам.
Мӯҳтавои сӯҳбатро барои баъд ҳифз хоҳам кард. Бо омадани табиб ба ҳуҷра сӯҳбати мо хотима ёфт. Ҳарчанд Устод бо даст ишора кард, ки нишинем, вале хиҷолат ва эҳсоси нороҳат накардани Устод моро ҳидоят кард, ки ӯро тарк кунем.
Рафтани инсонҳое амсоли Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо худ бурдани даҳҳо саҳифаи таърихи ин миллат дар паҳнои низоми Шӯравӣ, солҳои истиқлолхоҳӣ ва 18 соли истиқлолият доштани кишвар аст. Саҳифаҳое, ки дар он риштаҳои сахту наҳифи ин миллат барои худшиносии хеш, дину оини хеш, миллати сазовор будан ва ифтихор аз Имом Абуҳанифаву Имом Бухорӣ доштан, навишта шудаанд ва хондани он сатрҳо шояд кори саҳлу содда нест. Мешавад, ки зиёрати онрӯзаро бо даҳҳо тасаввур тасвир кард, вале дар ҳоли ҳозир, бо қалам тасвир кардан ва сухан ҳам беш гуфтан сахт душвор аст. Хонаи охиратат обод буд, Устоди зиндаёд.
Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1955-2010-03-18-18-38-55.html